ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 345; с. 2009, №5, мод. 327; с. 2010, №1, мод. 3; с. 2011, №12, мод. 848; с. 2013, №3, мод. 191; с. 2015, №11, мод. 971; с. 2016, №7, мод. 629, №11, мод. 884; с. 2019, №4-5, мод. 230, №6, мод. 324, мод. 325; с. 2021, №6, мод. 396; с. 2023, №11, мод. 477, №12, мод. 576; с. 2024, №5-6, мод. 268; с. 2025, №3-4, мод. 250, мод. 251) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 5 пас аз калимаҳои «зарарнок ба об» аломат ва калимаҳои «, пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, ҷинсҳои битумӣ ва мумҳои маъданӣ» илова карда шаванд.
2. Ба қисми 1 моддаи 44 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ки дар асоси санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор мегарданд, аз пардохт пурра озод карда мешаванд;».
3. Ба матни моддаи 48 пас аз калимаи «мешавад» аломат ва калимаҳои «, инчунин маводи воридшавандаи сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, ҷинсҳои битумӣ ва мумҳои маъданӣ мебошанд» илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 49:
- матни модда қисми якум ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад ва ба ҷумлаи якум пас аз калимаи «пардохт» аломат ва калимаҳои «, ба истиснои муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур,» илова карда шаванд;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, ҷинсҳои битумӣ ва мумҳои маъданӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
5. Дар моддаи 50:
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Маблағи пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, ҷинсҳои битумӣ ва мумҳои маъданӣ аз ҷониби пардохтсупорандагон ҳангоми воридоти маводи мазкур ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.»;
- қисмҳои 2, 3 ва 4 мувофиқан қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2293
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №205
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 8 апрели соли 2026, № 399
