Ӯ барои Ватан ҷангид

№:59 (4955) 14 май 2025, 08:53
2

Сафар Мирзоев дигар миёни мо нест, дар 86-солагӣ аз дунё гузашт, аммо бо корномаҳои ҷангиаш ҳеҷ гоҳ аз хотираи мо фаромӯш намешавад. 


Моҳи апрели соли 1919 дар деҳаи Такахонаи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Волидонаш ба дашти Бедона кӯч баста, дар ободии деҳаи Қулобод (ҳоло Фатҳободи шаҳраки «30-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Файзобод) саҳм гирифтанд. Ин айём қаҳрамони матлаб ҳамагӣ ҳашт сол дошт ва баъди чанде падару модараш аз дунё гузаштанд. Тарбияи Сафарро амакаш Толиб Аминов ба зимма гирифт.


Соли сиюм Сафар ба мактаби ибтидоӣ рафта, пас аз гирифтани маълумоти ибтидоӣ дар Коллеҷи 20-солагии инқилоб ба ҳайси котиб кор оғоз намуд.


Савияи дониши худро дар омӯзишгоҳи собиқ вилояти Ғарм (ҳоло Рашт) баланд бардошт. Пас аз хатми омӯзишгоҳ боз ба колхоз омад ва то моҳи марти соли 1941 ба сифати котиб ва сарвари бригада ифои вазифа намуд.


Бо саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба комиссариати ҳарбӣ ариза навишта, хоҳиш намуд, ки ӯро ба хизмати аскарӣ фиристанд. Ҳамроҳи 40 нафар ҷавонони ноҳия аввали моҳи май ба шаҳри Тошканд расиданд ва ду моҳ он ҷо таълими ҳарбӣ гирифтанд. 22 июни соли 1941 хабари ҳуҷум кардани Германияи фашистиро ба воситаи радио шуниданд, ки ин хабари шум ӯ ва ҳамроҳонашро бетараф нагузошт. Моҳи августи соли 1941 Сафар Мирзоев ба қисми ҳарбии шаҳри Маздок омада, як моҳ тамрини ҳарбӣ намуд. Ӯро 20-уми сентябр ба дивизияи 300-уми тирандозӣ гузаронданд. Дар дивизия разведкачӣ буд.


19-уми ноябри соли 1942 фашистон ба Сталинград ҳуҷум карда, мақсад доштанд ин шаҳрро дар як муддати кӯтоҳ ишғол ва ба самти Москва ҳаракат кунанд. Вале тирашон хок хӯрд. Он лаҳзаҳоро Сафар Мирзоев ба хотир оварда гуфта буд: «Автоматро ба замин гузошта, чанд дақиқа дам гирифтем. Нохост овози ҳавопаймоҳо ба гӯш расид. Даҳ дақиқа нагузашта буд, ки ҳавопаймоҳои душман пайдо шуда, моро тирборон намуданд…


Боре ба ман ва аскари қаторӣ Шумилов супориш доданд, ки ҳар чӣ тезтар «забон» ба даст биёрем. Аз паи иҷрои супориш шудем. Шабона ба деҳае, ки номаш дар хотир намондааст, равон шудем. Аз дур суробҳо намудор шуданд. Онҳо аскарони немис буданд, ки анбори яроқу аслиҳаро посбонӣ мекарданд. Ману ҳамяроқам оҳиста пеш рафтем. Онҳо сигор мекашиданд. Ҳамин ки вақти қулай фаро расид, автоматро сӯяшон гардонда, ду касро асир гирифта, ба қисми ҳарбӣ овардем. Аз ин аскарон маълумоти зарурии ҳарбӣ пайдо кардем».


Барои ин корнамоӣ Сафар Мирзоев сазовори медали «Барои мудофиаи Сталинград» гардид.


Охири моҳи декабри соли 1942 командири полк амалиёти гурӯҳи разведкачиёнро дар ҳайати Александр Батюк, Владимир Степанов, Содиқ Юсуфов ва Сафар Мирзоев омода менамояд. Онҳо шаб шаш километрро гаваккашон тай намуда, ба хандақи душман расиданд. Панҷ фашистро диданд, ки қартабозӣ мекарданд. Бо як чолокӣ онҳоро асир гирифта, қисми ҳарбӣ оварданд. Моҳи январи соли 1943 Сафар Мирзоев барои ин корнома бо ордени «Ҷанги Ватании дараҷаи III» ва ордени «Шараф» дараҷаи I сарфароз мегардад.


Ӯ дар муҳорибаҳои Курск, озод намудани шаҳрҳои Харков, Киев, Минск иштирок кардааст. Соли 1944, ҳини озод кардани Киев Сафар Мирзоев аз дасти рост захм мебардорад ва ӯро ба госпитали ҳарбии шаҳри Сочӣ ба табобат мефиристанд. Сафар Мирзоев пас аз ду моҳи табобат шифо меёбад, аммо дигар ба ӯ иҷозати иштирок дар ҷангро намедиҳанд. Пас аз табобат ба зодгоҳ - деҳаи Фатҳобод омада, то нафақа ба ҳайси мудири мағоза, ҳисобчӣ, котиби ҷамоат, мудири фермаи ширию молии хоҷагии ба номи А. Назарови ноҳияи Файзобод кор кардааст.


Ҳокими САФАР,

ноҳияи Файзобод

Ҳамчунин дигар маводҳо: