Мирзо Турсунзода - чеҳраи бу-зурги адабӣ ва фарҳангию сиёсӣ
Дар байни шахсиятҳои нотакрори миллию башарӣ, ки ҷомеа ниёзманду мадюни онҳо буду ҳаст, устод Мирзо Турсунзода ҷойгоҳи хос дорад. Ҳувияту ҳайсияти тоҷикӣ, ташаббусу ибтикороти шахсӣ, эҳсоси ватандорӣ, садоқату вафодорӣ, иқтидору тавонмандиҳои фардӣ ӯро ба ҳайси симои истисноии миллию фаромиллӣ муаррифӣ кардаанд. Дар ин замина ба чанд нукта таваҷҷуҳ зоҳир мекунем:
Якум. Зиндагиномаи Мирзо Турсунзода аз оғоз то анҷом заҳмат, машаққат, мубориза, талош, такопӯ ва хидмат дар роҳи ба пирӯзӣ ва муваффақият расидани халқу миллати азияткашидаи тоҷик ва ақвоми мазлум аст. Устод то ба дараҷаи як шахсияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, маданӣ ва илмӣ расидану миёни мардуми шуравӣ ва халқҳои Осиёву Африқо соҳибэҳтиром гардидан заҳмату талошҳои зиёде ба харҷ додааст. Ба ин тартиб, аз мактаби хонаводагию музофотӣ, дарсу дуои аввалин муаллими мактабиаш Абдураҳмон Ғуломиро гирифта, соли 1926 ба пойтахт омад ва ба педкомбинати Душанбе (омӯзишгоҳи педагогӣ) дохил шуд. Ба қавли академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, ин муассисаи таълимӣ якумин ятимхона ё интернати Тоҷикистон дар Душанбе буд, ки раҳбариашро Аббос Алиев ба уҳда дошт. Қобилияти хуби дарсазхудкунӣ ва кӯшишу ғайрати Мирзо Турсунзодаро ба назар гирифта Аббос Алиев ӯро бо чанд ҷавони дигар барои таҳсили минбаъда ба Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд мефиристад. Баъд аз хатми ин даргоҳ соли 1930 бо роҳхат ба Душанбе баргашта, фаъолияташро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» идома дод.
Дуюм. Он замон фарзандони содиқи Ватан ва умуман, равшанфикрону зиёиёни миллӣ, мавриди таъқибу фишор қарор доштанд, ки Мирзо Турсунзода ҳам дар амон набуд. Алайҳи ӯ мактуби беимзо ташкил намуда, аз рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ронданд ва чунон карданд, ки дигар рӯзномаҳо ба кор қабул накунанд. Соли 1934 халосиашро аз муҳити носолими пойтахт дар сафар ба Хуҷанд мебинад ва чанде дар муҳити адабии Хуҷанд фаъолият карда, боз ба пойтахт бармегардад.
Сеюм. Мирзо Турсунзода аз мактаби ватанпарастӣ ва миллатсозии устодон Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров гузашта буд ва мисли ин ду шахсияти бузурги таърихию сиёсӣ сиёсати шуравиро ба манфиати миллати тоҷик хуб истифода бурда тавонист. То ҷое ки устод Айнӣ ба ин шогирди дар роҳи миллатдӯстию ҳувиятсозӣ ба дараҷаи устодирасида эътиқод ва эътимод пайдо карда буд. Вобаста ба ҳунари раҳбарӣ, ташкилотчигӣ, ҳимматбаландӣ, масъулиятшиносӣ, ватандорӣ ва миллатдӯстии устод Мирзо Турсунзода устод Айнӣ боре дар ҳузури Раҳим Ҳошим гуфтааст: «Ин ҷавони миёнақади пуррарӯйи ҳисорӣ қобилияти аҷибе дорад. Гап фақат дар қобилияти шоирии вай нест, балки ӯ одамонро ба гирди худ ҷамъ карда, муборизаи худхоҳӣ ва худписандиҳоро барҳам дода, пеши роҳи зуҳури гурӯҳбандиҳо ва маҳалчигиҳоро гирифта, ҷиҳатҳои қавӣ ва неки ҳар як аз онҳоро ёфта метавонад ва барои пешрафти адабиёт аз ранҷиш ва озурдагиҳои шахсӣ чашм мепӯшад».
Чаҳорум. Устод Турсунзода баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ба мавзуъҳои сулҳу дӯстӣ ва мардумпарастию гуманизм рӯ меорад ва наҷот ёфтани башар, аз ҷумла мардуми азияткашидаи Осиё ва Африқоро аз зулму истибдоди империализми ҷаҳонӣ маҳаки кори тасвир, эҷод ва таблиғу ташвиқ қарор медиҳад. Дар ин замина, достонҳои «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Чароғи абадӣ» ва «Ҷони ширин»-ро навишта, аз ин тариқ мавзуи муборизаи халқҳои Осиё ва Африқоро густариш мебахшад.
Панҷум. Устод Турсунзода, новобаста аз серкорӣ ва масъулиятҳои сиёсию давлатӣ, тайи фаъолияти босамари фикрию эҷодӣ 200 мақолаву очерк ва қайдҳои сафар ба мерос гузоштааст, ки ғолибан маҳсули бардошт, диду боздид ва мулоқоту вохӯриҳои ӯ дар гӯшаю канори мамлакати паҳновари вақт (манзур - Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ) ва 25 кишвари Шарқу Ғарб мебошанд.
Вазъи адабу фарҳанги миллӣ ва умуман, мероси маънавии мо ҳамеша мадди назари устод Турсунзода қарор дошт ва ӯ эҷодкорони асилро дар мақоми офарандагони таърих мешинохт ва қадр мекард. Илова бар ин, устод Турсунзода халқро манбаи илҳом ва тасвиру инъикоси ҳақиқату воқеият ва манофеи миллию мардумиро ба унвони меъёру меҳвари кори эҷодӣ талаққӣ намудаанд.
Шашум. Устод Турсунзода дар тарбияи насли нави шоирону нависандагон ва рушди адабиёту фарҳанги миллӣ саҳми сазовор гузоштааст. Насле, ки устод ба камол расонидааст (Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Саттор Турсун ва дигарон), рамзи адабиёти навини тоҷиканд. Пайваста дар фикри рушду тараққии адабу фарҳанги миллӣ будан ва ҳамаҷониба дастгирӣ кардани шоирону нависандагони ҷавон формулаи зиндагии шахсӣ ва фаъолияти давлатии устод Турсунзода будааст. Парвардаи мактаби сиёсӣ, адабӣ ва мадании устод Турсунзода Муъмин Қаноат лаҳзаҳои охири зиндагӣ ва насиҳату андарзҳои устодро чунин ёдоварӣ намудааст: «Ман ба Николай Тихонов занг задам ва аз ҷумла, гуфтам, ки ҳам беморам ва ҳам даҳаи русро дорем ва дар ҷаласаи кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ наметавонам ширкат кунам. Ваколати ман низ ба уҳдаи шумост. Ва аммо бо ин хоҳиш, ки вақти ҷаласа «Суруши Сталинград»-и Муъмин Қаноат аз ёд наравад». Бо шунидани ин суханон Муъмин Қаноат мегӯяд: «Устод, муҳим саломатии шумост, на ҷоиза». М. Турсунзода мегӯяд: «Бародар, зиндагӣ танҳо ҳамин як роҳ дорад: мубориза барои ҳадафи аслӣ, то охирин нафас...». Устод Турсунзода, чуноне ки адабиётшиноси тоҷик Худойназар Асозода таъкид кардааст, дар зиндагии шахсӣ ва эҷодӣ манфиат надоштанд. Ҳатто дар охирин лаҳзаҳои умр ба фарзандонаш васият кардаанд: «Ҳар чӣ дорам, ба миллат тааллуқ дорад, талош накунанд» ва, воқеан, фарзандони устод ҳар чӣ ки аз устод боқӣ монда буд, гирдоварӣ карда, дар ихтиёри хона-музей қарор доданд.
Ҳафтум. Устод Турсунзода дар баробари бузургтарин чеҳраҳои сиёсию мадании даврони шуравӣ, назири Николай Тихонови ленинградӣ, Константин Симонови рус, Мирзо Иброҳиму Самад Вурғуни озарбойҷонӣ, Чингиз Айтматови қирғиз, Ҳамид Ғулому Ғафур Ғуломи ӯзбекистонӣ, Расул Ғамзатови доғистонӣ, Эдуардас Межелайтеси литвонӣ чеҳранамоӣ мекард ва бо он ки имрӯз, мутаассифона, исми он симоҳои тобноки адабу фарҳанги шуравӣ аз хотираҳо фаромӯш шуда истодаанд, номи фарзанди миллати тоҷик, хушбахтона, вирди забони ҳамагон аст. Чун ӯ шоири халқ буд, ҳамеша паҳлуи халқ мемонад, ниёзҳои мардумро, ки бар мабнои сулҳу ваҳдат, дӯстию рафоқат, оромию амният ва меҳру муҳаббат устуворанд, бароварда сохта, ташнагони адабу фарҳанги тоҷикро доимо шодоб мегардонад.
Ҳаштум. Устод миёни нухбагони адабӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии шуравӣ, Осиё ва Африқо нуфуз ва эътибори баланд дошт, ки ин навъ мақому манзалат то имрӯз ба ҳеҷ як аз адибони сиёсатмадори мо насиб нагаштааст. Устодро ба хотири озодагӣ, самимият ва инсонияти баланд адибону ҳамқаламони давр дӯст медоштанд ва эҳтиром мекарданд. Шоири бузурги Покистон ва дӯсти устод Турсунзода Файз Аҳмади Файз гуфта буд: «Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик аст». Адиби бузурги Озарбойҷон Мирзо Иброҳимов навиштааст: «Ман дар тамоми умри худ мисли ӯ (М.Турсунзода) донанда ва эҳтиромкунандаи шеъри классикии Шарқ ва албатта, форсии тоҷикиро басо кам дидаам... Вай аз зебоии зиндагӣ моҳирона баҳра мебардошт, чӣ будани ғаму андуҳро мефаҳмид ва ба бадбахтии дигарон шарик шуда метавонист». Нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов гуфта буд: «Мирзо Турсунзода барои ман ҳамеша як намояндаи барҷастаи маданият ва адабиёти қадими тоҷик будааст ва ҳаст... Мирзо Турсунзода як шахсияти бемислу назирест».
Нуҳум. Ҳар қадар замон мегузарад, ҳамон андоза ба шахсият ва мероси устод Турсунзода ниёз пайдо мекунем. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 90-солагии устод Мирзо Турсунзода 27 октябри соли 2001 гуфта буданд: «...Воқеан, рафти зиндагӣ ва доман паҳн намудани терроризми байналхалқӣ имрӯз аксари кулли кишварҳои ҷаҳонро водор намуд, ки маҳз ҳамин роҳу равишро пеш гиранд. Бояд гуфт, ки дар чунин шароит шеъри сулҳпарвари Мирзо Турсунзода ҳамоҳанги маҷрои ҳаёт аст ва имрӯз ҳам хеле замонавӣ садо медиҳад. Вобаста ба ин мехоҳам бигӯям, ки адибон ва тамоми зиёиён бояд аз зиндагиномаи устод Мирзо Турсунзода сабақ гиранд, дар ҳаёт мавқеи фаъоли гражданиро ишғол намоянд, бо сухан ва ҳунари муассир ғояҳои олӣ ва ҷовидона - сулҳ, ваҳдат, худшиносии миллию ватанпарастиро дар дилу шуури наслҳои нав ҷой намоянд ва арзишҳои умумибашариро дар ҷомеа тарғиб созанд. Вазифаи муқаддаси зиёиён, қарзи граждании онҳоро мо, пеш аз ҳама, дар ҳамин мебинем».
Нозим НУРЗОДА,
пажӯҳишгар
Ҳамчунин дигар маводҳо:





