https://sadoimardum.tj

73 нафар сазовори медалҳои тиллову нуқра гардиданд

18 июл 2025, 09:45
0

13 -уми июли соли 2025 дар  Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат”- шаҳри Душабе маросими ҷоизасупории озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқра, аттестати аълои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ бо медалҳои тилло ва нуқра баргузор гардид.

Қайд гардид, ки  озмуни мазкур на танҳо сатҳи дониши хонандагонро муайян мекунад, балки онҳоро барои омӯзиши минбаъда ва расидан ба қуллаҳои баланди илм ташвиқ менамоянд. 

Дар озмун аз байни 120 хонанда 73 нафар  сазовори аттестати аъло бо медалҳои тилло ва нуқра гардиданд. Аз ҷумла, 10 нафар сазовори аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, 39 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло, 2 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра, 19 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва 3 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали нуқра шуданд.

Н. МУРОДБЕКОВА, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: