https://sadoimardum.tj

Маҷлиси падару модарон – омили муҳими тарбияи насли соҳибмаърифат

№:86 (5138), 13 июл 2026, 13:21
5

Муқаддима

Дар шароити муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсон таъсир мерасонанд, масъалаи таълиму тарбия аҳамияти боз ҳам бештар пайдо кардааст. Пешрафти босуръати технологияҳои иттилоотӣ, густариши шабакаҳои иҷтимоӣ, афзоиши таъсири фарҳангҳои гуногун ва ба вуҷуд омадани шакл­ҳои нави таҳдидҳои маънавию идеологӣ аз ҳар як падару модар, омӯзгор ва масъули соҳаи маориф тақозо менамояд, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд бо диди нав муносибат намояд.

Яке аз шаклҳои муҳимтарини ҳамкории оила ва муассисаи таълимӣ маҷлиси падару модарон ба ҳисоб меравад. Ин чорабинӣ солҳои зиёд ҳамчун воситаи муоширати мустақими омӯзгорон ва волидон хидмат карда, барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти тарбия мусоидат намудааст. Агар дар гузашта маҷлиси падару модарон бештар хусусияти иттилоотӣ ­дошта бошад, имрӯз он ба майдони муҳими муҳокимаи масъалаҳои таълиму тарбия, пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ табдил ёфтааст.

Маҷлиси падару модарон ҳамчун ҷузъи муҳими низоми тарбия

Ҳар як низоми самараноки таълиму тарбия ба ҳамоҳангии фаъолияти ҳамаи субъектҳои он ниёз дорад. Дар ин раванд оила, мактаб ва ҷомеа се унсури асосӣ ба шумор мераванд. Агар яке аз ин ҳалқаҳо заиф гардад, натиҷаи тарбия низ коҳиш меёбад.

Дар таҷрибаи педагогӣ маҷлиси падару модарон ҳамчун воситаи пайваст намудани фаъолияти оила ва муассисаи таълимӣ шакл гирифтааст. Мақсади асосии он фароҳам овардани имконияти мубодилаи афкор, баррасии масъалаҳои таълиму тарбия ва муайян намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда мебошад.

Мутаассифона, баъзан нисбат ба маҷлиси падару модарон муносибати сард мушоҳида мешавад. Баъзеҳо онро танҳо ҳамчун воситаи расонидани маълумот дар бораи сатҳи дониш ва интизоми хонандагон арзёбӣ мекунанд. Дар асл, аҳамияти ин чорабинӣ хеле фарохтар аст. Дар ҷараёни чунин вохӯриҳо масъалаҳои вобаста ба тарбияи ахлоқӣ, фарҳанги муошират, муносибати фарзандон ба китоб, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ҳифзи саломатӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ мегарданд.

Маҳз тавассути чунин вохӯриҳо омӯзгор метавонад дар бораи муҳити оилавии хонанда маълумоти бештар пайдо намояд ва волидон низ аз вазъи таълим, рафтор ва хусусиятҳои равонии фарзанди худ огоҳ гарданд. Дар натиҷа, барои ҳалли мушкилоти эҳтимолӣ имкониятҳои бештар фароҳам меоянд.

Нақши маҷлиси падару модарон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

Дар даврони истиқлол масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ин масъала, пеш аз ҳама, ба соҳаи маориф вобастагӣ дорад, зеро маҳз мактаб дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва шуури шаҳрвандии насли наврас саҳми муассир мегузорад.

Дар ин самт маҷлиси падару модарон имконияти фаровон дорад. Дар чунин вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба забони давлатӣ, таърихи миллат, фарҳанги миллӣ, расму оинҳо, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва дигар арзишҳои маънавӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Таърих гувоҳ аст, миллатҳое тавонистаанд ҳастии худро ҳифз намоянд, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд дар руҳияи худшиносӣ аҳамияти ҷиддӣ додаанд. Худшиносӣ аз оила оғоз ва дар мактаб такомул меёбад. Вақте ки падару модар ва омӯзгор дар як самт фаъолият мекунанд, натиҷаи тарбия низ муассир мегардад.

Пешгирии таҳдидҳои муосир тавассути ҳамкории оила ва мактаб

Ҷомеаи муосир дар баробари дастовардҳои зиёд бо мушкилот ва таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ мебошад. Густариши шабакаҳои иҷтимоӣ, паҳншавии иттилои носолим, ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории ноболиғон ва дигар зуҳуроти манфӣ ба раванди тарбия таъсири муайян мерасонанд. Барои муқовимат ба чунин таҳдидҳо танҳо кӯшиши мактаб кофӣ набуда, иштироки фаъолонаи волидон низ зарур мебошад. Маҷлиси падару модарон дар ин самт нақши муҳим мебозад. Дар чунин вохӯриҳо омӯзгорон метавонанд волидонро бо таҳдидҳои мавҷуда шинос намоянд, роҳҳои муҳофизати фарзандонро тавзеҳ диҳанд ва оид ба истифодаи дурусти интернет маслиҳатҳои муфид пешниҳод кунанд. Имрӯз қисми зиёди вақти наврасон дар фазои рақамӣ мегузарад. Агар волидон аз фаъолияти фарзандон дар интернет бехабар бошанд, эҳтимоли таъсирпазирии онҳо аз ғояҳои бегона бештар мегардад.

Зимнан, дар низоми ҳамкории мактаб ва оила омӯзгор нақши зиёд дорад. Омӯзгори муосир бояд тавонад байни мактаб ва оила пули боэътимоди ҳамкорӣ бунёд созад.

Муносибати хунукназаронаи бархе волидон ва таъсири он ба раванди тарбия

Бо вуҷуди аҳамияти бузурги маҷлиси падару модарон, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол қисми муайяни волидон ба чунин чорабиниҳо бо масъулият муносибат намекунанд. Баъзе волидон, умуман, дар маҷлисҳо ширкат намеварзанд. Гурӯҳи дигар танҳо барои сабти ҳузур омада, пас аз анҷоми ҷаласа, бидуни баёни андеша ё пешниҳоди мушаххас мактабро тарк мекунанд.

Ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки падару модарон тамоми масъулияти таълиму тарбияи фарзандро ба зиммаи омӯзгор мегузоранд ва худро аз ин раванд канор мегиранд. Чунин муносибат оқибатҳои манфӣ дорад. Вақте волидон аз муҳити таълимии фарзанди худ дур мемонанд, аз мушкилот, пешрафт, тағйироти ахлоқӣ ва равонии ӯ сари вақт огоҳ намешаванд. Дар натиҷа, баъзе масъалаҳое, ки метавонистанд дар марҳалаи аввал ҳал шаванд, ба мушкилоти ҷиддӣ мубаддал мегарданд.

Як мушкили дигар ин аст, ки дар баъзе муассисаҳои таълимӣ маҷлиси падару модарон бештар ба муҳокимаи натиҷаҳои чоряк, баҳоҳо ва интизоми хонандагон маҳдуд мешавад. Албатта, натиҷаҳои таҳсил аҳамияти калон доранд, вале вазифаи маҷлис танҳо аз ин иборат нест. Ҳадафи асосӣ аз чунин чорабиниҳо набояд танҳо муайян намудани хонандаи аълохон ё сустхон, балки ташаккули шахсияти солим, донишманд ва дорои ҷаҳонбинии миллӣ бошад.

Тақлид ба фарҳанги бегона ва масъулияти муштараки мактабу оила

Дар шароити ҷаҳонишавӣ таъсири фарҳангҳои гуногун ба ҷавонон рӯз ба рӯз меафзояд. Ин раванд дар баробари паҳлуҳои мусбат метавонад оқибатҳои манфӣ низ дошта бошад. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда тақлидкорӣ ба баъзе унсурҳои фарҳанги бегона мебошад, ки бо арзишҳо ва суннатҳои миллии мо созгор нестанд. Ин масъала, пеш аз ҳама, дар тарзи либоспӯшӣ, фарҳанги муошират, истифодаи забон ва муносибат ба арзишҳои миллӣ зоҳир мешавад. Агар ҷавонон аз таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллии худ огоҳии кофӣ надошта бошанд, эҳтимоли таъсирпазирии онҳо бештар мегардад. Аз ҳамин рӯ, омӯзгорон бояд дар маҷлиси падару модарон пайваста ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, эҳтироми фарҳанги миллӣ, риояи одоби либоспӯшӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавӣ таваҷҷуҳ намоянд.

Дар баробари ин, яке аз ­масъалаҳои дигаре, ки дар солҳои охир таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад, густариши баъзе андешаҳои хурофотӣ дар ҷомеа мебошад. Хурофот инсонро аз дониш, тафаккури илмӣ ва таҳлили воқеият дур месозад. Ҷомеае, ки мехоҳад пешрафта бошад, бояд ба илм, дониш ва маърифат такя кунад. Аз ҳамин сабаб, дар маҷлисҳои падару модарон масъалаҳои баланд бардоштани маърифати илмӣ, тарғиби донишҳои муосир ва мубориза бо хурофот бояд пайваста баррасӣ шаванд.

Маҷлиси падару модарон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф

Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Барои татбиқи самараноки ин сиёсат зарур аст, ки аҳолӣ, бахусус волидон, аз ҳадафҳо ва барномаҳои давлатӣ огоҳ бошанд. Маҷлиси падару модарон дар ин самт нақши муҳим бозида метавонад. Маҳз тавассути чунин вохӯриҳо муҳтавои қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, ташаббусҳои нав ва дигар санадҳои соҳаи маориф ба волидон фаҳмонида мешаванд. Ин кор ба таҳкими робитаи байни ҷомеа ва низоми маориф мусоидат менамояд.

Дар зимн, набояд фаромуш кард, ки дар раванди ин гуна маҷлисҳо аз иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, хусусан озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», низ бояд як навъ натиҷагирӣ карда шавад. Омӯзгор дар ин раванд бояд зимни суҳбатҳо тавре масъалагузорӣ кунад, ки, пеш аз ҳама, худи волидон ба китобу китобхонӣ рӯй оранд.

Хулоса

Тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва худшинос аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин вазифа бе ҳамкории муассири оила ва мактаб имконнопазир аст. Маҷлиси падару модарон дар ин раванд мақоми муҳим дошта, барои муттаҳид сохтани неруҳои тарбиявии ҷомеа мусоидат мекунад. Тавассути чунин вохӯриҳо масъулияти волидон баланд мегардад, робитаи онҳо бо муассисаи таълимӣ таҳким меёбад, арзишҳои миллӣ тарғиб мешаванд ва имконият барои пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ фароҳам меояд.

Вақте оила ва мактаб бо ­масъулияти муштарак фаъолият мекунанд, замина барои ташаккули насли донишманд, бафарҳанг, худогоҳ ва содиқ ба манфиатҳои миллӣ фароҳам меояд. Маҳз ҳамин ҳадафҳо бояд меҳвари фаъолияти ҳар як маҷлиси падару модарон бошад.

Эҳсон САФАРЗОДА,

номзади илми филология

Ҳамчунин дигар маводҳо: