https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ»

№:77 (5129), 23 июн 2026, 16:47
5

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» аз 1 августи соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №8, мод. 827; с. 2021, №12, қ. 2. мод. 701; с. 2022, №6, мод. 350) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «Ӯҳдадориҳои», «Ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадор», «фавқулодда», «мӯҳлати», «мӯҳлати», «кӯтоҳмӯҳлат», «дарозмӯҳлати», «мӯҳлат», «Мӯҳлати», «мӯҳлате», «Шӯрои» ва «гражданию» мувофиқан ба калимаҳои «Уҳдадориҳои», «Уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «уҳдадор», «фавқулода», «муҳлати», «муҳлати», «кутоҳмуҳлат», «дарозмуҳлати», «муҳлат», «Муҳлати», «муҳлате», «Шурои» ва «маданию» иваз карда шаванд.

2. Дар сархати чоруми моддаи 12 калимаи «хоҷагидорӣ» ба калимаҳои «хоҷагидории онҳо» иваз карда шавад.

3. Дар сархати якуми моддаи 16 калимаи «таҳияи» ба калимаи «пешбурди» иваз карда шавад.

4. Дар қисми 3 моддаи 28 калимаи «агрохимиявӣ» ба калимаи «агрокимиёвӣ» иваз карда шавад.

5. Ба қисми 9 моддаи 36 пас аз калимаи «онҳо» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

6. Ба номи моддаи 39 пас аз калимаи «накардани» калимаи «талаботи» илова карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2284

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрок­ворӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №195

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрок­ворӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 14 апрели соли 2026, №420