НОБИҒАЕ АЗ ТАБОРИ ОРИЁН
Ибни Сино парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдевори илми ҳазорсолаи мост.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳикмате аз бузургон ёдгор аст, ки аз марзи барӯманд ҳосили наку бихезад ва ниҳоли шаҳдрез бирӯяд. Сарзамини Хуросони Бузург, ки покмарзе зи Ориёни бостон аст, модари ҳазоршаҳрҳои Балху Ҳарӣ, Марву Сор, Хоразму Бухоро, Саразму Самарқанд, Тахти сангину Хутали куҳан ва даҳҳои дигаре буда, ки абармардони бузурги сиёсат, ҳикмату адаб, фарҳангу ҳунарро ба дунё овардаву онон равшангарони беназири роҳи инсоният гардидаанд. Яке аз ин покмарзи беназир хоки Балх аст, ки зодгоҳи Зардушти Сипидамон, хонадони Бармакиён, нажоди Сомониёни бузург ва дар ин радиф решапайванди нобиғаи илму ирфон, Муаллими сонӣ Абуалӣ ибни Синои тоҷик аст.
Таърих гувоҳи ҳол аст ва хирадмандони олам ҳанӯз дар даврони эҳёи Аврупо, асрҳои XIV-XVI, пури Синоро бо осори тиббию фалсафӣ, риёзию ҳандасияш шинохтаю чун Авитсенна дар радифи бузургтарин нобиғагони олами илму хирад гузоштаанд. Бузургтарин донишманд ва маърифатгарою инсонпарвари даврони эҳё Данте Алигерии итолиёвӣ (1265-1321), муаллифи бузургтарин асари сатҳи ҷаҳонӣ «Мазҳакаи илоҳӣ» бузургони олами илму ирфони ҷаҳонро чун ситорагони тобон барчида, «устоди доноён» Арастуро дар марказ ва Суқрот, Афлотун, Толис, Ҳироқлидис, Зенун, Уқлидус, Балтимус, Буқрот, Ҷолинус, Абуалӣ ибни Сино «устоди доноёни Шарқ», ибни Рушдро дар гирди ӯ ҷой дода, ки беҳтарин эътироф аст.
Бузургмарде чун Абурайҳони Берунӣ дар бисёре аз асарҳояш ному кору пайкори бузургони илму адабро бо эҳтирому ихлос зикр намуда, бахусус, номи Абуалӣ ибни Синоро дар китоби «Осор-ул-боқия» бо камоли адабу ифтихор дарҷ намудааст. Ӯ дар ин асар ҳангоми шарҳу тафсири ҳарорат дар шуои офтоб ва чунин хосиятро надоштани равшании моҳ хулосаи хешро баён сохта, доир ба ҳаракати ҷисмҳои фалакӣ ва барнагардандагии вақту макони аслӣ - фазо баҳс ороста, ишораи хуби илмию таърихӣ намудааст: «Ва ман ин масоилро дар ҷойи дигаре, ки аз ин китоб муносибтар аст, зикр кардаам, бахусус дар суҳбате, ки миёни ману ҷавони фозил Абуалӣ Ҳусайн бинни Абдуллои Сино дар чунин матлаб рӯй додааст».
Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» зикри хос аз қудрати фитрии пури Сино намуда нигоштааст: «...Ва хоҷа Абуалӣ андар ин ҳолат вазир буд ва шоҳаншоҳ Алоуддавла Муҳаммад ибни Душманзиёр бар вай иқболе (боварӣ) дошт. Ва ҷумлаи мулк дар дасти ӯ ниҳода буд ва кулли шуғл ба рою тадбири ӯ бозгузошта. Ва алҳақ, баъди Искандар, ки Аристатолис вазири ӯ буд, ҳеҷ подшоҳе чун Абуалӣ вазир надошта буд».
Дар ин даврони мусоид ва зери сарпарастии шоҳи ориёӣ, пури Сино осори ҷовидонаи хеш «Шифо» ва «Донишнома»-ро барои Алоуддавла навиштааст. Китоби фалсафии «Донишнома»-ро бо забони модариаш - тоҷикӣ эҷод намуда, беҳтарин вожаҳои илмиро бо забони соф тоҷикӣ вориди илми фалсафа, мантиқ, табииёт ва тиб гардонидааст.
Фирдавсӣ бо «Шоҳнома» чун эҳёгари фарҳангу тамаддуни ориёӣ, бо назм забони тоҷикиро аз махлутшавӣ бо забони арабӣ поккорӣ намуда бошад, ин рисолатро дар илмҳои бунёдӣ, дақиқ ва табиию риёзӣ пури Сино дар «Донишнома» сомон додааст. Ин як далели қатъии ориёӣ ва аз нажоди озодагони тоҷик будани ӯст.
Аз сабаби он ки арабӣ дар замони хилофати араб, бахусус хилофати Аббосиён, мақоми забони расмии муносибатҳои давлатӣ, илмӣ, дину шариат эътироф шуда буд, аллома Сино аз 456 асар ҳиссаи зиёдашро бо арабӣ эҷод намудааст. Ҳатто тибқи шаҳодати шогирдонаш луғатномаи бузурге дар ҳаҷми бисту як ҷилд бо номи «Лисон-ул-араб» («Забони араб») таҳия намудааст. Дареғо, аз ин миқдор осори илмӣ аз дасти душманону ҳасудон ва ифротиёну риёкорон, илмситезони ҷоҳил танҳо 240 асари ин нобиғаи таърихи башарият боқӣ мондааст, ки зиёда аз 23-тои онҳо бо забони модарияш - тоҷикист.
Сино дар таърихи илми ҷаҳонӣ поягузор ва аввалин гӯяндаи рубоӣ ва фардбайтҳои фалсафист, ки, тибқи шаҳодати шогираш Абуубайдуллоҳи Гургонӣ, назму мусиқиро барои фароғат аз кори илмӣ ба сомон меовардааст. Ин рисолатро, сипас, дигар бузургони фарҳангу адаби тоҷик, бахусус ҳаким Умари Хайём идома дода, ба авҷи хеш расонидааст.
Дар даврони шукӯҳи давлати миллии тоҷикон шоҳзодагони Сомонӣ, бахусус Исмоили Сомонӣ, барои бедории афкори миллӣ ва эҳёи арзишҳои тоисломӣ заминаҳои мусоиди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва адабиро барои равшанфикрон фароҳам сохтанд. Ин анъанаи наку то даврони Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ идома ёфт. Баъди табаддулоти ҳарбии Қарахониёну Ғазнавиён майдони хурофоту таассуби динӣ васеъ гашт ва ҳамаи бедорони миллатро ба куфру гуноҳ, чун қарматию рофизӣ, исмоилию алавӣ ё алипараст ба марг маҳкум намуданд. Ин мусибату туҳмат дар радифи Рӯдакию Фирдавсӣ, Дақиқию Носири Хусрав ба сари Берунию Сино низ омад ва Сино Бухорои азизашро тарк намуд. Бо бародараш аз таъқиби душманон гурехта, аввал ба Хоразм, сипас ба шаҳрҳои Нисо, Абевард, Тӯс, Нишопур, Деҳистон, Рай, Қазвин, Ҳамадон, Исфаҳон, Гургон рафт. Яке аз шогирони вафодори ӯ Абуубайдуллои Гургонӣ, ки зиёда аз 25 сол ҳамроҳи Сино буд ва дар ҷамъоварии осори устодаш хидмати беандоза намудааст, ҷасорату мардонагӣ ва миллатдӯстдории устодашро зикр намуда менависад, ки ӯ хостори расидан ба хизмати шоҳи ориёгавҳари Гургон Қобус ибни Вушмагири илмдӯсту олимпарвар (976-1012) буд. Вале, афсӯс, ки пеш аз расидани Сино ин шоҳ бо дасисаи хурофотиёни ҷоҳил ва дасти писари ношудаш аз тахт барканору дар зиндон кушта гардид. Лек, руҳи шикастнопазири ин олими ҳамадон аз таъқибу зиндон, бенавоию оворагӣ ҳеҷ шикаста нагардидаву то охирин нафас пайи омӯзиш, табобат ва эҷоди асарҳо буд.
Феҳристи асарҳои ӯ худ як донишнома ва доиратулмаорифи бузургест, ки барои эҷоди чунин асарҳои беназир чанд донишгоҳу академияҳои тадқиқотии соҳавиро мебояд, ки солҳо кор кунанд. Ин ганҷҳои шойгон «Китоб-уш-шифо», «Ал-қонун», «Ал-маҷмуъ», «Наҷот», «Донишномаи Алоӣ», «Мантиқи форсӣ», «Ҳалли мушкилот-ул маъния», «Пирӯзнома», «Ҳай бинни Яқзон», «Китоби инсоф» ва садҳо дурри бебаҳо, ки равшангарони роҳи имрӯзу фардои инсоният ҳастанд, дар заминаи холӣ пайдо нашудаанд.
Пайки шодиву тараб табли бедорист, ки тобистони соли 2025-ум 1045-солагии нобиғаи давру замонҳо, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар ҷаҳон ҷашн гирифта шуд ва Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр дар Душанбеи азизи сабздоман ин санаро бо аҳли хираду дониш, пажуҳандагони осору афкори ин абармарди таърих, ки дасти мадади ӯ асрҳост дардҳои мардумонро шифо, мушкилоташонро осон месозад, пазироӣ намуд. Эй хушо, озодиву истиқлоли Ватан, ки тоҷик дар сари минбарҳои баланд озодона ниёгони арҷманди хешро, фарзонафарзандони оламшумулашро соҳибӣ ва бо ифтихору шодмонӣ хотироти ононро гиромӣ медорад.
Аминҷон ЗАРИФӢ,
Омӯзгори Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод,
Аҳрор НОДИРЗОДА,
омӯзгори Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
