ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз 5 августи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №7-8, мод. 503; с. 2012, №4, мод. 277, №8, мод. 833; с. 2015, №11, мод. 964; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 288; с. 2019, №4-5, мод. 226) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
Ба моддаи 6 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳаммияти маҳаллидошта метавонанд ба мақомоту сохторҳои давлатӣ, шахсони мансабдор ва ташкилотҳои дигар таклифҳо пешниҳод намоянд.».
2. Ба моддаи 10 сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ташкили қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо;».
3. Ба моддаи 11 сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти оморӣ оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрак ва деҳот;
- мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ барои амалисозии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрак ва деҳот;».
4. Дар моддаи 13:
- ба сархати сеюм пас аз калимаи «зист» калимаҳои «ва назорати ҳолати санитарӣ» илова карда шаванд;
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- мусоидат ба амалисозии барномаҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир;».
5. Дар сархати дуюми моддаи 13 ва сархати ҳаштуми моддаи 23 калимаҳои «анъана ва ҷашну маросимҳо» ба калимаҳои «ҷашну маросим» иваз карда шаванд.
6. Дар сархати чоруми қисми 5 моддаи 19 ва сархати ҳафтуми моддаи 22 калимаҳои «ӯҳдадориҳои» ва «ӯҳдадорони» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои» ва «уҳдадорони» иваз карда шаванд.
7. Ба сархати якуми моддаи 23 пас аз калимаи «камбизоат» калимаҳои «, ятимони кулл» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2297
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №209
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 14 апрели соли 2026, №416
