https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№:75-76 (5127-5128), 22 июн 2026, 19:17
14

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609: с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142; №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №1-2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №7-9, мод. 602, мод. 608; с. 2021, №1-2, мод. 5, № 4, мод. 197, №12, қ. 2, мод. 684, мод. 685; с. 2022, №1-3, мод. 4, №7, мод. 442, №12, қ. 2, мод. 766, мод. 767; с. 2024, №1-2, мод. 2), тағийру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархатҳои чорум, бистум ва бисту якуми моддаи 6, моддаи 44, ном ва қисмҳои 1, 3 ва 4 моддаи 45, сархати чоруми қисми 6 моддаи 53, моддаи 54, моддаи 55, қисми 1 моддаи 59, қисми 1 моддаи 61, қисми 3 моддаи 65, қисми 2 моддаи 68, қисми 1 моддаи 69, моддаи 71, сархати панҷуми қисми 3 моддаи 78, қисми 1 моддаи 80, қисми 4 моддаи 86, қисми 2 моддаи 89, қисми 2 моддаи 116, номи боби 15, моддаи 126, моддаи 127, моддаи 128, моддаи 129, моддаи 130, матни моддаи 131, ном ва қисмҳои 1, 4 ва 6 моддаи 132, моддаи 133, моддаи 134, моддаи 135, матни моддаи 169, матни моддаи 174, қисми 1 моддаи 175, қисми 2 моддаи 177, қисми 1 моддаи 231, қисми 3 моддаи 233, қисми 1 моддаи 236, қисми 1 моддаи 237, қисми 2 моддаи 238, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 239, ном ва қисми 1 моддаи 240, қисми 1 моддаи 242, қисми 1 моддаи 243, қисми 2 моддаи 245, сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 247, қисми 3 моддаи 250, қисми 2 моддаи 254, номи моддаи 267, қисми 1 моддаи 268, моддаи 277, қисми 8 моддаи 279, моддаи 283, сархати дуюми қисми 3 моддаи 293, моддаи 297, қисми 1 моддаи 301, моддаи 303, қисми 2 моддаи 307, қисми 3 моддаи 314, қисми 1 моддаи 328, сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 335, сархати чоруми моддаи 345, сархати якуми моддаи 347, моддаи 350, қисми 4 моддаи 357, қисми 1 моддаи 361, қисми 3 моддаи 369, ном ва қисми 3 моддаи 389, қисмҳои 2 ва 8 моддаи 401, қисми 1 моддаи 403, қисмҳои 5 ва 6 моддаи 410, қисми 4 моддаи 433, қисми 1 моддаи 455, қисми 1 моддаи 466, қисми 1 моддаи 467, қисми 2 моддаи 485, қисми 4 моддаи 488, қисми 2 моддаи 517, банди 3) қисми 2 моддаи 522 ва қисми 5 моддаи 524 калимаҳои «гражданӣ», «граждании», «гражданиро», «ГРАЖДАНӢ» ва «граждание» мувофиқан ба калимаҳои «маданӣ», «мадании», «маданиро», «МАДАНӢ» ва «мадание» иваз карда шаванд.

2. Ба қисми 1 моддаи 62 пас аз калимаҳои «дароз кардааст,» калимаҳои «шикоят аз қарори прокурорро доир ба ҳамин парванда баррасӣ кардааст,» илова карда шаванд.

3. Дар қисми 2 моддаи 64 калимаҳои «судяҳои дигар» ба калимаҳои «ҳайати боқимондаи суд» иваз карда шаванд.

4. Дар қисми 2 моддаи 90 калимаи «муаллимон» ба калимаи «омӯзгорон» иваз карда шавад.

5. Ба қисми 1 моддаи 295 пас аз калимаи «раисикунанда» калимаҳои «дар давоми панҷ шабонарӯз аз рӯзи ворид шудан» илова карда шаванд.

6. Дар моддаи 331:

- ба қисми 1 пас аз калимаи «ҳукм» калимаҳои «ё таъинот» илова карда шаванд;

- дар қисми 2 калимаи «ҳукмро» ба калимаҳои «ҳукм ё таъинотро» иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2260

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №172

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 18 марти соли 2026, №381