Баррасии ҳамкории байнипарламентӣ бо Олмон
Якуми июли соли равон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо Президенти Парламенти музофоти федеролии Саксония - Анҳалти Олмон Гуннар Шелленбергер фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки мо аз сатҳу муҳтавои робитаҳои имрӯзаи Тоҷикистон ва Олмон изҳори қаноатмандӣ мекунем ва мулоқоти имрӯзаро баёнгари сатҳи олии робитаҳои ду кишвари дӯст медонем.
Иброз гардид, ки мулоқоту музокироти роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Олмон идомаи талошҳои пайвастаи ду ҷониб ва ҷавобгӯи манфиатҳои волои мардумонамон мебошад. Гуфта шуд, ки мувофиқаҳои дар ҷараёни мулоқотҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери федералӣ ва Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон зимни баргузории ҳамоишҳои якум ва дуюми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Олмон» бадастомада ба рушди ҳамкории ҳарду кишвар дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо такони тоза мебахшанд.
Мавсума Муинӣ изҳор намуд, ки мо ҷонибдори рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, металлургия, саноати сабук ва химия, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, иқтисодиёти рақамӣ ва фарҳанг бо музофоти федеролии Саксония - Анҳалти Олмон мебошем.
Дар вохӯрӣ густариши ҳамкории Тоҷикистону Олмон, таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ ҳамчун механизми мусоидат ба раванди ҳамкории мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ гардид.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





