ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНИ МАЪЮБИЯТДОШТА
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии ҳамаи шахсони маъюбиятдоштаро муайян намуда, барои фароҳам овардани имконияти баробари ҷалби шахсони маъюбиятдошта ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳамгироии иҷтимоии онҳо равона карда шудааст.
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) абилитатсия – маҷмуи чорабиниҳои тиббию педагогӣ ва иҷтимоию равондармонӣ бо мақсади пешгирӣ ва табобати ҳолатҳои патологии (ихтилолҳои) кӯдакони хурдсол, ки ҳанӯз ба муҳити иҷтимоӣ мутобиқ нашудаанд ва ҳолатҳои мазкур боиси маҳдуд гаштани имконияти онҳо барои таҳсил намудан, меҳнат кардан ва узви фаъоли ҷамъият будан мегарданд;
2) барномаи инфиродии абилитатсия ва тавонбахшии шахсони маъюбиятдошта – ҳуҷҷате, ки маҷмуи чорабиниҳо оид ба тавонбахшии тиббӣ, иҷтимоӣ ва касбии шахсони маъюбиятдоштаро дар бар гирифта, ба барқарорсозии қобилияти шахсони маъюбиятдошта, аз ҷумла кӯдакон барои амалӣ намудани намудҳои муайяни фаъолият равона шудааст;
3) воситаҳои техникии тавонбахшӣ – дастгоҳҳо, таҷҳизот, таъминоти барномавӣ, технологияҳои махсус, воситаҳои дигари ёридиҳанда, ки барои пурра ё қисман бартараф сохтан ва иваз намудан (ҷуброн кардан)-и маҳдудиятҳои фаъолияти ҳаётӣ пешбинӣ шудаанд;
4) дастрасӣ – хусусияти маҳсулот, дастгоҳҳо, таҷҳизот, хизматрасонӣ ва муҳити атроф, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт ва муҳити иттилоотию коммуникатсионӣ, ки дастрасии бемамониатро барои шахсони маъюбиятдошта таъмин карда, ба онҳо имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои худро амалӣ намоянд ва баробар бо шахсони дигар дар ҷомеа ҷалб шаванд;
5) забони имову ишора – забони мустақил, ки аз ишораҳо иборат буда, ҳар яки он тавассути дастҳо якҷо бо имо ё ҳаракати даҳон, чашмон ва лабҳо, инчунин дар ҳамбастагӣ бо ҳолати бадан анҷом дода мешавад;
6) иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон – иттиҳодияҳои ихтиёрии шаҳрвандон, ки аксарияти аъзои онро шахсони маъюбиятдошта (намояндагони қонунии онҳо) ташкил медиҳанд ва мақсади оинномавии онҳо амалӣ намудани чораҳо оид ба таъмини имкониятҳои баробари ҷалби шахсони маъюбиятдошта дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ баробар бо шахсони дигар мебошад;
7) маъюбият – дараҷаи маҳдудияти фаъолияти ҳаётии инсон дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм;
8) маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ – аз ҷониби шахс пурра ё қисман аз даст додани қобилият ё имконияти худхизматрасонӣ, мустақилона ҳаракат кардан, самтёбӣ, муошират, назорат кардани рафтори худ, таҳсил кардан ва ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан, инчунин пешбурди фаъолияти синнусолӣ;
9) табъиз аз рӯйи аломатҳои маъюбият – ҳама гуна тафриқа, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ, ки дар асосҳои воқеӣ ва (ё) эҳтимолӣ нисбат ба шахсони маъюбиятдошта ба вуҷуд омада, ба аломатҳои маъюбият ва вазъи саломатӣ асос меёбад;
10) тавонбахшӣ – маҷмуи чораҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва касбие, ки барои пурра ё қисман барқарор сохтани қобилияти шахсони маъюбиятдошта барои фаъолияти маишӣ, ҷамъиятӣ ва касбӣ, ба даст овардани мустақилияти моддӣ ва ҳамгироии иҷтимоии онҳо ба ҷомеа равона шудаанд;
11) шахси маъюбиятдошта – шахсе, ки дорои ихтилоли устувори ҷисмонӣ, рӯҳӣ, зеҳнӣ ё ҳиссиётӣ буда, ҳангоми рӯбарӯ шудан (бархӯрд) бо монеаҳои гуногун ин нуқсонҳо метавонанд ҷалби пурра ва самараноки ӯро дар ҷомеа дар баробари шахсони дигар халалдор намоянд. Мафҳумҳои «шахси маъюбиятдошта» ва «маъюб» ҳаммаъноянд;
12) экспертизаи тиббию иҷтимоӣ – бо тартиби муқарраргардида бо назардошти арзёбии умумии ҳолати организм муқаррар намудани маъюбӣ, сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии он, дараҷаи гум кардани қобилияти корӣ ва муайян намудани эҳтиёҷоти шахси ташхисшаванда ба тавонбахшӣ;
13) ҳамгироии иҷтимоии маъюбон – раванди шомил кардани маъюбон ба ҷомеа, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштироки онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт;
14) ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта – маҷмуи чораҳои аз тарафи давлат кафолатдодашудаи ҳуқуқӣ ва чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта, ки барои муҳайё сохтани имкониятҳои баробари иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ равона карда шудаанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмин намудани ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта, маъюбияти онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, паҳн мегардад.
Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) қонуният;
2) инсондӯстӣ;
3) риояи ҳуқуқҳои инсон;
4) манъи табъиз аз рӯйи аломатҳои маъюбӣ;
5) ҷалби пурра, самаранок ва ҳамгироӣ ба ҷомеа;
6) баробарии имкониятҳо;
7) дастрасӣ;
8) эҳтироми қобилиятҳои инкишофёбандаи кӯдакони маъюб ва эҳтироми ҳуқуқҳои онҳо барои ҳифз намудани шахсияти худ.
Моддаи 5. Воситаҳои муошират
1. Муошират истифодаи нутқи забонӣ, забони имову ишора, матнҳо, алифбои Брайл, муоширати тактилӣ, ҳарфҳои калон, воситаҳои мултимедиявии дастрас, ба монанди маводи чопӣ, воситаҳои савтӣ (овозӣ), забони маъмулӣ, қироаткунандаҳои матн, инчунин тарзу усулҳо ва шаклҳои тақвиятдиҳанда ва алтернативии муошират, аз ҷумла технологияи иттилоотию коммуникатсионии дастрасро дар бар мегирад.
2. Барои шахсони дорои ихтилоли шунавоӣ ба сифати воситаҳои муошират воситаҳои махсуси техникӣ барои дарки шунавоӣ (шинондани узви маснуии шунавоӣ, дастгоҳҳои баландкунандаи овоз) ва (ё) воситаҳои дидашавандаи (визуалии) иттилоот дар раванди муошират (субтитр, нутқи хаттӣ, тарҷума ба забони имову ишора) истифода мешаванд.
3. Барои шахсони дорои ихтилоли биноӣ воситаҳои муошират истифодабарии алифбои Брайл, муоширати тактилӣ, ҳарфҳои калонҳаҷм, сабти овозӣ ва воситаҳои дигари таъминкунандаи дастрасии иттилоотро дар бар мегиранд.
Моддаи 6. Забони имову ишора
1. Давлат забони имову ишораро ҳамчун воситаи муоширати байнишахсии ношунавоён эътироф мекунад. Забони имову ишораи тоҷикӣ забони имову ишорае аст, ки бо назардошти мансубияти миллӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфтааст.
2. Вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забони имову ишораро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Моддаи 7. Корҳои маърифатию тарбиявӣ
Мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон ҷиҳати амалисозии корҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ чунин тадбирҳо меандешанд:
1) баланд бардоштани маърифатнокии аъзои ҷомеа, аз ҷумла дар сатҳи оила оид ба масъалаҳои маъюбият ва мустаҳкам намудани эҳтироми ҳуқуқҳо ва шаъну шарафи шахсони маъюбиятдошта;
2) мубориза бо қолабҳои шахшуда, таассуб ва маросимҳои зараровар нисбати маъюбон, аз ҷумла бар асоси мансубияти ҷинсӣ ва синнусолӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт;
3) тарғиби иқтидор ва саҳми фаъоли маъюбон дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа;
4) ташкил ва гузарондани маъракаҳои ҷамъиятию маърифатӣ бо мақсади тарбияи дарки ҳуқуқҳои маъюбон, ташвиқи тасаввуроти мусбат дар бораи шахсони маъюбиятдошта ва мусоидат дар эътироф кардани малакаҳо ва қобилиятҳои онҳо;
5) дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва ҳамаи муассисаҳои таълимӣ тарбия намудани муносибати боэҳтиромонаи таълимгирандагон ба шахсони маъюбиятдошта.
Моддаи 8. Пешгирии маъюбият
1. Пешгирии маъюбият ё маъюбшавии аҳолӣ ин маҷмуи чораҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, беҳдоштӣ (гигиенӣ), педагогӣ, касбӣ ва чораҳои дигаре мебошад, ки ба паст кардани суръат ва дараҷаи вазнинии маъюбият нигаронида шуда, чорабиниҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
1) ташаккули тарзи ҳаёти солим;
2) пешгирии бемориҳое, ки боиси маъюбшавии аҳолӣ мегарданд;
3) беҳтар намудани шароити меҳнат ва ҳифзи меҳнат бо мақсади пешгирии маъюбшавӣ дар истеҳсолот, пешгирии бемориҳои касбӣ;
4) пешгирии осеббардории роҳу нақлиётӣ ва маишӣ;
5) андешидани чораҳои дигари муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар доираи салоҳияти худ бо мақсади омӯзиши сабабҳо, омилҳо ва шароите, ки боиси маъюбият мегарданд, чораҳо андешида, таҳлили сабабҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва сабабҳои дигари бемориҳоеро, ки боиси маъюбият мегарданд, анҷом медиҳанд.
Моддаи 9. Дастрасӣ
Бо мақсади барои шахсони дорои маъюбият фароҳам овардани имкониятҳо ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим ва иштирок дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёт тадбирҳои мувофиқ таҳия ва қабул карда мешаванд, ки ба баробар бо дигарон таъмин намудани дастрасии бемамониати шахсони маъюбиятдоштаро ба маҳсулот, дастгоҳҳо, таҷҳизот, хизматрасонӣ ва муҳити атроф, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт ва муҳити иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин ба дигар объектҳо ва хизматрасоние, ки барои аҳолӣ ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар деҳот пешниҳод мегарданд, равона шудаанд.
БОБИ 2.
ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ ҲУҚУҚҲО ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНИ МАЪЮБИЯТДОШТА
Моддаи 10. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта мансубанд:
1) пешбурди сиёсати ягонаи давлатии таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта;
2) тасдиқи тартиби ҷорӣ намудани квотаи бо кор таъмин кардани шахсони маъюбиятдошта;
3) тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта;
4) таъсиси шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои шахсони маъюбиятдошта;
5) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта дохил мешаванд:
1) амалисозии сиёсати давлатии иҷтимоӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта, аз ҷумла дар соҳаи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ;
2) ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилию методии мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта;
3) гузарондани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, муқаррар намудани маъюбияти шаҳрвандон ё қатъ намудани маъюбият, муайян кардани сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии маъюбӣ ва дараҷаи аз даст додани қобилияти корӣ;
4) қабули барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон ва таъмини иҷрои онҳо;
5) гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию лоиҳавӣ ва таҳқиқоти сотсиологӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта;
6) омӯзиш ва гузарондани мониторинги сабабҳо, шароит ва ҳолати маъюбӣ;
7) ташкили такмили ихтисоси кормандоне, ки дар самти ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта фаъолият менамоянд, аз ҷумла кормандони экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
8) ташкили махзани марказонидашудаи иттилоотии маълумот оид ба шахсони маъюбиятдошта;
9) амалӣ намудани ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти дигари марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта
Мақомоти дигари марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта:
1) амалисозии сиёсати ягонаи давлатиро таъмин менамоянд;
2) корҳои илмию таҳқиқотиро ташкил намуда, барои гузарондани онҳо мусоидат менамоянд;
3) ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатии соҳавӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои маъюбон ва ҳамгироии иҷтимоии онҳоро ба инобат мегиранд;
4) мониторинг ва арзёбии иҷрои талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба самтҳои мансуб ба салоҳияти онҳо таъмин менамоянд;
5) талаботи асосиро ба таҷҳизонидани ҷойҳои кори махсус барои бо кор таъмин намудани маъюбон муайян менамоянд;
6) оид ба таъмини илмию методӣ ва кадрии фаъолияте, ки ба амалишавии ҳуқуқҳои маъюбон ва ҳамгироии иҷтимоии онҳо нигаронида шудааст, чораҳо меандешанд;
7) ҳамкории байналмилалиро анҷом медиҳанд;
8) ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамоянд.
Моддаи 13. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи салоҳияти худ амалишавии сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта дар ҳудуди воҳиди дахлдори маъмурию ҳудудӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари қонунгузорӣ таъмин менамоянд.
Моддаи 14. Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои шахсони маъюбиятдошта
1. Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои шахсони маъюбиятдошта мақоми доимоамалкунанда ва машваратӣ буда, вобаста ба амалишавии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон масъул мебошад. Дар ин самт Шурои мазкур тадбирҳои зеринро таъмин менамояд:
1) ташвиқ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта;
2) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба иҷрои муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, инчунин Қонуни мазкур равона карда шудаанд;
3) ташкил намудани таҳияи ҳисобот дар бораи чораҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани уҳдадориҳои худ аз рӯйи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон андешидашуда ва дар бораи пешрафтҳои бадастомада дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта.
2. Ба ҳайати Шуро намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон шомил карда мешаванд.
Моддаи 15. Омор ва ҷамъоварии маълумот
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор маълумоти заруриро оид ба шахсони маъюбиятдошта, аз ҷумла маълумоти оморӣ ва таҳқиқотиро ҷамъоварӣ менамояд. Ҷамъоварии маълумоти зарурӣ тавассути ҷорӣ намудани низоми электронии иттилоотӣ (рақамӣ) амалӣ карда мешавад.
2. Тартиби ташаккул ва пешбурди махзани маълумот, инчунин шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ аз рӯйи ҳуқуқҳо ва ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти шахсони маъюбиятдошта, аз ҷумла оид ба дастгирии иҷтимоӣ ва пешгирии маъюбшавӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои маориф, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, нафақа ва мақомоти дигари марбута дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор муайян карда мешаванд.
БОБИ 3.
ҲИФЗИ САЛОМАТӢ, АБИЛИТАТСИЯ ВА ТАВОНБАХШИИ ШАХСОНИ МАЪЮБИЯТДОШТА
Моддаи 16. Ҳифзи саломатии шахсони маъюбиятдошта
Шахсони маъюбиятдошта ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ доранд ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ барои таъмини дастрасии шахсони маъюбиятдошта ба хизматрасонии тиббӣ чораҳои заруриро меандешад. Ба шахсони маъюбиятдошта дар муассисаҳои давлатии тиббӣ ва иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки тиббӣ расонда мешавад.
Моддаи 17. Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва муайян намудани маъюбии шаҳрвандон
1. Муқаррар намудани маъюбият, сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии маъюбият, дараҷаи аз даст додани қобилияти корӣ ва муайян намудани эҳтиёҷи шахсон ба ҳифзи иҷтимоӣ бо роҳи гузарондани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад.
2. Тартиби гузарондани экспертизаи тиббию иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ ва клиникӣ, таҳияи дастурамалҳои методӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи тиббию иҷтимоии маъюбон ва тавонбахшии онҳо аз ҷониби муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии мақоми ваколатдор дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ анҷом дода мешаванд.
Моддаи 18. Абилитатсия ва тавонбахшии шахсони маъюбиятдошта
1. Давлат барои ташаккул ва рушди раванди абилитатсия, ки пеш аз ҳама ба кӯдакони бо ихтилолҳои ҷисмонӣ ва ақлӣ таваллудшуда тааллуқ дорад, шароити мусоид фароҳам оварда, бо ин мақсад марказҳо ё шуъбаҳои махсуси абилитатсионӣ таъсис дода мешаванд.
2. Тавонбахшии шахсони маъюбиятдошта бо мақсади беҳтар намудани сифати зиндагии маъюбон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ноил шудан ва нигоҳ доштани мустақилияту соҳибихтиёрӣ, ҳаракати инфиродӣ, қобилиятҳои ҷисмонӣ, ақлонӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ, таъминоти маъюбон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва маҳсулоти протезию ортопедӣ, инчунин ҷалби онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ амалӣ карда мешавад.
3. Cамтҳои асосӣ, мақсад ва вазифаҳои абилитатсия ва тавонбахшӣ дар Барномаи инфиродии абилитатсия ва тавонбахшии шахсони маъюбиятдошта муайян карда мешаванд. Барномаи мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
4. Таъминоти шахсони маъюбиятдошта бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва маҳсулоти протезию ортопедӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
БОБИ 4.
КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚӢ, МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ ВА ИМТИЁЗҲО БАРОИ ШАХСОНИ МАЪЮБИЯТДОШТА
Моддаи 19. Ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта
Шахсони маъюбиятдошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба категория ва гурӯҳҳои маъюбият ба таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ, ҷубронпулӣ ва имтиёзу кафолатҳои дигари иҷтимоии давлатӣ ҳуқуқ доранд. Таъминоти ҳуқуқҳои шахсони мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 20. Таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони маъюбиятдошта
1. Давлат таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахсони маъюбиятдошта ва маҳдуд нашудани ҳуқуқҳои онҳоро аз рӯи аломатҳои маъюбӣ кафолат дода, баробар бо шахсони дигар барои амалишавии онҳо чораҳо меандешад. Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони маъюбиятдошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби судӣ ва тартиби дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
2. Мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таъмин намудани инкишофи ҳаматарафаи кӯдакон ва занони маъюбиятдошта, беҳтар намудани вазъият ва имкониятҳои онҳо ҳамаи чораҳои заруриро меандешанд.
Моддаи 21. Ҳуқуқ ба таҳсил
1. Маъюбон бо тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ҳуқуқи гирифтани таҳсилро доранд. Низоми маориф барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти махсуси инфиродии таълимии ҳамаи таълимгирандагон шароити зарурӣ фароҳам меорад ва таҳсилоти фарогирро дар тамоми зинаҳои таҳсилот ва амалишавии барномаҳои таълимии таҳсилоти иловагиро таъмин менамояд.
2. Бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои тарбияи томактабии кӯдакони маъюбиятдошта ва ба онҳо расондани кумаки зарурии тавонбахшӣ дар муассисаҳои томактабӣ барои кӯдакони маъюбиятдошта шароит муҳайё карда мешавад.
3. Бо назардошти манфиатҳои беҳтарини кӯдакони маъюбиятдошта, вазъи саломатии онҳо ва шароити иҷтимоию иқтисодии оила барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти инфиродии тарбиявию таълимии кӯдакони дорои ихтилолҳои шунавоӣ, биноӣ, маъюбони дорои ихтилолҳои узвҳои такягоҳию ҳаракат муассисаҳои таълимии дорои шароити махсус (мактаб-интернатҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва ғайра) таъсис дода мешаванд.
4. Таҳсилоти касбии маъюбон (ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ) дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардонида мешавад.
5. Барои шахсони маъюбиятдоштае, ки ба шароити махсуси таълиму тарбия эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии махсуси касбии шаклу намудҳои гуногун таъсис дода мешаванд.
6. Маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки ба онҳо аз рӯйи хулосаи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ таҳсил намудан манъ карда нашудааст, ба муассисаҳои мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври имтиёзнок қабул карда мешаванд.
7. Тайёрии касбӣ ва таҳсилоти касбии шахсони маъюбиятдошта дар муассисаҳои таълимии махсуси касбӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таълимӣ, дар асоси барномаҳои таълимие, ки барои омӯзонидани маъюбон мувофиқ гардонида шудаанд, сурат мегирад.
Моддаи 22. Татбиқи ҳуқуқҳои меҳнатии шахсони маъюбиятдошта
1. Бо мақсади амалӣ намудани ҳуқуқ ба меҳнат давлат барои шахсони маъюбиятдошта шароит ва имкониятҳои баробари шуғл ва фаъолияти дигари меҳнатиеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, кафолат медиҳад. Тартиб ва шартҳои амалигардонии кафолатҳои давлатии таъмини шахсони маъюбиятдошта ба меҳнат тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
2. Дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба андозаи на камтар аз 3 фоизи шумораи умумии кормандон ба шахсони маъюбиятдошта барои ба кор қабул кардан квота муқаррар карда мешавад.
Моддаи 23. Табобати санаторию курортии шахсони маъюбиятдошта
Маъюбон дар асоси хулосаи муассисаи давлатии тандурустии ҷойи зист ба табобати ройгон ё имтиёзноки санаторию курортӣ дар муассисаҳои давлатии санаторию курортӣ, хона-истироҳатгоҳҳо, профилакторияҳо, пансионатҳо ва муассисаҳои дигари солимгардонӣ ҳуқуқ доранд. Таъмин намудани шахсони маъюбиятдошта ба табобати санаторию курортӣ бо қоидаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 24. Иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, истироҳат ва машғул шудан ба варзиш
1. Давлат ҳуқуқи шахсони маъюбиятдоштаро барои иштироки баробар бо дигарон дар ҳаёти фарҳангӣ эътироф мекунад ва тамоми чораҳоро меандешад, ки шахсони маъюбиятдошта ба осори фарҳангӣ, барномаҳои телевизионӣ, филмҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, ба чунин ҷойҳои чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ё хизматҳо, ба монанди театрҳо, осорхонаҳо, кинотеатрҳо, китобхонаҳо, иншооти варзишӣ ва хизматрасонии сайёҳӣ, инчунин ба ёдгориҳо ва объектҳои дорои аҳаммияти миллию фарҳангӣ дастрасӣ дошта бошанд.
2. Асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии таъмини фаъолият дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва истироҳати шахсони маъюбиятдоштаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 25. Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ
Давлат ба шахсони маъюбиятдошта ҳуқуқҳои сиёсӣ ва имкони истифодаи онҳоро баробар бо дигарон кафолат медиҳад ва барои мустақиман ё тавассути намояндаҳое, ки озодона интихоб шудаанд, таъмини иштироки маъюбон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои доштани ҳуқуқ ва имконияти овоздиҳӣ ва интихоб шудан уҳдадор мешавад. Иштироки шахсони маъюбиятдошта дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 26. Хусусиятҳои таъминоти шахсони маъюб бо манзили истиқоматӣ
Масъалаи таъмини маъюбон бо манзили истиқоматӣ мутобиқи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Моддаи 27. Озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот
Ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта ба озодии сухан, нашр ва истифодаи воситаҳои ахбор баробар бо дигарон бо истифода аз ҳама шаклҳои муошират тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 28. Дахлнопазирии ҳаёти шахсии маъюбон, эҳтироми онҳо дар оила ва ҷамъият
1. Дахлнопазирии ҳаёти шахсии маъюбон, новобаста аз маҳалли истиқомат ё шароити манзилӣ, махфияти маълумот дар бораи шахсият ва вазъи саломатии шахсони маъюбиятдошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
2. Давлат қонунгузории муассир ва стратегияҳо, аз ҷумла ба занон ва кӯдакон нигаронидашударо барои таъмини он қабул менамояд, ки ҳолатҳои истисмор, зӯроварӣ ва таҳқир нисбати шахсони маъюбиятдошта ошкор, тафтиш ва дар ҳолатҳои зарурӣ таъқиб карда шаванд.
3. Давлат барои аз байн бурдани табъиз нисбат ба маъюбон дар ҳама масъалаҳои марбут ба ақди никоҳ, оила, падарӣ, модарӣ ва муносибатҳои шахсӣ дар баробари шахсони дигар чораҳои муассир ва мувофиқ меандешад.
Моддаи 29. Фароҳам овардани шароит барои дастрасӣ ба бино ва иншооти иҷтимоӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ ва имтиёзҳои шахсони маъюбиятдошта
1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои дигар барои дастрасии бемамониати шахсони маъюбиятдошта (аз ҷумла маъюбоне, ки аз аробачаҳои маъюбӣ истифода мебаранд) ба иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ (истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иншооти варзишӣ, мавзеъҳои истироҳат, муассисаҳои маданию маърифатӣ ва иншооту муассисаҳои дигар), инчунин барои истифодаи бемамониат аз нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, нақлиёти автомобилии байнишаҳрӣ ва ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбарии шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, воситаҳои алоқа ва иттилоот шароит фароҳам меоранд.
2. Маблағгузории хароҷоти марбут ба фароҳам овардани шароит барои дастрасии бемамониати шахсони маъюбиятдошта ба иншооти инфрасохтори муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, воситаҳои алоқа ва иттилоот аз ҳисоби соҳибмулкони онҳо амалӣ карда мешавад.
3. Бо пешниҳоди шаҳодатнома маъюбон барои рафтуомади ройгон дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ва истифодаи имтиёзноки хатсайрҳои маҳаллии нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ҳуқуқ доранд.
4. Қоидаҳои таъмини маъюбон ба рафтуомади ройгон дар нақлиёти мусофирбарӣ ва тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон ё имтиёзноки хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
5. Маъюбони гурӯҳҳои I ва II ҳуқуқ ба имтиёзҳо оид ба пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ (ба ғайр аз қувваи барқ ва гази табиӣ) ва телефон, инчунин имтиёзҳо ҳангоми ба моликияти шахсӣ харидани хонаи давлатии истиқоматиашонро ба андозаи 50 фоиз ва ҳуқуқи бе навбат ва ройгон гузарондани хатти телефон, барқ, газ ва оби нӯшокиро доранд.
6. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаву идораҳои дахлдори дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбон барои пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ имтиёзҳои иловагӣ муқаррар менамоянд.
Моддаи 30. Ҳуқуқи шахсони маъюбиятдошта ба таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
1. Шахсони маъюбиятдошта (намояндагони қонунии онҳо) бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ, расондани кумак ва хизматрасонӣ ба ҳамдигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис медиҳанд.
2. Мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигар ҳуқуқ доранд намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбонро барои таҳия ва қабули қарорҳо, ки ба манфиати онҳо равона гардидаанд, ҷалб намоянд.
БОБИ 5.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 31. Ҳамкориҳои байналмилалӣ
1. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти дигари марказии давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳамкориро оид ба амалисозии Қонуни мазкур бо ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти дахлдори онҳо ба роҳ мемонанд.
Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 33. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 834; с. 2020, №12, мод. 913) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2278
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №189
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 6 майи соли 2026, №435
