https://sadoimardum.tj

ЗӮРИ МУШТ АЗ ВАҲДАТИ АНГУШТҲО ОЯД БА ДАСТ

№:80 (5132), 26 июн 2026, 17:18
5

Дар таърихи давлатдории ҷаҳон собит шудааст, ки бақо ва пешрафти ҳар давлат, пеш аз ҳама, ба ваҳдати миллӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон вобаста аст. Давлатҳое, ки тавонистаанд ҷомеаи худро дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ муттаҳид созанд, ба суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва нуфузи байналмилалӣ ноил гардидаанд.

Барои мардуми тоҷик ваҳдати миллӣ танҳо мафҳуми сиёсӣ ё санаи таърихӣ нест, балки арзиши муқаддас, дастоварди сарнавиштсоз ва заминаи асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, ки дар натиҷаи талош­ҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Маҳз ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист аз гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо ёфта, ба масири рушди устувор қадам гузорад.

Имрӯз, баъд аз бисту нуҳ соли имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ ва таҳкими давлатдорӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.

Дар илми сиёсатшиносӣ ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳолати ҳамоҳангии манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ маънидод мешавад. Сиёсатшиносон бар ин назаранд, ки давлатсозӣ ба се рукни асосӣ такя мекунад: ташаккули ҳувияти миллӣ, таҳкими институтҳои давлатӣ, таъмини ризоияти сиёсӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ. Маҳз ҳамин се омил барои Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол аҳамияти ҳалкунанда доштанд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 нишон дод, ки бидуни ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва эътимоди мутақобил на истиқлол ҳифз мешавад ва на рушди устувор таъмин мегардад. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки зарурати таърихӣ ва шарти асосии бақои давлатдорӣ мебошад.

Аз нуқтаи назари фалсафӣ бошад, ваҳдат ифодаи олитарини ҳамзистии иҷтимоӣ буда, манфиатҳои шахсиро бо ҳадафҳои умумимиллӣ ҳамоҳанг месозад. Абӯнасри Форобӣ дар асараш «Шаҳри фозила» ҷомеаи муттаҳидро омили асосии саодати инсон медонад. Саъдӣ Шерозӣ низ инсонҳоро ба узвҳои як ҷисм ташбеҳ дода, таъкид менамояд, ки дарди як узв ба тамоми ҷомеа таъсир мерасонад.

Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки маҳз сулҳу ваҳдати миллӣ тавонист эътимоди шаҳрвандонро ба давлат барқарор намуда, ҳамбастагии иҷтимоиро таҳким бахшад. Арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро эҳё сохта, заминаи рушди иқтисодиро фароҳам овард.

Мақоли халқии «Зӯри мушт аз ваҳдати ангуштон ояд ба даст» мазмуни амиқи иҷтимоӣ ва ­сиёсӣ дорад. Ангуштони ҷудогона имкони маҳдуд доранд, аммо дар якҷоягӣ ба неруи тавоно - мушт табдил меёбанд.

Дар илми сиёсатшиносӣ мафҳуми «лидерии трансформатсионӣ» ҷойгоҳи махсус дорад. Ин навъи роҳбарӣ ба он ишора мекунад, ки сарвар дар шароити буҳронӣ тавони тағйир додани равандҳои сиёсӣ, муттаҳид сохтани ҷомеа ва муайян намудани самтҳои стратегии рушди давлат­ро дорад. Дар таърихи муосири Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ҳамин замина арзёбӣ мегардад. Зеро замоне, ки Тоҷикистон дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуда, хатари аз байн рафтани давлатдорӣ ба миён омада буд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон масъулияти сарнавишти миллатро бар дӯш гирифта, ҳифзи давлатдории тоҷиконро ҳадафи асосии фаъо­лият қарор доданд. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ Пешвои миллат рисолати роҳбарӣ, аз ҷумла барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, бозгардонидани гурезаҳо, эҳёи институтҳои давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини амният ва суботи сиёсиро амалӣ намуданд.

Натиҷаи сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гардид, ки оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ва рушди Тоҷикистонро таъмин намуд.

Нақши таърихии Пешвои миллат на танҳо дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, балки дар ташаккули модели миллии сулҳофарӣ ва давлатсозӣ ифода меёбад.

Имрӯзҳо бо гузашти 29 сол мо мебинем, ки ваҳдати миллӣ ба омили калидии рушди ҳамаҷонибаи кишвар табдил ёфтааст.

Бо талошҳои ин абармард низоми устувори идоракунии давлатӣ ташаккул ёфта, заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳким пайдо карданд ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон боло рафт. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз хатари парокандагӣ раҳо ёфта, ба роҳи рушду шукуфоӣ қадам гузошт. Аз ин рӯ, имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо мебошад.

Ғайрат АЗИЗЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: