https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ»

№:78 (5130), 24 июн 2026, 17:08
4

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» аз 1 августи соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 465; с. 2025, №6-10, мод. 365) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Аз сархати чоруми моддаи 5 калимаҳои «, ки қобили гирифтани иҷозатнома (литсензия) мебошанд» хориҷ карда шаванд.

2. Дар моддаи 6:

- сархати дуюми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«таъмини бехатарии радиатсионӣ ва додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои фаъо­лият оид ба истифодаи манбаъҳои радиоактивӣ;»;

- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ – Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ) буда, дорои ваколатҳои зерин мебошад:

сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ пеш мебарад ва кори мақомоти дигари давлатиро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад;

ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаро барои фаъолият дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» медиҳад;

меъёрҳо, қоидаҳо, талабот ва дастурамалҳоро, ки ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дар соҳаҳои тиб (ташхиси рентгенӣ, ташхиси радиоизотопӣ, тибби ядроӣ, муолиҷаи нурӣ), саноат (дефектоскопия, назорати ғафсӣ ва зичии мавод, стерилизатсияи мавод, калибровкакунӣ ва назорат), энергетика ва таҳқиқот (истифодаи энергияи атомӣ ва реакторҳои тадқиқотӣ), кишоварзӣ (шуоъдиҳии тухмиҳо, стерилизатсияи ҳашарот ва муайянкунии намнокӣ), нақлиёт ва амният (назорати борҳо, истифодаи радиоизотопҳо дар авиатсия ва кайҳон, детекторҳои муайянкунии қочоқ), илму маориф (истифодаи радиоизотопҳо) алоқаманд аст, тасдиқ менамояд;

иҷрои меъёр ва қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ ва шартҳои иҷозатдиҳиро назорат мекунад;

барои кормандоне, ки дар объектҳои истифодаи манбаъҳои афканишоти ионофар машғул мебошанд, талаботи тахассусӣ муқаррар менамояд.».

3. Дар қисми панҷуми моддаи 8 калимаи «танзимкунандаи» ба калимаи «ваколатдори» иваз карда шавад.

4. Дар матни моддаи 9 калимаҳои «мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.

5. Дар моддаи 10:

- дар қисми дуюм калимаҳои «ба мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки идора, бозрасӣ ва назоратро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ анҷом медиҳанд,» ба калимаҳои «бо мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд;

- дар қисми сеюм калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.

6. Дар моддаи 13:

- дар қисми якум калимаҳои «мақомоти давлатие, ки танзимро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ анҷом медиҳанд» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд;

- дар сархати якуми қисми дуюм калимаи «олудашавии» ба калимаи «олудагии» иваз карда шавад;

- аз қисми сеюм калимаҳои «давлатии» ва «(литсензиядиҳанда)» хориҷ карда шаванд.

7. Дар моддаи 19:

- дар қисми дуюм калимаҳои «мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомотҳои салоҳиятдори» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақомоти дигари» иваз карда шаванд;

- дар қисми панҷум калимаҳои «мақомоти давлатии танзимкунандаи соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.

8. Дар қисми чоруми моддаи 21 калимаҳои «мақомоти ваколатдори назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.

9. Дар сархати чоруми моддаи 23 калимаҳои «мақомоти давлатии танзимкунанда дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2294

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №206

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 8 апрели соли 2026, №401