Надонистани таърихи диёр гуноҳ аст
Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Боре тасодуф шоҳиди суҳбати ҷавонон шудам. Онҳо сари вожаҳо баҳс доштанд ва ба якдигар гапи худро гузарондан мехостанд.
- Ҳойит аз забони қирғизӣ ба забони мо омадааст, - мегуфт ҷавони паҳлавонҷуссае. - Падарам мегӯяд, ки қарнҳои пешин дар ин диёр қирғизҳо мезистанд ва онҳо макони зисти худро чунин ном гузоштаанд.
Дигар ҳарфе ба гӯшам намедарояд, аз хулосаи ҷавон табъам хира мешавад ва бидуни хоҳиш ба суҳбати онҳо ҳамроҳ мегардам.
- Бачаҳои ҷон, аз рӯзе, ки инсон ба рӯи замин қадам гузоштааст, дар кӯҳистони Рашт тоҷикон умр ба сар мебаранд, - ба онҳо нигариста мегӯям ман. - Ин ном ба ҳеҷ миллати дигар тааллуқ надорад.
- Мо ба гапи шумо бовар намекунем, амак, - мегӯяд ҷавон. - Падарам ин суханҳоро аз падараш шунидааст.
- Падарат гуфта бошад ҳам, ғалат шунидааст, - бо овози паст посух мегӯям ба вай. - Ин сарзамин моли касе набуд. Хокдони тоҷик буду ҳамин хел мемонад. Яке аз донишмандони ҳойитӣ Авроди Шарифхӯҷа - фарзанди Шарифхӯҷаи Кӯҳистонӣ дар бораи номи Ҳойит дар мақолааш навиштааст: «Ҳойит то вақтҳои охир ба ҳар маъно ифода меёфт ва ҳар кас ба қадри тавоноии хеш аз ин калима маънӣ дармеёфт. Масалан, дар «Ясно», ки яке аз қисматҳои «Авасто» ба ҳисоб меравад, ин калима чунин аст. Маҷмуи асосии он сурудҳои мазҳабию динӣ буда, аз 72 фасл иборат аст ва фаслҳоро дар он ҳойитӣ меноманд. Маънои ин бандест, ки зардуштиён дар миён чун нишони хоси фарқкунанда се бор мепечонанд ва ин банд аз 72 нахли пашм бофта мешуд. Умуман, фарҳангшиносон ва луғатдонони қадим ва ҷадид вожаи «ҳойит»-ро ба маънои «ҳота» фаҳмондаанд. Лек ин маънои зоҳирии калимаи ҳойит аст. Маънои маънавии он ё худ маънои авастоии он намозгоҳ аст. Яъне, ҳойит аз ду вожаи «Авасто»: «ҳо» ба маънои дуо ва «йит» маънои гоҳ ва макон».
- Узр, амак, - дастамро дошта бо меҳрубонӣ мегӯяд ҷавон. - Афсӯс, ки мо чунин маълумотро то имрӯз нашунидаем.
Ман ҳам пайи кори худ раҳсипор мешавам....
Дилам дард мекашад. Аз он хафа мешавам, ки ҷавонон одитарин чизро аз таърихи деҳу диёрашон намедонанд. Дар сурате, ки маънии номи деҳаи худро намедонанд, куҷо хабар аз рӯзгори гузаштаҳои номдори миллати хеш доранд? На аз корномаи Сафедҷомагон хабар доранду на аз қаҳрамониҳои Шерак. На ҷасорати Восеъ ва на аз фидокориҳои Усмон. Намедонанд, ки ба хотири ҳифзи мардум дар ҳар гӯшаи кишвари тоҷикон даҳҳо қалъаҳои бузургу устувор сохта буданд. Намедонанд, ки модари тоҷик фарзандонеро ба дунё овардааст, ки барои башарият хизматҳои арзанда кардаанд. Аз он бештар дард мекашам, ки таърихи як гӯшаи зебои Тоҷикистони азиз ҳанӯз пурра дастраси мардум нест. Сарзамине, ки ҳамеша тоҷикон сукунат доштанду доранд. Тоҷиконе, ки аз Самарқанду Бухоро, Кӯлобу Вахё, Риштону Намангон ва дигар мавзеъҳо омада, ба тоҷикони маҳаллӣ пайвастаанд. Намедонанд, ки замоне дар миёни кӯҳпораҳо қалъаҳои бузургу мустаҳкам низ будаанд...
Ёдам меояд суханҳои ҳушдордиҳандаву пур аз андарзи Пешвои маҳбуби миллат: «Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем».
Дар ноҳияи Рашт бо номҳои Нимич, Ялдамич, Шингилич ва Ярхич деҳаҳо мавҷуд аст. Замони шуравӣ ба ҳар маънӣ мефаҳмиданду мегуфтанд маонии вожаҳоро. Ин вожаҳоро моли миллати дигар мехонданд. Танҳо даврони соҳибистиқлолии мамлакат маълум шуд, ки маънии ин деҳаҳо ибодатгоҳ будааст. Ҳатто пирони деҳаи Ялдамич даврони наврасии мо бо ифтихор мегуфтанд, ки маънии номи деҳаашон макони муқаддас аст. Ниёгони мо пеш аз паҳн гардидани дини ислом дар замони хеш дар мавзеъҳои муносиб ибодатгоҳҳо бунёд карда будаанд ва дар асоси таълимоти мазҳабии худ рӯзҳои муайян аз дуру наздик он ҷо ҷамъ омада, ибодат мекарданд. Шояд қарнҳои пеш аз милод бошад. Ва батадриҷ атрофи ибодатгоҳҳо мардум хона бунёд кардаву сокин шуданд.
Сарзамине, ки имрӯз бо номи Рашт маъруф аст, дар замонҳои қадим бо ҳамин ном шуҳрат доштааст, аммо баъди асри XIV бо номи Қаротегин ёд мешавад. Чунон ки аз гуфтаи муаррихони пешин ёд мешавад, дар асрҳои II ва I пеш аз мелод аз ин мавзеи тоҷикнишин Паретакен ном мебурданд (Муҳтарам Ҳотам). Маълум мешавад, ки баъдҳо номи Паретакен вайрон гардида, ба Қаротегин табдил ёфтааст.
Дар баробари ин, олими маъруфи забоншинос Шамсулло Исмоилов калимаи қаротегин ё қартегинро аз вожаи «каратегин» медонанд ва маънои онро қаторкӯҳҳои баланд гуфтаанд. То соли 1930 сокинони маҳаллӣ диёри худро Қартеғин ном мебурданд ва ин гӯиш то имрӯз дар шеваи сокинони водии Камаров зинда аст. Пирони дараи Камаров, ки аксар таҳсилкарда буданд, маънои вожаи «қартегин»-ро аз қаря ва тегин медонистанд, яъне, маҳаллаи ҷавонмардон.
Олими рус В. В. Григорев, ки оид ба қавмҳои бостонии эронӣ таҳқиқоти назаррасеро анҷом додааст, ҳанӯз дар қарни Х1Х дар чандин мақолаи худ менависад, ки дар замони юриши мақдуниён ба Осиёи Миёна дар Қаротегину Олой қабилаҳои ориёӣ - сакоиҳо зиндагӣ мекарданд, ки яке аз аҷдодони бевоситаи тоҷикон ба шумор мераванд. Агар ба тадқиқоти ин олими варзида такя намоем, бешубҳа, замоне аҷдодони мо то Олой соҳиби ин хоку об будаанд.
Бостоншиносон ҳанӯз даврони шуравӣ муайян карданд, ки дар мавзеи Лахши ноҳияи Лахш шаҳр ва қалъаи қадимае будааст. Пеш аз пайдоиши ислом одамон зиндагонӣ доштанд. Ба ин тангаҳои сикказадашуда, олоти корӣ ва асбобу анҷомҳои дарёфтшудаи рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд.
Қариб дар рӯи ҳамаи ашёҳои ёфтшуда дар қатори дигар нақшунигорҳо, асосан, чор гул сабт гардидааст. Бинобар ин, бостоншиносон ин мавзеи қадимаро шаҳри Чоргул ном ниҳодаанд. Шаҳри Чоргул дар қисмати шарқии Дашти Лахш воқеъ гардидааст, ки аз тарафи шарқ онро теппакӯҳи хеле баланд иҳота намудааст.
Ҷустуҷӯҳои археологӣ дар чуқурии беш аз 1,5 - 2 метр гузаронида шудаанд. Қабати хоку санги тозакардашуда аз он шаҳодат додаанд, ки шаҳри мазкур дар натиҷаи аз кӯҳ лағшидани хоку лойи зиёд хароб гардидааст.
Дар сағонаҳо фавтидагон бо аслиҳа ва дигар ашёҳо якҷоя гӯронида, ҳангоми дафн расму оини дини ислом риоя нагардидааст. Аз ин рӯ, олимон ба хулосае омадаанд, ки ин шаҳри харобгардида дар давраҳои то пайдоиши ислом арзи вуҷуд дошта, баъдтар хароб гардидааст. Ҳамчунин, қисме аз навиштаҳои болои ашёҳо гувоҳи он аст, ки ин шаҳр яке аз марказҳои қабилаҳои ориёӣ - кумедҳо - аҷдодони пеш аз исломи тоҷикон мебошанд.
Таърихшиноси машҳури тоҷик Юсуфшоҳ Ёқубов дар бораи ин мавзеъ менависад: «Мо дар водии Сурхоб - аз Нуробод то Ҷиргатол зиёда аз 50 ёдгории давраҳои гуногунро кашф намудаем, ки аҳамияти таърихӣ доранд. Кофтуковҳои мо дар Лахш саҳифаҳои нави таърихиро кушоданд. Дар совхозҳои Лахш се намуд гӯрхонаҳои қадимиро ёфтем. Гӯрхонаҳо ба давраи сакоиҳо - кумедҳо (асрҳои IV-III пеш аз милод) тааллуқ дошта, гуфтаҳои Птоломейро дар он бора, ки аҳолии водии Сурхобро кумедҳо ташкил мекунанд, тасдиқ мекунад...
Мо дар харобаҳои Чоргул ковиш гузаронидем. Таҳқиқот нишон дод, ки бисёр биноҳои шаҳр аз хишти пухта сохта шуда буданд. Шаҳр то задухӯрдҳои асри XVI яке аз марказҳои маданияту савдо ба шумор мерафт».
Соли 1946 дар назди деҳаи Ҳисораки Ҳойит хазинаи ашёҳои симин ва заррин ёфт шуд. Овозаи ин бозёфтҳои қиматбаҳо ба Раиси ҳамонвақтаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев расонида шуд. Бо ташаббуси Шогадоев ҳайкалчаи тиллогине ба назди Б. Ғафуров бурда мешавад. Ҳайкалча ин симои олиҳаи оташ – Аша мебошад. Вай дар дасташ миҷморӣ дорад, ки ба ҷои забонаи оташ санги сурхи ёқут гузоштааст. Олиҳаро тоҷи ба ҷавоҳирот оро медод. Сарулибоси олиҳа ба замони Кӯшониён - асрҳои II - I пеш аз милод рост меояд. Ин олиҳа дар маъбади оташ меҳробро оро медод.
Муаллифи китоби «Таърихи ҳумоюн» Содиқхоҷаи Гулшанӣ баъди сафари хеш ба водии Рашт охирҳои асри XIX дар бораи ин диёр чунин навиштааст: «Ин иёлат касир-ун-нуфустарин иёлати кӯҳистон аст. Дорои 18 қалъа аст».
Ба андешаи ин ҷониб, вақти он расидааст, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ин бозёфтҳои таърихӣ хубтару беҳтар омӯхта шаванд. Агар имкон бошад, баъзе қалъаҳоро то андозае барои тамошои сайёҳон дубора бунёду таъмир намоянд. Ҳамчунин, омӯзгорони фанни таърих дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар баробари таърихи дигар манотиқи Тоҷикистон ба зодагони Раштонзамин оид ба гузаштаи ин диёр маълумоти бештар диҳанд, то ин ки ҷавонони раштӣ дар оянда раҳгум назананд ва ба ҳарфи ҳар раҳгузар бовар накунанду мероси ниёгонро ба бегонагон мутааллиқ надонанд.
Диловари МИРЗО,
собиқадори «Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
