https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ»

№:78 (5130), 24 июн 2026, 17:25
12

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №12, қ. 2, мод. 718) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- дар бандҳои 6) ва 29) калимаҳои «давраи ҳаётии дастгоҳи» ба калимаҳои «марҳилаҳои ҳаётии иншооти» иваз карда шаванд;

- дар банди 28) калимаҳои «иҷозатномадиҳии намудҳои фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии дастгоҳи» ба калимаҳои «додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои ­фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти» иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 5:

- банди 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1) додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ;»;

- дар банди 10) калимаҳои «давраи ҳаётии дастгоҳи» ба калимаҳои «ҳаётии иншооти» иваз карда шаванд.

3. Аз банди 5) моддаи 7 калимаи «давраи» хориҷ карда шавад.

4. Дар бандҳои 1) ва 4) қисми 3 ва банд­ҳои 2) ва 4) қисми 4 моддаи 17, қисми 3 моддаи 19 ва қисми 5 моддаи 24 калимаҳои «давраи ҳаётии дастгоҳи» ба калимаҳои «ҳаётии иншооти» иваз карда шаванд.

5. Моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 10. Иҷозатдиҳӣ барои амалӣ намудани фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ

Додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.».

6. Дар банди 3) қисми 2 моддаи 21 калимаҳои «иҷозатнома ба фаъолияти» ба калимаи «шаҳодатномаи» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2290

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №202

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 18 марти соли 2026, №377