Диловари майдони муҳориба ва арсаи меҳнат

№:59 (4955) 14 май 2025, 08:58
6

 Чанде пеш мардуми сарбаланду сулҳпарвари Тоҷикистон 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро дар фазои ваҳдату осоиш ва руҳияи ифтихор таҷлил намуданд. Бидуни шубҳа, метавон гуфт, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз фоҷиаҳои муд­ҳиштарини таърихи инсоният маҳсуб ёфта, қисмати аъзами кишварҳои оламро мувоҷеҳи мушкилиҳои гуногун намуда, ба иқтисодиёташон зарари калони молиявӣ расонид. 

Хушбахтона, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҷашн назари хос ва нек дошта, онро ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоянд. 

Тибқи иттилои Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ҳоло дар Тоҷикистон 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ барҳаётанд. Онҳо аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон - 8  нафар, вилояти Суғд - 2, шаҳри Душанбе - 2 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5 кас ба сар мебаранд. Иштирокчии калонсолтарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов маҳсуб мешавад, ки дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор зиндагӣ дошта, 113 сол дорад. Ҳамчунин, 134 собиқадори ақибгоҳ, ки дар ҶБВ хидмат кардаанд, барҳаётанд.

Яке аз чунин инсонҳои матину шуҷоъ Нарзӣ Адилов мебошад. Вақте ки бо сарнавишти ӯ ошно мешавӣ, итминон ҳосил мекунӣ, ки ҳомии Ватан будан рисолати инсонӣ ва маънии зиндагиаш будааст. Номбурда соли 1925 дар деҳаи Рарзи ноҳияи Заҳматобод (ҳоло Айнӣ) таваллуд шудааст. Таҳсилро дар мактаби рақами 3-и деҳаи Рарз ба итмом расонда, дар 17-солагӣ бо хоҳиши худ ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафт. Дар ҳайати дивизияи 279-ум аввал ҳамчун аскари қаторӣ, баъдан чун командири взводи пулемёти станокдори «Максим» ҷангид. Дар ҷанг аз рутбаи сержант то капитан камол ёфт. 

Дар озод кардани шаҳрҳои Ворошиловград, Лисичанск, Қрим, Севастопол, ҷумҳуриҳои Латвия, Литва то Берлин қаҳрамонӣ кардааст. Дар ин муҳорибаҳо бо ду ордени «Ситораи Сурх» ва ордени «Барои хизматҳои шоён» дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо медали «Ҷасорат» («За Отвагу»), бо медали «Барои гирифтани Берлин» («За взятия Берлина») мукофотонида шуд. 

Фаъолияти меҳнатиаш соли 1946 ба сифати омӯзгор оғоз ёфта, то соли 1948 муаллими таърих дар мактаби миёнаи рақами 1-и маркази ноҳияи Заҳматобод кор кард. Аз соли 1948 то соли 1952 ба ҳайси инструктори кумитаи иҷроияи ноҳияи Заҳматобод фаъолият дошт. Аз соли 1952 то соли 1956 донишҷӯи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкент буду онро бо ихтисоси журналист бо дипломи сурх хатм намуд. Тавре шоҳидони ҳол гуфтанд, солҳои 1956 - 1958 ба ҳайси мухбири рӯзномаи ноҳияи Варзоб, солҳои 1958 - 1961 ҳамчун мухбири рӯзномаи «Байрақи ленинизм»-и ноҳияи Ҳисор фаъолият кардааст. 

Минбаъд самти фаъолият комилан тағйир ёфта, солҳои 1961-1963 раиси колхоз ва совхозҳои ноҳияи Ҳисор, сипас, аз соли 1963 то соли 1966 ҳамчун котиби дуюми ҳизби коммунисти ноҳияи Ҳисор кор кард. Як даъват депутати Шурои Олии РСС Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Гагарини ноҳияи Ҳисор низ интихоб шудааст. 

Ин диловари майдони муҳориба ва арсаи меҳнат солҳои 1966-1968 мухбири рӯзномаи «Ҳақиқат»-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ), аз соли 1968 то нафақа баромадан директори мат­бааи Вазорати маорифи РСС Тоҷикистон буд. Замони раиси колхозу совхоз, корманди ҳизбӣ ва журналист будан сидқан ва софдилона фаъолият намуд. Хоксорона зиндагӣ кард, ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ ҳаргиз хиёнат наварзид.

Аълочии маорифи халқи ИҶШС ва РСС Тоҷикистон буд, бо ду грамотаи фахрии Шурои Олии РСС Тоҷикистон қадр гардидааст, узви Иттифоқи журналистони ИҶШС. Маҳсули эҷодаш бо номҳои «Дар самти Ворошиловград» (1976), «Таркиши охирин» (1978), «Теппаи Беном» (1986), «Интиқом» (1982) нашр шудааст. Дар баробари ин, очерк ва мақолаҳои зиёдаш дар рӯзномаҳо ба чоп расидаанд. 

Вақтҳои охир аз кам мондани сафи рафиқону ҳамсолон ғамгин буд. Онҳоро бо некӣ ба хотир меоварду дар бораашон суханони нек мегуфт. Соли 1989 олами фониро тарк намуд, вале номи неку кори нек ба ёдгор гузошт.

Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ ва кору пайкори собиқадорони ҷангу меҳнат дар шароити кунунӣ дастури зиндаи амал ба шумор меравад. Бахусус, дар шароити бисёр мураккаби имрӯза, ки таҳдиду хатарҳо афзоиш ёфтаанд, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, ниҳоят муҳим мебошад.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: