Пешвои муаззам
Бахшида ба Рӯзи Президент
Гашт рӯзи шонздаҳ худ рӯзи эҳёи Ватан,
Рӯзи ваҳдат, рӯзи сулҳу рӯзи амни Анҷуман.
Бошад ин Иҷлосия таърихию дарёдмон,
Насли баъд онро биомӯзад ба ҳар гуна забон.
Будану нобудани давлат, яқин, буд дар хатар,
Тинҷию амни Ватан вобаста буд аз ҳар нафар.
Ҷаҳди қисматсоз андар Маҷлиси Арбоб шуд,
Раҳбари давлат яке шахсияти ноёб шуд.
Гашт таъйин Сарвари Шурои Олӣ чун Ҷаноб,
Хӯрд бо покии шири модараш савганди ноб.
Ҳам ба қавлу гуфтааш ҳаргиз хиёнат ӯ накард,
Аҳд басту бар хусуматҳо ҳидоят ӯ накард.
Гашта бар киштии пуртӯфони давлат Пешво
Раҳбалад дар баҳри пуртӯғёни пурасрори мо.
Ҳеҷ касро он замон ҷуръат набуд бар раҳбарӣ,
Халқро сарҷамъ овардан, намудан сарварӣ.
Буд Марказ дар фишори фирқаҳои бадгумон,
Шуд шуруъ Иҷлосия андар Хуҷанди бостон.
Анҷуман бигзашт зери парчами мақбули кул,
Бо қасам поси шаҳидон Роҳбар бигзошт гул.
Қисмати тоҷикро Иҷлосия бинмуд ҳал,
Раҳбари нав бо ливои нав биомад бо ҷадал.
Ормоне дошт дар дил халқ ҳамчун Офтоб,
Пешвои хешро карданд он дам интихоб.
Буд овардан фирориҳо наку азми нахуст,
Баъд ободии манзил, НОБ-у раҳ кардан дуруст.
Бас фирориҳо фузун дар мулки ҳиҷрон будаанд,
Зери зулму ҷабру таҳқири фаровон будаанд.
Он замон бисёр буд ғафлатшиору бадгумон,
Дур мекарданд аз давлат ба ҳиллат мардумон.
Ҷузъиёти ҷанги таҳмилӣ шикасти Шуравӣ,
Чунки буҳронҳо фаровон шуд, набуд дигар қавӣ.
Чунки аъмоли маҳалқисматгарон буд як сабаб
В-он дигар ифротию ҳизби касифи беадаб.
Кард фитна ҳамҷудоӣ дар миёни аҳли дин,
Шуд бадомӯзӣ ривоҷи қасд андар роҳи кин.
Бурд он ваҳшониятҳо қадри ин дини мубин,
Урфу расму оину кору раҳи ислому дин.
Халқи таҳҷоӣ, ки будаш дӯстӣ бо русзабон,
Бими ҷанг омад, бирафт ин халқ бар дигар макон.
Заҳри қалбаш буд, ки бо меҳру вафо аҳде накард,
Бар вафо аз кини дил зинҳор ӯ ҷаҳде накард.
Хасми давлат, хасми миллат, хасми қисмат, хасми ҷон,
Аз хиёнат нест вазнинтар ҷиноят, ин бидон.
Ҷомаи бадтинатӣ худ пӯшию созӣ ту гӯш,
Карда бо некии бешу бардурӯғат пардапӯш.
Пешво шуд раҳбари тадбиргар, ояндабин,
Оқилона дур кард ин тударо аз сарзамин.
Пешво аъмоли ваҳдат монд худ бар дӯши худ,
Кард пайванд аз фазилат кандаҳои тору пуд.
Дид, дорад ҳар писар бас душманиҳо бар падар,
Оштӣ бо хасми ҷон шуд, гуфт ин дорад хатар.
Гуфт Сарвар: то наорам охирин аҳли фирор,
Қарзи виҷдон асту дил ҳаргиз намеёбад қарор.
Чанд баҳри ҳар фирорӣ карда кӯшиш борҳо,
Саркашоне бо рақобат карда шӯриш борҳо.
Чунки буданд аҳли кишвар доимо андар гурез,
Бас гурӯҳе карда бо ақвоми ҳизбӣ шину хез.
Мулку давлат буд валангору халоиқ хору зор,
Сулҳро буд миллат аз ин раҳбари нав интизор.
Гарчи буд одам, вале буд одами бехонумон,
Зиндагонӣ буду нохуш рӯзгори мардумон.
Бас касон аз гушнагӣ сарсону саргардон буданд,
Кӯдакон овораву озурдаву нолон буданд.
Ҳукмрон буд хушксолӣ, гушнагӣ, қаҳтии сахт,
Арзану ҷав буд қути мардуми баргаштабахт.
Паҳн шуд беморие аз ғаллаи вайроншуда,
Гашта бечора пизишкон аз даво, ҳайрон шуда.
Созмоне кард даъват Сарвар аз баҳри шифо,
Мардумонро ӯ раҳо бахшид аз ин ҷабру ҷафо.
Зори як лаб нон ба нонвоӣ шуда мардум қатор,
Бархе аз нони сабӯсӣ ҷони худ карда нисор.
Пешво доди Худо буд, мурдаҳоро зинда кард,
Мардуми навмедро уммед бар оянда кард.
Халқ шуд сарҷамъ гирди даъвати ин родмард,
Бо паёмаш қалби ҳар касро ба фардо гарм кард.
Гуфт бар мардум, ки сулҳ орам ба ҳадя баҳратон,
Ҳар яке фарди Ватанро дӯст медорам чу ҷон.
Хонаи худро насӯзед! Оташу сӯхтор бас!
Мулки худ созед хуррам, бас будан муҳтоҷи кас!
Дид Сарвар мардуми озурдаю нолони худ,
Кард содир баҳри халъи аслиҳа фармони худ.
Маблағ аз хориҷ мухолифро чу мепардохтанд,
Бас ба амри хоҷаҳошон шӯр меандохтанд.
Ҳизбиён бар даъвати Раҳбар муросо доштанд,
Дар дили худ лек тухми душманӣ мекоштанд.
Қасди ҷон бар оқилону одилону олимон,
Мазҳаби бегонаро оварда буданд он замон.
Рафтуомад гарчи бар баъзе мамолик банд шуд,
Равнақи бунёди истиқлолият садчанд шуд.
Пешво чун дид, оромӣ наояд бо сухан,
Шуд пайи имзои Созишномаи сулҳи Ватан.
Бо мухолифҳо ниҳода ҷони худ андар хатар,
Кард баҳри сулҳ ӯ бар кишвари афғон сафар.
Сулҳҷӯён рӯй сӯи Мағрибу Машриқ ниҳод,
Сулҳи тоҷикон самар фарҷом дар Маскав бидод.
Гарчи сулҳи мо сиёсӣ буду ҳар дам дар хатар,
Кард ҷонро баҳри амни халқи худ Сарвар сипар.
Гашт имзо аҳди истиқрори сулҳи тоҷикон,
Амни давлат, амни миллатро бишуд бунёд он.
Кард қонуне қабул аз боиси афви умум,
Дар радифи адл бо таҷдиди даргоҳи улум.
Гашт осуда ҳаёту рӯзгору хуш фазо,
Баҳри ризқи халқ аз ҳар боб меҷуст ӯ даво.
Ҳаст миллат бешумар дар даҳр бе садру замин,
Шукри ин қисмат, ки мо дорем ҳам ону ҳам ин.
Сер шуд мардум зи тақсими батадбири замин,
Хирмани деҳқону дастархон чу пур шуд аз ҳамин.
Ваҳдати Сарвар ба аркони Ватан кафшер шуд,
Мулк гашт обод, халқи кишвар аз нон сер шуд.
Ҳаст аз он масрур қалбаш, набвадаш як дам қарор,
Ҳаст аз он хушнуд умре, метапад қалбаш ба кор.
Душманон доданд ӯро ҳушдор аз қасди ҷон,
Кард ҳар кас ихтилофе, омадаш фасли хазон.
Чун рақиб аз қасди ҷони роҳбар ноком шуд,
Мамлакат сулҳу амонӣ, вазъ ҳам ором шуд.
Давлат акнун шуд кафили мардуму озодияш,
Халқ шод аз ваҳдату осоишу ободияш.
Баҳри таъмини халоиқ кард бар хориҷ сафар,
Қарзҳо боимтиёз овард он вологуҳар.
Роҳҳо бикшод Раҳбар, бандҳо бикшода шуд,
Рафтуомад шуд, ниҳоди дӯстӣ бинҳода шуд.
Эътибору эътиқоди худшиносӣ рафт пеш,
Қудрати ҳувияти миллӣ фузунтар гашт беш.
То раҳо ёбем аз бунбастҳои беамон,
Роҳҳою нақбҳо шуд боз ҳар сӯйи ҷаҳон.
Ҳалқаи барқе, ки буд, он хасми бадкин канда кард.
Роҳбар ин ҳалқаро пайвасту аз нав зинда кард.
НОБ-и «Роғун» хонаи моро ҳаме равшан кунад,
Чун сипар мустаҳкаму бар ҷони мо ҷавшан кунад.
Нақшаи оби зулолаш Созмонро дод баҳр,
Киштияш бидҳад наҷоти ташна дар ақсои даҳр.
Шод пирону зи дониш баҳравар хурду калон,
Гашта давлат худ кафили рушди ҳар тифлу ҷавон.
Аз талоши Роҳбар деҳоту шаҳр обод шуд,
Шуд манотиқ дӯст, мардум ҳам зи ғам озод шуд.
Кохи Миллат, Кохи Сомон рамзи ободии мост,
Кӯчаҳои шаҳр ҷойи хуррамӣ, шодии мост.
Боғҳои Рӯдакӣ, Айниву Хайёму Ирам
Сайргоҳи дилписанди пойтахти кишварам.
Пешво овард мардумро ба ин айёми хуш,
Мо шудем осудаҳол, афзуда гашта ақлу ҳуш.
Шукри оромии кишвар, шукри даврон мекунем,
Фахр аз таъриху фарҳанг аз дилу ҷон мекунем.
Пешво имрӯз такя бар ҷавонон кардааст,
Бостонро бо хирад хуррам чу бӯстон кардааст.
Пешво Хуршед шуд, торикшаб равшан намуд,
Ҷон ба ҷони ҳар яке бинҳода, тан ҷавшан намуд.
Ҳар чӣ кард ӯ, заррае аз хасми ҷон парво накард,
Аз ғаму дарди дилаш нолиш зи дасту по накард.
Пешво гуфто равад то рӯзи бадбахтии мо,
Тез бояд муттаҳид гардем, гашта ҳамнаво.
Рӯзи қаҳтӣ мушкили миллат гирифта ӯ ба дӯш,
Аз дилу ҷон дода бар арзи халоиқ гӯшу ҳуш.
Буд пайомадҳои зишти иҷтимоӣ ногувор,
Иқтисод аз бенизомиҳо намешуд устувор.
Арзи миллӣ ҳам набуд, доду ситад бо арзи қарз,
Артиши миллӣ набуд, ноамн монда хатти марз.
Аз пайи дарёфти сарчашмаи асъор шуд,
То даме ки махзани давлат ҳама саршор шуд.
Чун муҳайё шуд замина баҳри рушди иқтисод,
Махзани асъори олам кард бар мо эътимод.
Баъди ислоҳотҳо беҳ гашт сатҳи рӯзгор,
Пояи давлат зи саъйи Пешво шуд устувор.
Рушди куллӣ ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ биёфт,
Шоҳиди он буд, ки давлат бар камоли худ шитофт.
Ӯ на танҳо марди донои сиёсат буду род,
Ҳам диловар, ҳам шуҷоъ ӯ буду садре бар ситод.
Марди истеъдоди фитрӣ буд ӯ бо дарки ҳол,
Фикру зикраш дар амал исбот гашта бемисол.
Манфиатҳои Ватан, миллат варо дар хатти пеш,
Аз ниҳодаш дур карда нафъи модӣ, нафси хеш.
Сохти давлат низоми нав шуду иқдоми нав,
Дам ба дам меёфт чун имкони нав, илҳоми нав.
Кард пеша ҳикмату фарҳангу фазли бостон,
Иттиҳоди пошхӯрда халқ дар як остон.
Дид чун ӯ ҳар замон ноамние орад силоҳ,
Дод фармон халъи он, то решакан гардад гуноҳ.
Буд вазнин вазъи халқу иҷтимою иқтисод,
Ҳам хазина он замон аз дасти қаллобон касод.
Кард охир ин ҳама душворҳоро ҳаллу фасл,
Дод баҳри киштгардонҳо замин дар чор фасл.
Баҳри ваҳдат саъй сидқан кард бо қавлу қарор,
Бо рақибон гуфтугӯҳо, шафқати аҳли фирор.
Амну осуда бишуд давлат чу соҳибихтиёр,
Гашт машҳури ҷаҳону лоиқи сад ифтихор.
Ҳаст мафҳуми маҳал, давлат, адолат, ҳам ҳуқуқ,
Ҳаст панду ҳикмату ҳастӣ, ки монад бар уфуқ.
Ҳам матонат, ҳам шуҷоат, ҳам ҷасорат буд ин,
Ҳам садоқат, ҳам саодат, ҳам маҳорат буд ин.
Чор мақсад, бо маромаш қутби дурахтарнамо,
Шартнома баст бо барномаҳо баҳри бақо.
Алҳақ, озодии инсон, нақши ӯ равшан бигашт,
Боз волотар бад-ин сон нақши модар–зан бигашт.
Бояд аввал, гуфт, бошад сабт Сарқонуни мо,
Баъд давлат ёбад аз ҳар бобате нашъунамо.
Гашт Сарқонун қабул бо пурсиши аҳли диёр,
Қадри инсон аз ҳама воло бишуд бо ин қарор.
Асли Сарқонун бишуд бо раъйпурсӣ чун қабул,
Баъди расман гаштан эълон, шуд ба ҳақ оламшумул.
Ҷузъи дунёем мо, халқи баномуси диёр,
Давлати демократӣ дорему соҳибихтиёр.
Давлати мо дунявӣ ҳасту ҳуқуқбунёд бас,
Рушду озодию қонун аст моро дастрас.
Дӯстии халқҳо поянда андар марзи мо,
Ҳаст бунёди адолат ҳам шараф, ҳам қарзи мо.
Соҳиби ин давлати мухтор мо, равшануфуқ,
Иззату озодии инсону таъмини ҳуқуқ.
Ҳаст ин давлат ягона, сулҳҷӯ, ваҳдатшиор,
Тобеъи марказ, мутобиқ, боматонат, устувор!
Шуд забони тоҷикӣ аслан забони давлатӣ,
Лафзи русӣ қадру мавқеъ дораду ҳам иззате.
Низ дар гуфтор озод аст ҳар халқе, нигар,
Бо забони хеш карда гуфтугӯ бо якдигар.
Мо, ки узви созмонҳоем дар ҷамъи милал,
Эътирофи шартнома – эътиқод андар амал.
Шаҳри гулбоғи Душанбе пойтахти кишвар аст,
Ин ҳама гулгулшукуфоӣ зи азми Сарвар аст.
Гашта қонуну ҳуқуқ арҷи баланди шаҳрванд,
Нангу виҷдону шараф касро намояд арҷманд.
Ҳаққу озодии инсон арзиши олӣ ҳисоб,
Қадру номусу ҳаёту амн дар Қонункитоб.
Тинҷию сарҷамъии мулканд миллат, халқият,
Эътибору қудрати садчанд дорад ҷамъият.
Ҳаст ҳар як минтақа пайванд бо расму русум,
Нест тақсиме ба сарҳад, ҳам ҳудуду марзу бум.
Манъ тарғиби амалҳои ҷудоӣ ҳаст сахт,
Шаҳрвандонанд бо ҳам дар амону некбахт.
Тибқи Қонуни асосӣ ҳаст як воҳид ба марз,
Амну таъсису тамомии макону тулу арз.
Дин зи давлат, давлат аз дин аст қонунан ҷудо,
Дар Ватан се шохаи давлат бувад асли бақо.
Ин сиёсат ҷониби сулҳофаринӣ мебарад.
Эҳтироми аҳли олам ҳаст фарҳангу хирад.
Манъ дар кишвар бувад таҳдидҳо, ташвиқи ҷанг,
Дар равобит ҷовидон аз душманӣ дорем нанг.
Хос шакли иқтисод асту ривоҷи ҷамъият,
Ҳифзи ҳар як шакли молу мулк дорад манфиат.
Чунки давлатрост хоса пулу ҳам асъори худ,
Харҷу сарфу гардиши мобайни мол афзуд зуд.
Ҳаст аз давлат фазою обу сарват, ҳам замин,
Ҳам табиат, ҳам тамоми кону маъдан инчунин.
Шаҳрванди Тоҷикистон гашта ҳифзаш барқарор,
Чораю тадбири баргардонданаш н-ояд ба кор.
Ҳар яке бошад баробар назди қонун, пеши суд,
Бишканад тартиб, н-ояд бар зану бар мард суд.
Ҳар киро, қатъи назар аз миллату ҷинсу забон,
Ҳифз бо дину нажодаш мекунад давлат аён.
Ҳар яке ин ҷой дорад комилан ҳаққи ҳаёт,
Ҷурми сангин гар кунад, аз суд кай ёбад наҷот?
Ҳар кӣ дар ҳифзи ҳуқуқаш мешавад давлат кафил,
Чунки адвокат дар ин кору амал дорад далел.
Шуд дахлатнопазир амволу ҳам маъвои кас,
Нест мумкин хона бо таҳдид кардан дастрас.
Аз барои ҷабр ҳатмӣ дида ҷуброни зарар,
Ҳар киро ҷурме бувад, подош ҳам ҳаст он қадар.
Ҳаст сиррӣ ҳар хабарнома, паёму гуфтугӯ,
Нест ҷоиз нисбати ҳар шахс кардан ҷустуҷӯ.
Шаҳрвандонрост ҳаққи ҳиҷрату зисту маҳал,
Рафтану ҳам бозгаштан, сайру осуда амал.
Ҳар кӣ битвонад ба ҳар дине намояд пайравӣ,
Ҳаст бо ҳар урфу одат, расму оин дилқавӣ.
Ҳар яке дорост, созад дар сиёсат иштирок
Ҳамчу хизматчии давлат дасту дил бояст пок.
Ҳар киро манъ аст маҷбурӣ намудан ҷалби кор,
Ҳар чиро қонун нафармояд, надорад эътибор.
Шаҳрванд аз синни ҳаждаҳ ёфт ҳаққи интихоб,
Номукаллаф ҳаст бар суд ӯ, намесозад шитоб.
Ҳаст ҳаққи шахс дар маҷлис равад гирдиҳамой,
Дар намоишҳову раҳпаймоӣ амн ояд ба ҷой.
Нашру табъ озоду ҳам озодӣ аст андар сухан,
Қатъиян манъ аст буҳтон нисбати халқу Ватан.
Аз азал бар молу мулк орад ҳақи мерос кас,
Чун зарар орад касе, ҷуброн бибояд з-он сипас.
Чунки ҳаст оила аслан ҳам асоси ҷамъият,
Марду зан доранд дар ташкили он бас манфиат.
Мард ё зан чун расад як рӯз бар синни никоҳ,
Мешавад бо ақд бастан бахти онҳо ифтитоҳ.
Ҳаст моро имтиёзи ройгон аз кори тиб,
Аз саломат ҳар яке то ин ки гардад бонасиб.
Ҳаст баҳри пиру ҳам бемору маъюб имтиёз,
Камбизоатро мадад давлат кунад, рафъи ниёз.
Ҳикмату фарҳангу эҷоду ривоҷи маърифат,
Тарбия, таълим ҳатмӣ, дар умум, аз ҳар ҷиҳат.
Моли зеҳнӣ ҳаст таҳти ҳифзи қонун, бегумон,
Чунки маҳсулест, ояд аз вуҷуди ҷисму ҷон.
Модару кӯдак фақат бояд ки ғамхорӣ шаванд,
Чораю тадбири он аз давлат ояд дилписанд.
Манъ бошад ҳар тариқа кори вазнин баҳри зан,
Чунки дорад он зарар аз рӯи илму фазлу фан.
Бо кифоят музди меҳнат боядо ҳадди ақал,
Ҳар киро корест, дар муздаш намебояд халал.
Ҳаққи манзил ҳар яке дорад ҳаме андар ҳаёт,
Босифат созанд ҳар шакле, ки бахшояд нишот.
Рӯзгор аз кас бихоҳад ранҷу меҳнат, касбу кор,
Ҳаст лозим ҳар якеро, то биёбад эътибор.
Истироҳат ҳаққи ҳар кас ҳаст, бешакку гумон,
Ҳар касеро манзиле бояд, ки бошад дар амон.
Ҳар яке омода бо ҷон аст бар ҳифзи Ватан,
Баҳри хидмат боядаш афзоиши неруи тан.
Ҳифзи кишвар ҳаст қарзи ҷонии ҳар шаҳрванд,
Ҳар ҷавоне қадри ин бояд бидонад арҷманд.
Ҳифзи таъриху табиат ҳаст саҳми ҳар яке,
Нақши худ бояд гузорӣ, беш ё ки андаке.
Ҳаст ҳатмӣ додани андозу ҳам боҷу хироҷ,
Дахли буҷа мешавад, сармоя аз баҳри ривоҷ.
Садри олӣ, Садри аъзам худ Президенти мост,
Раҳбару Сарвар ба халқ, он худ ягона Пешвост!
Чун Президент бошад сарвари ҳокимият,
Ҳар якеро ҳаққи таъйин дораду ҳам таҳният.
Худ Президент мебошад дахолатнопазир,
Амни ӯ таъмин намудан ҳаст фарзе беназир.
Пеш аз иқдом Сарвар мекунад савганд ёд,
Уҳдадориҳо, кафолатҳо ба худ гирад зиёд.
Чунки Сарвар мешавад бар садри олӣ интихоб,
Ҳини савгандаш бимонад даст бар Қонункитоб.
Чун ба ин ойин бигашта Раҳбари мо интихоб,
Дар сиёсат Пешво шуд Сарвари олиҷаноб.
Худ Президент самту раҳ муайян мекунад,
Халқро даъват ба сӯйи роҳи равшан мекунад.
Иқтисоду рушд, фарҳангу маориф ҷобаҷо,
Ҳам забону расму оин урфу одатҳо зи мо.
Сохтору шакли кишвар ҳаст тағйирнопазир
Ҳаст арзу буму шаҳру кӯҳу дашташ беназир.
Ганҷи Сарқонун бувад подоши азми Пешво,
Халқи кишвар гашта бас бо раъйпурсӣ ошно.
Шуҳрати мо шуд зи Сарқонун фузун дар Созмон,
Ҳаст моро чун замину марзу буму осмон.
Бахтнома баҳри миллат ном карданд ин санад,
Баҳри давлат гашт меъёри сиёсат то абад.
Ҳаст моро дар сиёсат асли дарҳои кушод,
Дар тиҷорат ҳам ба хориҷ мешавад доду ситод.
Ҳар ки дорад шаъну номусу виқору нангу ор,
Дар амал иҷро кунад фармуди онро устувор.
Тоҷикистон гашт узви созмонҳое ба даҳр,
Барқарор аз нав бигашта ҳар вилоят, деҳу шаҳр.
Рушд аз нав ёфт фарҳангу маориф, илму фан,
Шуд баробар қадри инсон, шуд мусовӣ марду зан.
Илм бар ақлу ба зеҳн аст иқтидори равшанӣ,
Бо таҳаввул узви фаҳму дарк мегардад ғанӣ.
Илм худ роҳест омӯзем асрори ҷаҳон,
Бо тафаккур асли ҳар воқеа мегардад аён.
Пешворо мешиниосемаш ғаюру қаҳрамон,
Ҳам фақеҳу ҳам фасеҳу қосиди сулҳи ҷаҳон.
Ходиму арбобу сарвар, садру раҳбар, Пешво,
Доҳию донову ҳозиқ ҳам бигӯемаш, раво.
Гуфтаю ҳам кардааш эъмори давлатдорӣ аст,
Дарси давлатдории ӯ даъвати бедорӣ аст.
Ҳаст меъмору муҳандис халқро баҳри наҷот,
Раҳнамои рӯзгору раҳбари сулҳу субот.
Рамзҳои давлати мо Парчаму Гимну Нишон,
Арзиши миллӣ, ҳудуду марзу фарҳангу забон.
Ҷашнҳо Наврӯзу Сада, Тиргону Меҳргон
Аз ниёгон гашт эҳё боз дархӯрди замон.
Обу иқлим арҷ шуд дар созмонҳои ҷаҳон,
Ҳамчунон мероси фарҳангӣ бишуд ганҷи гарон.
Чун бишуд маълум моро қадри фарди бохирад,
Ҳам таҳаввул, ҳам такомул омад аз фазлаш мадад.
Гуфт, бегонапарастӣ мебарад фарҳанги мо,
Оварад ифротгар айёми тору танги мо.
Шуд қабули созмон маншури Куруши Кабир,
Робиа аз Балх – доною ҳакими беназир.
Хоса Эъломияи машҳури Қонуни башар
Аз ҳамин маншур андар матни худ дорад асар.
Чун бишуд меъёри хубу устувори мамлакат,
Шуд кафолат баҳри амну рушди аҳли ҷамъият.
Баҳри миллат буд ин гардиш ба маҷрои бузург,
Даври эҳёи Ватан овард ин садри сутург.
Зиндагии нав зи буҳрон раставу такмил ёфт,
Рӯз беҳ шуд, рушд карду бо шараф таҷлил ёфт.
Бин, ки Сарвар кард барпо инқилоби маънавӣ,
Давлати тоҷик шуд пурзӯр, мустаҳкам, қавӣ.
Ёфт худ мафҳуми миллат эътимоду эътибор,
Пояи аҳли зиё шуд пойдору устувор.
Киштии мақсуди ӯ бар соҳили армон расид,
Қатрае аз чашмаи армони найсонҳо чашид.
Худ ба сӣ сол ӯ раҳи садсолаҳоро тай намуд,
Соиру тоир бигашта, чор ҷониб раҳ кушуд.
Насли нав, даврони нав, эҳсони нав, имкони нав,
Сохти нав, бахти нав, паймони нав, аркони нав.
Ҳар киро ғолиб бишуд эҳсоси эъмори Ватан,
Эътимоди Пешво шуд дарк андар анҷуман.
Ёфт чун рушду ривоҷе илму зеҳну маърифат,
Дода бас таълими ирфон бар маориф манфиат.
Ҳамчунин эҳё бишуд расму русуму анъана,
Базму таҷлили нишоту ҷашнҳо бо тантана.
Ин ҳама шоиста хидмат лоиқи масъул буд,
Ганҷи бепоёни миллат бармало маъмул шуд.
Ин бишуд имкони таърихии нотакрори мо,
Раҳнамою мазҳари пояндаю анвори мо.
Воридоту содирот андар табодул шуд фузун,
Харҷу ҳам сарфи тиҷорат ҳам ба дохил, ҳам бурун.
Шуд ҳимоя қадру қимат, оила, мактаб, муҳит,
Ғояҳо, ҳувияти миллии мо ҳам шуд басит.
Бас фарогир аст ангези ҷаҳонӣ баҳри кас,
Ҳолати руҳу равонаш ҳам мутобиқ ҳасту бас.
То раҳо шуд мардум аз дини ғуломӣ, бардагӣ,
Аз дағову ранҷу дарду заҳмату озурдагӣ.
Худ зуҳури Пешво кашфест аз аҳли башар,
Бас варо ақлу заковат бар ҷаҳон орад самар.
Ҳаст ӯ доим ба кор, ӯро даме ором нест,
Бо фароғат як даме як луқма андар ком нест.
Бин, ки дар саҳни сиёсат кас наёбад ҳеҷ айб,
Дод бас бар бенавоҳо, кай будаш изҳори ҷайб.
Ҳаст рӯяш пуршукӯҳ, азму талошаш безавол,
Дар сиёсат ҳашматаш бин ҳам ба вақти қилу қол.
Нони ҷавро ӯ бихӯрду аз қаноат сер гашт,
Фавқулода корҳо кард ӯ, чу ботадбир гашт.
Дар сухан лаҳни фасеҳаш ҳасту лафзи модарӣ,
Адлу инсофаш фузун, бар нафс дорад доварӣ.
Ҷуст бояд умқи маънӣ аз масири Пешво,
Табъу завқаш меҳри Меҳан дода андар қалб ҷо.
Меҳри ҳар фарди Ватан бошад варо дар сина ҷо,
Аз Худо ӯ дорад амни кишвари худ илтиҷо.
Мактаби давлатвариаш дар масири қарнҳо,
Бо калиди ақл бикшояд дари ояндаро.
Гуфтаю ҳар кардааш маънию ҳам панду калом,
Суфтаю комил бувад дар маснади олимақом.
Шавқу илҳомаш ҳаловат аз фазои маънавӣ,
Маънии фазлаш фузун чун дар каломи Мавлавӣ.
Суҳбати ёрон бувад неруву ҳам дармони ӯ,
Хирмани дониш чи хуш дар давраю даврони ӯ.
Шуҳрати ӯ дар назар ҳаст ибрати дунё, нигар,
Рӯй бар минбар ниҳад, чун мушкиле ояд агар.
Хулқу атвораш бубин, авзоъи он бас муътадил,
Фикрҳо, андешаҳо иброз ёбад мустақил.
Халқ иноят мекунад, баҳраш ҳаёти хуш яқин,
Вокуниш изҳори ҳақ, ибрози адлу дил ҳамин.
Равшании ақлу зеҳн эҳдо ба қалби одамон,
Бин ту азму ҳиматаш воло зи мавлои замон.
Шуд масири дури оянда ба қутби худ нишон,
Ҳамрадифи ғояи миллат бувад андар ҷаҳон.
Вақт ӯро шарту меъёр асту умри бо бақо,
Баҳри ҳар тасмим гаҳ аз дур меояд садо.
Дарки эҳсоси бақо дар тинаташ аз ирсият,
Гуфтааш ибрат бишуд дар кор, ҳам дар урфият.
Муҳтавои гуфтааш дар сатҳи дунё дар назар,
Ин ҳама асноди миллат гашта худ садҳо асар.
Махзани миқёсии фикру баён доимамал,
Дар суханҳояш фаровон ҳикмату панду масал.
Аз тариқат, дину мазҳаб нестам гуфто хиҷил,
Лек бар миллат, ба халқи беназир астам асил.
Шукр месозад зи шуғли суннатии мардумон,
То шавад қадри рафоҳат, қайд месозад ҳамон.
Баҳри истиқлоли ақлонӣ далолат мекунад,
Мардуми саргаштаро сидқан иноят мекунад.
Хуштабиат аз сиришташ ҳаст ӯ бо табъи хуш,
Хулқу атвораш зи тинат, чун садо ояд ба гӯш.
То шавад комил ҳар инсон, нек аз рӯи хирад,
Ҳар кӣ то шоиста гардад, ӯ бидонад хубу бад.
Суҳбати хоса чу орад гоҳ бо аҳли карам,
Ман, ки муштоқи ваям, аз ин ҳаловат мебарам.
Ҳам иродат, ҳам итоат ҳаст бо арзи адаб,
Бо саодат шукри ҳастиаш намуда рӯзу шаб.
Эҳтироми хосаи аҳли зиё бо сад сипос,
Ҳар чӣ дар қалбаш бувад, ёбад ба чашмаш инъикос.
Бо умеди вақту айёми хуши аҳли назар
Бин ҳидоятҳо ҳамеша оварад нахли самар.
Ҳар киро дар ҷавҳараш бошад агар ақли расо,
Шукри он, к -аз неку бад афзун адаб орад баҷо.
Сатҳи қадру қимати инсон варо бошад азим,
Шуғлу диди мардум ӯро ҳаст дар марзи муқим.
Худ шуури миллӣ афрӯзад чу тақдири Ватан,
Руҳи миллӣ, ҷанбаҳои равшани халқи куҳан.
Мо дучори сахти бархӯрди тамаддунҳо шудем,
Шоҳиди навгонию рушди тафаннунҳо шудем.
Ҳам таассуб, ҳам хурофот, офату ифрот беш,
Ғасбу террору таҷовуз беш мегардад зи пеш.
З-ин ҳама ворастагӣ чун гашт дарки Пешво,
Раҳнамоӣ кард баҳри пешбурд аҳли зиё.
Гуфт, истиқлоли мо бунёди нақбу НОБ-у роҳ,
Пешрафту равнақу рушду нумӯъ аз ҳар нигоҳ.
Ноб-и «Рогун» шуд набарди рӯшноиҳо ба тор,
Қадри миллат шуд баланд, иқдоми он боэътибор.
Ҳаст ҳарсола Паёми Пешво беҳад зарур,
Раҳнамои қисмати ин халқу фарди бошуур.
Шуд паёмаш муҳтавои маънавии Пешво,
Аз вуҷудаш, аз самими қалб меомад нидо.
Гуфт, гарчи сол бас вазнину ноором буд,
Рушд карда иқтисод, аҳли Ватан хушком шуд.
Буд дар дунё низоъу баҳсу наҳсу ҷанги сард,
Аҳли қудратҳои ҷангӣ беамон андар набард.
Лек мо сулҳу салоҳ андар сиёсат доштем,
Баҳри оромии дунё базри ваҳдат коштем.
Гуфт, оромии дунё ҳаст моро ногузир,
То ки аҳли мулкро ин марз бошад дилпазир.
Рушди Меҳан бештар аз рушди соҳибкорӣ аст,
Қадри мардум низ беҳ дар ваҳдату ҳамёрӣ аст.
Сатҳи омори таваррум ҳаст, ҳаққо, муътадил,
Дар ҳуқуқу ҳақ ба кишвар ҳар як инсон мустақил.
Ҳар ҳадаф исбот шуд ҳам дар сухан, ҳам дар амал,
Дар тавозун қурби асъор аз тиҷорат шуд бадал.
Гуфт, бошад бештар пардохт бояд ғайри нақд,
Рушд ёбему дар истеҳсолҳо бандем ақд.
Ғадру ифроту фасод аз ин миён бояд зудуд,
Назму тартибу низоми корҳо хоҳад фузуд.
Хуб бояд гардад авҷи иқтисодоти рақам,
То ки дар буҷа наёбад роҳ ҳар нуқсону кам.
Ҳифзи амни иттилоъ афзуд бояд аз хатар,
То ки аз фанноварӣ огоҳ бошад ҳар нафар.
Дорад андар худ замина илму дониш, маърифат,
Ҳамли дахлу харҷро ҳар нақд мебахшад сифат.
Сарвату сармояи инсон, ки бошад бас зарур,
Зеҳни сунъӣ корро суръат бубахшад, ҳам вуфур.
Солҳо шуд рушди имконоти инноватсион,
Сохтан шарту шароит, кадрҳо лоиқ ба он.
Манъ кард ӯ санҷиши афзуни соҳибкорро,
Имтиёзу ҷалби сармоя фузун асъорро.
Бар саноат боядо шарту шароит, вазъи беҳ,
То ривоҷу рушд ёбад ин замон ҳар шаҳру деҳ.
Нақш бар ояндаи кишвар зи саҳми ҳар ҷавон,
Неруи зеҳнӣ бувад иршодро ёрирасон.
Буд мулоқоте муҳим з-ин пештар бо аҳли дин,
Ҳурмати танзими ҷашну расму оин шуд яқин.
Баҳри ҳар фарде бувад модар ҳаме ганҷи гарон,
Чунки пайванд аст тору пуди инсон бо забон.
Гуфт, модар монеи фарзанд аз бегонагист,
Хуб донад гумраҳӣ з-ифротию девонагист.
Амни кишвар боядо пеш аз ҳама таъмин кард,
Ҳар ниҳод аз баҳри осоиш ба ҷон тазмин кард.
Ҳам маоши хуб беҳ дар зиндагӣ, инфоқ ҳам,
Ёрии муҳтоҷу бекасҳо биафзояд ниам.
Буд муҳим пардохт моро ҳар намуд андозҳо,
То барад маҷмуъи пулу мол бар афрозҳо.
Худкифо гардем мо дар барқ соли бисту ҳафт,
Чун расад ин рӯз, гардад сарфа бас ангишту нафт.
Боз дар оянда гардад хуб сатҳи нақбу роҳ,
Рушд ёбад бахши сайёҳӣ басе аз ҳар нигоҳ.
Кард изҳори сипосе бар шарикон рушди хеш,
Ҳамлу нақли байнбигзар бошем андар саффи пеш.
Бар кишоварзон бигардад дар сифат маҳсул беҳ,
Шуд ба гулгашту чаман кишти зироат бас шабеҳ.
Беш хориҷ боз маҳсулот карда содирот,
Пулу асъори фузун аз ҷумла шарти воридот.
Бас муҳим ӯ гуфт саҳми илму дониш, маърифат,
То ки бошад ихтироъу кашфиёту манфиат.
Аз пайи иҷрои қонун оиди кӯдак шавем,
То ба ифротӣ наомезанд, дар кумак шавем.
Ҷаҳд бояд кард, то кӯдак биёбад тарбия,
Озмуну имтиҳон афзуд аз ҳар зовия.
Ҳал шавад қонуни миллӣ дар Ватан аз ҳар ҷиҳат,
Баҳри иршоди маориф кард бояд маслиҳат.
Беш ёрӣ боядо бар мактабу омӯзгор,
Дарси дарки маънавӣ аз ӯст андар рӯзгор.
Ҳифзи мероси тамаддун, расму оин, анъана,
Гул кунад дар ҷашнҳои миллии мо тантана.
Насли фарҳангии мо, дунёи истеъдоди мо,
Мекунад гулчин ҳама мерос аз аҷдоди мо.
Арҷ бигзорем бар алломаҳои халқи худ,
Эътирофи Созмон бингар, ҳама арзанда шуд.
Гашт Наврӯзии мо иди ҷаҳонӣ, беназир,
Ҷашни Эъломия мебояд зи Куруши Кабир.
Самти тиб ислоҳу тасҳеҳ он қадар бояд шавад,
Илми Сино фахри насли нав бимонад то абад.
Илми тиб таъмин ҳамебояд ба таҷҳизоти нав,
Рушди он худ ҳаст тадқиқоту таҳқиқоти нав.
Ҷои кору шуғлу меҳнат ҳаст бахше бас зарур,
То нагардад кас барои ризқи худ маҳҷуру дур.
Боядо танзим андар меҳнати ҳиҷрат кунем,
Ҷои кор эҷод карда ҷумлагӣ даъват кунем.
Низ бояд ҳар ҷавон донад ҳаме чандин забон,
Кор дар ҳамкорӣ ояд беш дар сатҳи ҷаҳон.
Ақлу илму фазл хушбахтии инсон ҳасту бас,
Фориғ аст аз хашми тӯфони ҳаводис ҳуши кас.
Баҳраҳо аз зиндагӣ шахс аз такопӯҳо барад,
Бе ҷадал кай мешавад устод ҳар як бехирад.
Баҳри меҳнат боядат омӯхт хуб ирфони касб,
То биёбӣ илму дониш, бо амал худ соз насб.
Аз хурофоту зи ифротӣ амон ҳар як ҷавон,
Чун аз он сайёра ноором гашта ин замон.
Диққати махсус бояд дод бар тамрину ҳарб,
То кунем эмин Ватанро аз ситези Шарқу Ғарб.
Варзиш иршод аст андар самтҳои бас зарур,
Буд дар ин сарзамин пӯлодбозу бо вуфур.
Хавфи терроризм акнун сатҳи дунёӣ гирифт,
Гашта аз ин аҳли сайёра парешон, дар шигифт.
Мо, ки дорем андар ин ҷода мақоми устувор,
Чора андешем бар амн, аз хатарҳо бар канор.
Худ хатар дорад басе тағйири иқлим дар ҷаҳон,
Бас муҳим афтод ҳифзи пирях дар ин замон.
Бас ташаббусҳо, ки мо дорем дар мавзуи об,
Нақшаҳо дорем дар оянда аз баҳри савоб.
Шуд ҳадаф дар минтақа дар пешрафти муштарак,
Чунки мо бо ҳам ҳамеша буда ҳамнону намак.
Иқтисоди «сабз»-ро бояст рушду робита,
Ҳифзи назми ин табиат ҳаст моро восита.
Ҳаст ҳифзи ҳаққи атбои муҳоҷир бас шараф,
Ин бувад самти сиёсӣ, бас муҳим аз ҳар тараф.
Бо ҷаҳон ҳамкориҳо дорем бо дарҳои боз,
Аҳли дунё з-ин табодул гашта шоду сарфароз.
Дар табодул мо шуда бо мулкҳои ҳамҷавор,
Рафтуои пурмуҳаббат гашта моро ибтикор.
Дар масири роҳи абрешим гузашти корвон,
Ҳамлу нақли манфиатҳо муштарак шуд комрон.
Халқро ин суҳбаташ омад ба як набзу маром,
Пандҳо мегуфт ӯ бар мардумаш неку мудом.
Муҳтавои ин паёми нек агар бар кас расид,
Боядо андарзҳо дарёфт з-ин ганҷи муфид.
Ҳар Паёмат медиҳад аз фазлу фарҳангат нишон,
Баҳри халқат, кишварат бахшидаӣ худ ҷисму ҷон.
Кард аҳли кишвар аз ин азм неку вокуниш,
Қалбҳо мекард аз ихлос бо шодӣ тапиш.
Илму фарҳангу маъонӣ, донишу фазли ҳаёт,
Иртиботу дӯстиҳо, авҷи паймони наҷот.
Ҳаст моро олимону орифон оламшумул,
Ҳамчунон овардаҳои барҳақи аҳли усул.
Рӯдакӣ дорему Айнӣ, низ Синою Камол,
Ҳофизу Саъдию Фирдавсӣ – бузургу безавол.
Санъати тоҷик чанде ёфта бас инкишоф,
Шуҳрати фарҳангияш андар ҷаҳон шуд эътироф.
Пешрафте ёфт таҳсили нуҷуму илму фан,
Чанд дар ҷомеа воло гашт қадру нақши зан.
Гашт ҳар як дарси Сарвар баҳри мо ҳамчун сабақ,
Субҳу шоми фазли мо шуд арғувонӣ з-ин шафақ.
Пешво худ бесабаб ин сон нагашта муътабар.
Халқро бар ӯ бувад хуш эътиқоде чун падар.
Шоҳро худ хислати аввал бад-ин ҳиммат бишуд
Дар сиёсат ҷиддӣ, аммо зоҳиран ҳайбат бишуд.
Шуд сиёсат файзбахши рӯзгору умри ӯ,
Ҳаллу фасли садди сангин созгори умри ӯ.
Ибтидо бар пешвоӣ буд ӯро итминон,
Чунки буд ин фикри мардум дергаҳ вирди забон.
Фахр дорем аз Шумо, эй Пешвои Тоҷикон,
Аз ниё ҳастем бо ту мо зи насли ориён.
Пешво! Шуд сулҳу ваҳдат, рӯзи неки тоҷикон,
Рӯшноӣ ҳастият орад ба ҳар як хонадон.
Эътибори Тоҷикистон Пешво худ ҳасту бас,
Ӯ кафили шодию озодию виҷдони кас.
Шоҳи шоён, шоҳи шоҳон, шоҳи даврон, шоҳи роҳ,
Офтоби халқи тоҷик, рӯйравшан ҳамчу Моҳ.
Шоҳи доно, шоҳи дилҳо, шоҳи шоҳаншоҳҳо.
Шоҳи одил, шоҳи оқил, шоҳи дилогоҳҳо.
Пешво омӯхт бурду бохти Сомониён,
Сирри пирӯзию ҳам нокомии Сосониён.
Жарф ӯ омӯхт даври инкишофи Ориён,
Пешрафти пешдодиёну даврони Каён.
Дар замони хештан Зардушт буд яктопараст,
Худ Куруш бо фазлу ҳикмат ҷабру зулматро шикаст.
Даврае буд тохтутозу истилои аҷнабӣ,
Қисмате гашта ғулому дигаре садру набӣ.
Қарнҳое гарчи гум кардем мавқеву замин,
Ин забон худ миллат эҳё кард, не мазҳаб, на дин.
Дарси нек омӯхт ӯ аз рӯзгорони ниё,
Ин бишуд ибрат ба кору низ бар аҳли зиё.
Чанд аз аҳли зиё доданд баҳри халқ ҷон,
Шод карда руҳашонро, дод номи қаҳрамон.
Кард ӯ тақдим Қуръонро ба ҳар як хонадон,
«Шоҳнома» ҳар кӣ хонад, боз меёбад забон.
Пешво гуфто бихонедаш ба дастури хирад,
Ҳаст дар он ҳикмати аҷдоду ганҷури хирад.
Озмун омад: «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб!»,
Аҳли дониш рӯй бар он оварад чун Офтоб.
Пешворо мо муаззам, Садри шоён дидаем,
Сарвари арзанда дар ҳар давру даврон дидаем.
Ман варо андар набарду пушти сангар дидаам,
Дар ҳама майдон варо пирӯзу сафдар дидаам.
Ман бидидам, кард ӯ сарҷамъ халқи дар фирор,
Гарчи мекарданд баъзе номи некаш доғдор.
Нутқи ӯ бишнидаам дар машварат, дар анҷуман,
Байни аҳли заҳмату дониш, ҳама халқи Ватан.
Ман варо дидам басе дар ҷабҳаҳои корзор,
Дидаам пирӯзияш бар хасми гашта торумор.
Ман шудам шоҳид, накард ӯ шиквае аз захмҳо,
Ҳар якеро пандҳо мегуфт аз баҳри шифо.
Ман варо дидам миёни мардуми деҳқон чунон,
Бо фақиру пир, бо хурду калон мехӯрд нон.
Ман бидидам, кард ӯ парвоз, ҷонаш дар хатар,
То кунад ҳал мушкили мардум, нагашт ӯ аз сафар.
Ман будам ҳамроҳ дар парвоз андар абри тор,
Ҳамчу аз ғайб абр мешуд тоза, кӯҳдоман – диёр.
Ман бидидам, чанд раҳ карданд бар ӯ қасди ҷон,
Вораҳид аз тири душман, гарчи буд қалбаш нишон.
Ман шунидам нутқи ӯ дар минбари байналмилал,
Ёфт аз иқдоми ӯ камбуди об имкони ҳал.
Пешворо ман, ки шоҳид гашта дар кору амал,
Саъйи афзун кард дар ободии ҳар як маҳал.
Ман бидидам кандани кӯҳсору роҳу нақбу НОБ,
Рӯзи мардум то шавад беҳ, ӯ надорад ҳеҷ хоб.
Ман бидидам, баҳри осоиш диҳад ҳар дам паём,
Аз гузашта, аз бузургон, шоирон панду калом.
Ман бидидам, пок кард ӯ ашки мискину ятим,
Баҳри пирону фақирон ёрияш буд бас азим.
Ман бидидам, бурд боло қадри Модар, қадри зан,
Қадри фарҳангу ҳунарҳои нафиси ин Ватан.
Чун бидидам харҷу исроф омад аз ифротиён,
Кард қонун роҳи танзиму раҳоӣ аз зиён.
Ман бихондам чор тасмими варо дар иқтисод,
Роҳу барқу озуқа, ҳам бар саноат рушд дод.
Ман бидидам дар сиёсат нест дар қалбаш ҳарос,
Бо бузургони ҷаҳон мумтоз ояд дар қиёс.
Ман бидидам, бас таҳаввул кард андар илму фан,
Ҳар ҷавонро гуфт: хонед ин ҳама андарзи ман.
Ман зи ӯ омӯхтам дарси садоқат, дарси азм,
Дарси ирфон, дарси фарҳангу хирад, ҳам дарси назм.
Дарси маънӣ, дарси ҳастӣ, дарси дониш, дарси панд,
Дарси илму ҳам амал, ҳам рӯзгори судманд.
Ҳам биомӯхтам зи дарси ӯ шуҷоатҳои хеш,
Ҳам гузашта, ҳозира, ҳам давраи оянда пеш.
Ҳар чӣ омӯхтам, навиштам з-авҷи кору рӯзгор,
Ин ҳама дарси ҳаёту Сарвар аст омӯзгор.
Ранҷҳои Пешво чун гашт дар зери назар,
Худ навиштам шеърҳо бо шавқу бо шӯру шарар!
* * *
Парчами қисмат зи баҳри миллатат афрохтӣ,
Аз фазои маънавӣ девори давлат сохтӣ.
Қимати сулҳу сафо ибрат шуда дар анҷуман,
Нархи эҳёи Ватан бо нақди ҷон пардохтӣ.
Душмани деринаат қасди хиёнат карда буд,
Хасмро аз пардаи рӯпӯши ӯ бишнохтӣ.
Чун шунидӣ сабку оҳангу ниёзи бекасон,
Нағмаи оҳанги дил бар ғофилон бинвохтӣ.
Муҳтавои рушди Меҳан нақшаи ҷовиди туст,
Баҳри ободии кишвар дил ба заҳмат бохтӣ.
Шуд маромат ибтикори созмони даври даҳр,
Дур баҳри равнақи кишвар назар андохтӣ.
Бо заковат кай шавад ибрат мусовӣ дар қиёс?
Чун ба баҳси оқилон дар ҳар куҷо бебохтӣ.
* * *
Ман, ки шоҳид Пешворо ҳастам андар кору бор,
То нависам ин ҳама, шуд қарзи виҷдонам шиор.
Фикрҳоро боядо таҳрир, ҳам тафсир кард,
Умри сабзаш бо дуъои модарон тақдир кард.
Баҳри ин рӯзи шараф гӯем ҳар лаҳза сухан,
Шукри Сарвар, шукри ободию амни ин Ватан.
Заррае гуфтем аз ҳар шоҳкори Пешво,
Ҳар кӣ масъул аст, созад ин рисолатро адо.
Эй Ниҳонӣ, чанд гуфтам, фикри мо охир нашуд,
Ҳар сухан гардид гавҳар, нав ба нав маънӣ кушуд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
