Ӯро меҳри ватан қавӣ намуд
Яке аз қаҳрамонҳое, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шуҷоату далерӣ байни ҳамяроқон машҳур гашта буд, Зайнулло Алиеви 100-сола аз шаҳри Бохтар мебошад, ки имрӯзҳо даврони пирӣ меронад.
Ӯ 12-уми ноябри соли 1925 дар деҳаи Гули Зиндони собиқ ноҳияи Кангурт (ҳоло Темурмалик) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. 17 сол дошт, ки ҳамроҳи чанде аз ҳамдеҳагонаш довталабона ба қӯшунҳои шуравӣ пайваст.
- Соли 1942 ҳайати моро, ки аз 300 кас иборат буд, аз ноҳияи онвақта Кангурт ва шаҳри Норак Ойматови райком пои пиёда ба шаҳри Душанбе бурду дарҳол дивизия ташкил кард. Балухин командири дивизияи мо таъин шуд. Аз шаҳри Душанбе моро ба фронт бурданд. Мани 17-сола, ки таҷрибаи ҳарбӣ надоштам, бе машғулияти ҳарбӣ ба майдони набардҳои хунин баромадам. Меҳри ватан чунон маро қавӣ сохт ва дар қатори шарикони худ ҷасурона ҷангидам. Дар майдони ҷанг аз тири душман захмдор шудаму дар шаҳри Калинин табобат карданд. Дубора ба майдони набард баргашта, барои ҳимояи ватан сина сипар кардам, - ба ёд меорад он лаҳзаҳоро бобои Зайнулло.
Зайнулло Алиев дар муҳорибаҳо барои озод кардани Лининград, Калинин, Ҷумҳурии Молдова ва Венгрия фаъолона иштирок намудааст.
Қаҳрамониҳои ин ҷавони 17-соларо дида, ӯро ба ротаи танкӣ мегузаронанд. Дар ин рота низ ҷавонмардӣ нишон дода, танкҳои зиёди душманро нобуд мекунад. Ротаи онҳо то шаҳри Берлин мерасад.
- Дар Берлин ҷанги шадиде рух дод. Дар яке аз ин муҳорибаҳо пои чапам маҷруҳ шуд. Ҳамяроқон фикр карданд, ки ҳалок шудам. Ҷони маро сагҳои санитарӣ, ки хеле зирак буданд, наҷот доданд. Ҳамин сагҳо тани нимҷони маро кашолакунон назди сарбозони худамон бурданд. Қиссаҳо ба хаёл афсонаро мемонанд, вале дар асл ҳақиқате мебошад, - ба ёд овард он рӯзҳои мудҳишро бобои Зайнулло.
Баъд аз хотима ёфтани ҷанг ӯ ба Тоҷикистон баргашта, оиладор мешавад ва солҳои зиёд дар колхози ба номи Карл Маркси шаҳри собиқ Қӯрғонтеппа кор мекунад.
Барои хизматҳои шоён бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», (дараҷаи 2), медалҳои «Барои меҳнати шоён» «40 - солагии Ғалаба», «60 - солагии Ғалаба», «Жуков», «50 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ шудааст.
Бобои Зайнулло соҳиби 10 фарзанд ва зиёда аз 100 набераву абера буда, фарзандонро дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ ба воя расонидааст. Хушҳол аз он аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзандони шуҷои Ватанро ҳамеша қадршиносӣ менамоянд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





