https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ»

№:77 (5129), 23 июн 2026, 16:53
3

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз 12 январи соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, с. 2010, №1, мод. 19; с. 2011, №3, мод. 175; с. 2012, №8, мод. 831, №12, қ. 1, мод. 1003; с. 2015, № 3, мод. 222; с. 2020, №7-9, мод. 611; с. 2021, №12, қ. 2, мод.714; с. 2025, №1, мод. 10) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 2 моддаи 3 калимаҳои «дахл дорад» ба калимаҳои «паҳн мегардад» иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 5 калимаи «таҳиясозӣ» ба калимаи «таҳия» иваз карда шавад.

3. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти нафақа

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти нафақа мансубанд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа;

- тасдиқи дурнамо, консепсияҳо, стратегия ва барномаҳои соҳаи таъминоти нафақа;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».

4. Дар моддаи 16:

- дар қисми 1 калимаҳои «бе ному нишон гумшуда» ва «бе ному нишон гум» мувофиқан ба калимаҳои «бедарак ғоибшуда» ва «бедарак ғоиб» иваз карда шаванд;

- дар сархати якуми қисми 2 калимаи «шӯъбаи» ба калимаи «шуъбаи» иваз карда шавад.

5. Дар сархати дуюми қисми 3 моддаи 17 калимаи «гузаштани» хориҷ ва калимаи «шӯъбаи» ба калимаи «шуъбаи» иваз карда шаванд.

6. Дар қисми 5 моддаи 18 калимаи «муқаррароти» ба калимаи «тартиби» иваз карда шавад.

7. Дар моддаи 49:

- дар ном, қисмҳои 1, 2 ва 4 калимаҳои «Боздошти», «боздошта» ва «боздошти» мувофиқан ба калимаҳои «Нигоҳ доштан аз», «нигоҳ дошта» ва «нигоҳ доштан аз» иваз карда шаванд;

- дар қисми 3 калимаҳои «бозгардонидани» ва «боздошт шуда метавонад» мувофиқан ба калимаҳои «баргардонидани» ва «метавонад нигоҳ дошта шавад» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2281

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани ­тағ­йирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №193

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 14 апрели соли 2026, №414