Омина Холиқзода ихтироъкоре, ки ду озмуни байналмилалиро бо медалҳои тилло фатҳ кард
«Тагетол» - доруи ихтироънамудаи ходими хурди илмии озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Омина Холиқзода, ки қаблан дар ҳамоиши байналмилалии «Бонувони ихтироъкор» дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея сазовори медали тилло гардида буд, ин бор «Форуми 15-уми International Invention Fair thre Middio East»-ро фатҳ намуд. Форуми мазкур дар Давлати Кувайт миёни навофарони 66 давлати ҷаҳон доир гашт. Суҳбати хабарнигорамон бо олими ҷавон Омина Холиқзода дар ин хусус аст.
- Чӣ гуна тавонистед дар форумҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дар он ихтироъкорони қариб нисфи дунё ширкат доштанд, пирӯз шавед?
- Ягона чизе, ки инсонҳоро ба ҳадаф мерасонад, заҳмат аст. «Тагетол» натиҷаи силсилаи таҳқиқ, омӯзиш, заҳмату шабзиндадориҳои ман аст. Ин мавзуъ - «Таҳқиқоти таҷрибавии баъзе аз хусусиятҳои «Тагетол»-ро зери роҳбарии профессор Ҷаҳон Азонов ҳашт сол омӯхтаю таҳқиқ намудам. Дар натиҷа маводе ҳосил шуд, ки барои сиҳатии инсонҳо хеле муфид аст.
Онро бори нахуст дар ҳамоиши байналмилалии «Бонувони ихтироъкор» дар шаҳри Сеул муаррифӣ намуда, медали тилло ба даст овардам, аммо аз форуми «International Invention Fair thre Middio East» огоҳӣ надоштам. Мавлуда Давлатқадамова, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки аз корҳои анҷомдода ва дастоварди мо огоҳ буд, маро барои иштирок дар форум талқин намуд. Муаллима, ки солиёни зиёд дар ин самт фаъолият дорад, дастоварди илмии маро муҳим арзёбӣ карда, тавсия дод, ки ҳатман дар ин чорабинии бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок ва бо дастоварди худ Тоҷикистонро муаррифӣ намоям.
Форум аз соли 1974 инҷониб доир мегардад ва ҳамасола дар он олимони дунё бозёфти илмиашонро муаррифӣ мекунанд. Ҳадафи форум ба ҳам овардани олимону ихтироъкорони дунё ва муаррифӣ намудани ихтироъкорони беҳтарин, дастовардҳои тозаи илмӣ ва аз кори ҳамдигар огоҳ шудани донишмандони соҳаҳои гуногун мебошад. Ба ин хотир тасмим гирифтам, ки дар форум ширкат кунам. Гумон надоштам миёни олимони 66 давлати ҷаҳон соҳиби медали тилло мегардам, вале гумонам ботил баромад. Шодам, ки заҳматҳоям самар оварданд.
- «Тагетол» барои табобати кадом беморӣ пешбинӣ шудааст?
- «Тагетол» хусусияти гепатопратекторӣ, талхаронӣ, зиддиоксидӣ, зиддитоксидӣ дорад. Яъне, барои табобати ҷигар пешбинӣ шудааст. Роҳҳои талхагузарро пок намуда, ҳама гуна илтиҳобро низ пешгирӣ менамояд.
- Аммо барои табобати чунин бемориҳо ҳоло дар тиб доруҳои дигаре низ мавҷуданд…
- Дуруст, вале ин доруҳо таъсири кимиёвӣ доранд ва дар баробари рафъи беморӣ ба бунияи инсон осеб мерасонанд. Аз ин ҷост, ки Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ барои муолиҷаи сеяки бемориҳо истифодаи давоҳои аз рустаниҳои шифобахш омодашударо ба мақсад мувофиқ медонад. Маводи мо низ аз гиёҳ омода шудааст. Тафовути «Тагетол» аз доруҳое, ки имрӯз дар соҳаи фарматсевтика мавҷуданд, маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад. Он маводи синтетикӣ нест. Бозори фарматсевтикаи ҷаҳон имрӯз ба чунин мавод эҳтиёҷи зиёд дорад.
Онро дар асоси равғани атрии (эфирӣ низ мегӯянд) махмалаки майдагул, ки дар тамоми ҳудуди кишвар ҳамчун гули ороишӣ парвариш меёбад, ба вуҷуд овардем.
Равғанҳои атрӣ ҳоло бисёртар дар саноати атриёт истифода мешаванд, вале хусусияти табобатӣ низ доранд. Дар ин маврид Абуалӣ ибни Сино дар китоби худ «Ал-қонун-фи-т-тиб» иттилоъ дода буд. Ин донишманди оламшумул ҳазор сол қабл муайян намуда буд, ки гиёҳҳои хушбӯ равғани атрӣ доранд, ки давои баъзе бемориҳо шуда метавонанд, вале омӯзиш ва муайян кардани он ки равғани эфирӣ дармони кадом беморӣ шуда метавонад, вазифаи илми муосир аст.
Махмалаки майдагул дар кишварҳои дигар низ парвариш меёбад ва аз нигоҳи илмӣ хусусияти он таҳқиқу омӯзиш шудааст, аммо то ин замон дар иқлими Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор нагирифта буд. Бори нахуст онро дар шароити берун аз шаҳр, парвариш карда, дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ таҳқиқ намудем. Таҳқиқоти анҷомдода нишон дод, ки равғани атрии махмалаки майдагул дар таркиби худ беш аз 300 маводи фаъоли биологӣ дорад. Мо аз ҳамин равған дору омода кардем.
Илми тиб собит намуда, ки тамоми маводи заҳрие, ки ба организми инсон ворид мешавад, бевосита ҳуҷайраҳои ҷигарро, ки барои таъмини мубодилаи моддаҳо дар бадан хизмат мекунанд, вайрон менамоянд. Дар натиҷа, ҷигар вазифаи худро дуруст иҷро карда наметавонад. Равғанҳои атрӣ хусусияте доранд, ки маводи заҳриро нобуд месозанд.
Дар Форуми 15-уми «International Invention Fair thre Middio East» намояндагони ширкатҳои дорусозии бисёр кишварҳо ба маводи ихтироънамудаи мо таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Нафароне ҳам пайдо шуданд, ки барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудан моро сармоягузорӣ кардан хостанд.
Бонувони Ҷумҳурии Исломии Эрон моро таклиф намуданд ин дастовардамонро дар озмуне, ки ҳамасола дар ин кишвар баргузор мегардад, муаррифӣ намоем. Ояндаи наздик ба ин кишвар сафар хоҳем кард.
- Ояндаи фармакологияи тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Барои ихтирои малҳаму дорувориҳои зиёд, хоса, аз рустаниҳои шифобахш имконияти фаровон дорем. Моро танҳо лозим аст роҳи дурусти омӯзиш, таҳқиқ ва коркарди онҳоро пайдо намем. Агар аз онҳо ҳаб ва малҳамҳо истеҳсол кунем, дар табобати бемориҳо садҳо маротиба беҳтаранд. Дар зарфи чанд соли охир муҳаққиқони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо, Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи ба номи Ҳ. Мансуров дар ин самт омӯзишу таҳқиқоти зиёд анҷом дода, натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳ ба даст овардаанд. Натиҷаҳое, ки ҳатто дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди саноати дорусозӣ ва истеҳсоли доруи ватанӣ таваҷҷуҳи хоса доранд. Соле пеш дастур доданд, ки «Бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот ва бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд».
Бо ин далелҳо ва талошҳое, ки олимони мо дар ин соҳа доранд, ояндаи фармакологияи кишварро метавон дурахшон арзёбӣ кард. Олимони мо ояндаи наздик аз рустаниҳои давоӣ доруҳое омода хоҳанд кард, ки бозори фармакологияи ҷаҳон имрӯз ба онҳо ниёз доранд. Ман ба ин бовар дорам!
- Барои суҳбат ташаккур.
Мусоҳиб Фарзона Файзалӣ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:




