ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 380; с. 2015, №7-9, мод. 698; с. 2016, №7, мод. 603; с. 2018, №2, мод. 62; с. 2021, №1-2, мод. 1, №4, мод. 191, №12, қ. 1, мод. 680; с. 2024, №11, мод. 515; с. 2025, №11-12, мод. 873) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонуни конститутсионӣ калимаҳои «ӯҳдадор», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳо», «мӯҳлатнокро», «Мӯҳлати», «мӯҳлати», «мӯҳлат», «Мӯҳлатҳои», «Шӯрои», «шӯъбаҳо», «шӯъбаҳои» ва «шӯъба» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадор», «уҳдадориҳои», «уҳдадориҳо», «муҳлатнокро», «Муҳлати», «муҳлати», «муҳлат», «Муҳлатҳои», «Шурои», «шуъбаҳо», «шуъбаҳои» ва «шуъба» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 4 моддаи 12 ва қисми 5 моддаи 68 калимаҳои «ӯҳдадории умумии» ба калимаи «уҳдадории» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 1 моддаи 19 калимаи «итиҳодияи» ба калимаи «иттиҳодияи» иваз карда шавад.
4. Дар сархати сеюми моддаи 22 калимаҳои «қабулнамудаи ӯ» ба калимаҳои «қабулкардаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 3 моддаи 28 калимаҳои «муовинони вай» ба калимаҳои «муовинони ӯ» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 3 моддаи 29 калимаҳои «қабул карда» ба калимаҳои «қабул гардида» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 1 моддаи 37:
- дар сархати бисту дуюм калимаи «ташкилотҳои» ба калимаи «иттиҳодияҳои» иваз карда шавад;
- дар сархати бисту чорум калимаи «оиди» ба калимаҳои «дар хусуси» иваз карда шавад;
- ба сархати бисту ҳафтум пеш аз калимаҳои «судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,» илова карда шаванд;
- сархати сиву ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро шахсан қабул мекунад ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;».
8. Дар қисми 1 моддаи 53:
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои «судяҳои судҳои» ба калимаи «судяҳои» иваз карда шаванд;
- дар сархати шонздаҳум калимаҳои «ташкилотҳои» ва «қонунвайронкуниҳо» мувофиқан ба калимаҳои «иттиҳодияҳои» ва «қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаждаҳум калимаи «оид» ба калимаҳои «дар хусуси» иваз карда шавад;
- сархати сиюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро шахсан қабул мекунад ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;».
9. Сархати даҳуми қисми 1 моддаи 63 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро шахсан қабул мекунад ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;».
10. Сархати дувоздаҳуми қисми 1 моддаи 77 ва сархати шашуми қисми 1 моддаи 83 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро шахсан қабул мекунад ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;».
11. Ба қисми 1 моддаи 88 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро шахсан қабул мекунад ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;».
12. Дар қисмҳои 2 ва 7 моддаи 118 калимаҳои «муовини вай» ба калимаҳои «муовини ӯ» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 134:
- ба номи модда пас аз калимаи «судҳо» калимаҳои «ва либоси махсуси судяҳо» илова карда шаванд;
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Дар болои бинои судҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар толорҳои маҷлиси судӣ, ҳуҷраҳои кории судяҳо Парчам ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2258
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №170
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 14 апрели соли 2026, №409
