https://sadoimardum.tj

Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон

№:115 (5167), 28 сен 2026, 17:08
2

Бисту ҳаштуми сентябри соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор гардид.

Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъо­лияти илмӣ ва илмию техникӣ», «Дар бораи лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи алоқаи фелдегерӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкорӣ оид ба мубодилаи маълумот ҳангоми амалисозии иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти ваколатдор ва шахсони мансабдор» ва «Оид ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум пешниҳод шуданд.

Дар ҷаласаи Шуро, ҳамчунин, вобаста ба масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар ҷаласаҳои Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи гурӯҳи назорати низоми электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси рафти Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Шурои Маҷлиси намояндагон, инчунин, «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ ҷиҳати такмил додани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» қарор қабул кард.

Масъала «Дар хусуси Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷиноятҳои киберӣ: тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муайяни бо истифода аз низоми иттилоотию коммуникатсионӣ содиршаванда ва дар мубодилаи далелҳои шакли электронии марбут ба ҷиноятҳои вазнин» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Шурои Маҷлиси намояндагон «Дар бораи даъват кардани Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи ­сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» низ қарор қабул кард.

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: