https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

03 окт 2025, 08:33
0

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон     «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 августи соли 2001 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 517; с. 2003, №12, мод. 689; с. 2004, №12, қ. 1, мод. 698; с. 2005, №7, мод. 397; с. 2006, № 3, мод. 145; с. 2007, №7, мод. 654; с. 2011, №12, мод. 831, мод. 832; с. 2012, № 8, мод. 812; с. 2016, №7, мод. 601; с. 2017, №7-9, мод. 564; с. 2020, №12, мод. 899; с. 2021, №6, мод. 381; с. 2022, №6, мод. 339, №7, мод. 431) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 6:

- ба қисми якум баъд аз калимаҳои «ваколатҳои худро» калимаҳои «дар асоси доимӣ ё» илова карда шаванд;

- қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Узви Маҷлиси миллӣ, ки дар асоси доимӣ дар Маҷлиси миллӣ фаъолият мекунад, наметавонад ба кори дигари музднок машғул шавад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмию эҷодӣ ва омузгорӣ.».

2. Қисми дуюми моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Музди меҳнати Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.».

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур аз 11 апрели соли 2025  мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2183

Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 

Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №75

 Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад. 

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 25 июни соли 2025, №141