ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Назаре ба сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири давлатсозӣ
Тавре таърихи аксари кишварҳои ҷаҳон, чи аз Ғарб ва чи аз Шарқ, гувоҳӣ медиҳад, истиқлоли он давлатҳое қавӣ аст, ки ваҳдати миллиашон, дақиқтар бигӯем, ваҳдати аҳолии маскуни он кишварҳо, қатъи назар аз мансубияти миллӣ, бар пояи дӯстиву адолат қарор доштааст. Бинобар ин, вақте дар бораи Истиқлоли давлатӣ дар кишвар сухан меравад, сиёсати ваҳдатмеҳварӣ бар ҷанбаҳои дигари сиёсӣ бартарӣ пайдо мекунад. Зеро таҷрибаи таърихи кишварҳо собит кардааст, ки дар сурати густариши ихтилоф дар байни ақвому миллатҳо истиқлоли давлатӣ заиф мегардад ва неруҳои тақвияткунандаи он бар асари ихтилоф аз ҳалли масъалаҳои бунёдӣ дур мешаванд.
Сабабҳои заиф шудан ва ҳатто аз байн рафтани ҳукуматҳо кадомҳоанд? Пеш аз ҳама, низоъҳои дохилӣ ва аз он ба манфиати худ суистифода кардани давлатҳо ва ё неруҳои дигар. Тоҷикистон бар асари пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ соҳибистиқлол шуд. Инро баъзеҳо мутлақ қаламдод карда, истиқлолхоҳии оғози ҷумҳурии иттифоқӣ шуданро камтар ба назар мегиранд. Ҳол он ки агар роҳбарони пешини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то соли 1929 мубориза бурда, давлати навтаъсиси моро аз ҷумҳурии худмухтор (автономӣ) ба ҷумҳурии советии сотсиалистӣ табдил намедоданд, яқинан, имрӯз мо соҳиби давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ намебудем. Хизмати онҳоро Пешвои миллат тақдир карда, хоки қабри қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин, арбоби давлатӣ Нисор Муҳаммадро ба оромгоҳи бузургони миллат дар Лучоби Душанбе интиқол доданд. Ин қадршиносиест, ки таърих мисли онро камтар дидааст.
Дар оғози соҳибистиқлолӣ гурӯҳҳои тундрави мансабхоҳ Тоҷикистонро ба вартаи нобудӣ наздик карда, дар ин замина ваҳдати миллӣ халалдор шуд, ҷомеаи Тоҷикистон ва, ҳатто, тоҷикони кишварҳои дигарро ноумедӣ фаро гирифт. Дар ҳамин лаҳзаҳои хатарзо ва таҳдид ба истиқлолу озодии мардуми тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти тоҷикон ба имзо расид, ки натиҷаи музокироти тӯлонии гурӯҳҳои Ҳукумат бо роҳбарони оппозитсияи тоҷик буд.
Роҳи тӯлонии сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раиси он ва ба ҳайси Сарвари давлат, оғози наҷоти давлат ва миллат аз нобудию парокандагӣ шуд.
Ин интихоб, аввалан, нақши шахсиятро дар раванди давлатсозӣ ва ҳифзи озодии сокинони кишвар исбот кард. Дувум, дар шахсияти Раиси Шурои Олӣ хислатҳои давлатдории ҷасорат, таҳаммул, ҳақиқатдӯстӣ, мардумсолорӣ, дурандешӣ, азми қавӣ доштан барои ба ҳадафҳои олӣ расидан, тафаккури стратегӣ доштан, ки аксари ин хислатҳоро мутафаккирони бузурги гузаштаамон, ба мисли Форобӣ, Ибни Сино, Насируддини Тӯсӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон барои сарварони давлат зикр кардаанд, зоҳир гардид.
Ин хислатҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки далелҳои мантиқии ӯро барои зарурати сулҳу оштии миллӣ ҷониби мухолиф, миёнаравону кишварҳои кафил ва созмонҳои байналмилалии бузург қабул кунанд.
Раиси Шурои Олӣ, баъдтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузурги сарнавиштсозро анҷом доданд, ки мавриди эътирофи хосу ом гардид. Аз ҷумла, аз хориҷ овардани гурезагон, ба қувваҳои мусаллаҳи давлатӣ пайвастани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ, таъсиси парламенти доимамалкунанда, таҳкими пояҳои давлатдории дунявӣ ва ғайра. Ҳамзамон, ба ҳалли масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таъсиси қувваҳои мусаллаҳи аз байн рафта иқдом кардан, ба низом овардани сиёсати пулию молӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои динӣ ва анъанаҳои миллию таърихии халқи тоҷик, эҳёи суннатҳои некуи ниёгон, сохтмони роҳҳо, нақбҳо, мактабҳо, муассисаҳои табобатӣ, ки ин ҳама обрӯю нуфузи Президентро дар дохили кишвар ва арсаи байналмилалӣ боло бурд ва, барҳақ, ба унвони Пешвои миллат сазовор гаштанд.
Фаъолияти густурдаи Пешвои миллат дар самти таҳкими асосҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии Истиқлоли давлатӣ ва кӯшиш барои интишори ваҳдати миллӣ дар кишвар ду масъалаи ба ҳам вобастае буданд, ки дар назар гирифтани робитаи диалектикии онҳо боиси муваффақият ва пешрафтҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. «Мо ба гузашта, ба хотири парастиши соддалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти руҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриоддӣ ноил гаштаанд, рӯй меоварем. Охир, як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Воқеан, мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробар ба чандин омилҳои объективию субъективӣ боз як омӯзгори хеле сахтгиру нуктасанҷе дорад, ки онро таърих меноманд. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд», - навиштаанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ такя ба ақлу хирад ва ба вазифаҳои масъул таъин кардани шахсони оқил ва сазовор аст, ки мутафаккирони Ғарбу Шарқ онро таъкид кардаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам ибораи хиради азалиро нисбат ба миллати тоҷик зиёд истифода мекунанд, ки маънои аз замонҳои қадим ба нируи ақлу дониш такя кардани тоҷиконро дорад. Ашхоси эҳсосотӣ ва нохирадпешаву нолоиқ боиси харобии давлат будаанд. Чунончӣ, Аҳмад Махдуми Дониш дар «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салотини хонадони манғития» дар бораи дар Бухоро ба мансаби вазирӣ таъин шудани Муҳаммадшоҳ-қушбегӣ ва оқибати таассуфбори он навиштааст: «Ва филвоқеъ, агар нек дарнигарӣ ҳамаи инқилоботу футур, ки дар ин давлат зоҳир шуд ва нуқсонот, ки дар ин салтанат рӯй дод, ҳама аз ракокати раъйи вазир, сустиву беақлӣ ва коҳилии ӯ буд. Бале, дар гашти давлату таназзули он, албатта, сабаби зоҳирӣ бояд ва он сабаб ба ҳасби зоҳир Муҳаммадшоҳ-қушбегӣ буд. Агар нек тааммуқ кунӣ, ин ҳама таназзулу харобӣ дар ин давлат аз беақлию беиқтидории вазир рӯй дод. Пас халқ, ки аз амиру вазир маъюс шаванд, ҳар киро бинанд ва ба ҳар ки расанд, фарёду фиғон бардоранд ва чораҷӯй шаванд».
Яке аз фазилатҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва аҳамият додан ба ҷавонон аст. Президент ин иқдоми худро яке аз роҳҳои боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа, таҳкими сохти давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёди демократӣ медонанд.
Имрӯз, ки мардуми шарифи мо дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор доранд, ёдовар шудан аз дарсҳои худшиносии Сарвари давлат зарур аст. Маҳз мардуме, ки аз таъриху фарҳанг ва бузургони миллаташ хуб огоҳ аст ва бо мероси ғании ниёгони худ ифтихори воқеъӣ дорад, ба қадри Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мерасад. Насли ҷавон бояд донад, ки ваҳдати миллӣ фақат рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ нест, балки он раванди ҳамешагӣ мебошад, онро бояд таҳким бахшид, дар зеҳни худ парвариш дод, ҳамчун заминаи бақои Истиқлоли давлат донист. Зеро истиқлол ва ваҳдати миллӣ бо ҳам робитаи зич доранд, суст шудани яке боиси заъфи дигаре мегардад. Нерумандии ин ду боиси давоми давлат ва саодатмандии миллат хоҳад буд, чунонки озодӣ ва ахлоқ дар ҷомеа бо ҳам вобастаанд ва риояи онҳо ба саодати инсонҳо мусоидат мекунад.
Кароматулло ОЛИМЗОДА,
академик
Ҳамчунин дигар маводҳо:
