Партизандухтари ҳоитӣ

№:59 (4955) 14 май 2025, 08:52
2

 Мастона Раҳимова дар деҳаи Ярхичи миёнаи собиқ ноҳияи Ҳоит ба дунё омадааст. Соле, ки ҳукумати шуравӣ дар Раштонзамин барқарор шуд, ин духтари оқилу ҷасур даҳсола буд. Ҳокимияти навтаъсис барои беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинони мамлакат тадбирҳо андешид. Дар натиҷа мактабҳои нав таъсис ёфтанд ва ӯ қатори дигар духтарони ҳамдиёраш мактаб омаду бо завқу рағбати зиёд ба илмомӯзӣ оғоз кард. 

Роҳбарияти ноҳия донишу истеъдоди ӯро ба назар гирифта, соли 1934 бо розигии волидон ба шаҳри Душанбе фиристоданд. Ду сол дар мактаб-интернат ва се сол дар техникум таҳсил кард. Баъд аз бозгашт ба ноҳияи Ҳоит Ҷӯра ном ҷавоне ба хонаашон хостгор фиристод. Ӯ зодаи шаҳри бостонии Самарқанд буд ва он вақт дар вазифаи сардори НКВД (ҳоло Кумитаи амнияти миллӣ) - и ноҳияи Ҳоит кор мекард. 

Дере нагузашта ҷои кори ӯ тағйир ёфт. Мастона аз сабаби иваз шудани ҷойи кори шавҳар ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон кӯч баст. 

Соли 1940 Ҷӯра Саидов барои идомаи фаъолият ба шаҳри Одесса фиристода шуд. Вай оилаашро ҳамроҳ бурд. Пас аз се моҳи ба шаҳри Одесса рафтани онҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. 

Ҳафтае нагузашта Мастона бо розигии шавҳар ихтиёран ба отряди партизанӣ пайваст. Чанд муддат духтарони ҷасурро таълими ҳарбӣ доданд ва барои иҷрои супоришҳои махсус гурӯҳи онҳоро ба ақибгоҳи душман сафарбар карданд. Духтарони диловари шуравӣ барои аскарони сурх маълумоти муҳим мефиристоданд. 

Моҳи июли соли 1943, бинобар ҳомиладор шудан, ӯро ба ақибгоҳ фиристоданд. Мастона ба шаҳри Самарқанд баргашт ва моҳи ноябри ҳамон сол писараш Эркин ба дунё омад. 

Мастона Раҳимова дар суҳбат бо рӯзноманигор Азизи Фаттоҳ он рӯзҳоро ба ёд овардааст: «Вақте маро дар Самарқанд депутати халқии ИҶШС, даъвати дуюм интихоб намуданд, шодиамро интиҳо набуд. Соли 1944 ба бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Самарқанд дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм намудам. Маро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои кор пешбарӣ карданд. Баъд аз чанд рӯз қарор тағйир ёфт. Маълум шуд, ки барои кор кардан дар мақомоти болоии кишвари номбурда ҳама ҳуҷҷатҳоям мувофиқ аст, ба ҷуз миллатам…

Эркинро муваққатан ба шавҳараму ақрабо гузошта, роҳи Ватанро пеш гирифтам. Маро дар Тоҷикистон хуш пазируфтанд. Як сол дар мактаби олии ҳизбӣ таҳсил кардам. Соли дигар маро раиси суди халқии ноҳияи Ҳоит интихоб намуданд. Писарчаамро наздам овардам. Шавҳарамро, барои кор ба Германия фиристоданд. 

Соли 1949 бар асари заминҷунбии Ҳоит садҳо одамон зиндадаргӯр шуданд. Камина бо ҳафтод нафар хешовандонам дар як рӯз падруд гуфтам…

Соли 1950 ба Вахшонзамин муҳоҷир шудем. Дар тӯли беш аз 35 сол дар ноҳияи Қубодиёну Шаҳритус дар зинаҳои масъули роҳбарӣ ифои вазифа кардам». 

Мастона Раҳимова баъд аз ба нафақа баромадан дар водии Вахш давлати пирӣ ронд ва ҳамон ҷо вафот кард.

Диловари МИРЗО, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: