ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» аз 31 декабри соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №12, мод. 822; с. 2017, №1-2, мод. 15; с. 2024, №1-2, мод. 25) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
Ба моддаи 1 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ - силоҳ, техникаи ҳарбӣ, лавозимоти ҷангӣ, инчунин кору хизматрасонӣ, молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (ҳуқуқ ба онҳо) ва иттилоот дар соҳаи ҳарбӣ-техникӣ, ки барои мақсадҳои ҳарбӣ тарҳрезӣ, омода, мутобиқ ва (ё) такмил дода шудаанд;».
Моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 8. Ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа ва додани хулоса барои маводи таъиноти дуҳадафа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2265
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №177
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 18 марти соли 2026, №387
