МЕҲРИ ВАТАН
Меҳри Ватанам дарҷ шуда дар дилу ҷонам,
Соҳибватанам, номи Ватан вирди забонам.
Иқдоми башар бо масали Сарвари давлат,
Ин фазли бузургест, пазируфта ҷаҳонам.
Ҳар дам бибарам лаззате аз оби зулолаш,
Шаҳдест зи ширинии таъмаш ба даҳонам.
Маҳбуби ҳама хурду калон гашт диёрам,
Дар домани гармаш ҳама дам сабзу ҷавонам.
Саршор ман аз фарри ниёгони бузургам,
Оринасабанд он ҳама, ман низ ҳамонам.
Бо фахри ниёгони тамаддунасари хеш
Бар қуллаи рушди ҳунару илм равонам.
Ҳар кӯҳи баландаш бувадам қуллаи мақсуд,
Хоки раҳи ёрон шумарам ганҷи гаронам.
Эъҷоз, ки з-ӯ ман дари фирдавс кушоям,
Ин тозабиҳишт асли фараҳбахши маконам.
Гаштам ба ҳама арсаи дунёи таманно,
Шукронаи қисмат, ки чӣ хушбахти замонам!
Хуш давраи осудагию сулҳу амонӣ,
Қадри амалу вақт, яқин, амну амонам.
Аз ҳарфи рақиби ҳамадон лол нагаштем,
Хам ҳеҷ нашуд аз нигаҳи давр камонам.
Дар ҳифзи Ватан додани ҷон нест дареғе,
Чун назри Ватан буд зи оғоз равонам.
Аз ботини мо асли ҳақиқат чу биҷӯянд,
Дар ҳастию дар набзи Ватан ҳаст тавонам.
Аз қуллаи ҳақ гар нигарӣ қадри Ватанро,
З-оҳанги дили шод шунав арзи ниҳонам.
Таърихи ниё васлгари аҳли зиё шуд,
Ин ришта накандаст аз он даври Каёнам.
Дидам ҳама озодии фитрии ҷаҳонӣ,
Комилхиради анҷумани даҳри ҷаҳонам.
Чун мавҷи фараҳ даври Ватан чарх занад боз,
Ин киштии ҳикмат ба лаби марз нишонам.
Бин, қимати осори Куруш, Мавлавӣ, Сино,
Дар зеҳни башар рушд намоянд ҳар онам.
Ибрат ба ҷаҳон созишу сулҳи Ватани мост,
Суде, ки ба ҷуз сулҳ бувад, ҳаст зиёнам.
Сармояи беҳтар зи Ватан ҳеҷ надорем,
Эъҷози сухан ин буваду панд ба ҷонам.
Эҳсоси вуҷуд арҷ ниҳад баҳри тахайюл,
Ҷуз меҳри Ватан дарки дигар ҳеҷ надонам.
Худ васфи Ватан арзишу қадри суханам шуд,
Авҷи хираду фазл бишуд сабки забонам.
Таърихи Ватан махзани фарҳанги ниёгон,
Аз Занду Авастову зи Зардушт бихонам.
Аз илми куҳан ҳаст Ватанро сару сомон,
Осори ман аз аҳди азал ҳаст нишонам.
Эҳсоси Ватан чист, Ниҳонӣ, ба хулоса?
Содиқ ба Ватан бо ҳама ихлос бимонам.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
