https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

03 окт 2025, 08:40
0


Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ, тартиби фаъолияти субъектҳои он ва ҳуқуқи шаҳрвандонро барои гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ танзим менамояд.

 БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ – муайян кардани мақоми муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- аттестатсияи хатм – тартиби муқаррар намудани мутобиқати мазмун, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- аттестатсияи давлатии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ – муайян кардани мутобиқати заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба талаботи стандарти давлатии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва мутобиқати фаъолияти муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ амалӣ мекунад ва раванди таълиму тарбияро дар муассисаи таълимӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, назорат ва роҳбарӣ менамояд; 

- муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ – муассисаи таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки раванди муттасили таҳсилоти миёнаи касбиро ба роҳ монда, нақшаю барномаҳои таълимиро амалӣ менамояд;

- нақшаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки омӯзиши фанҳои таълимӣ ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд; 

- сифати таълим – тарзи ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим, ки дар натиҷаи он шахс соҳиби таҳсилот мегардад;

- сифати таҳсилот – маҷмуи нишондиҳандаҳои стандарти давлатии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва талаботи давлатӣ;

- стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ – маҷмуи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту муҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон муқаррар намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ  бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунад;

- стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ – маҷмуи меъёрҳое, ки талаботи ягонаро нисбати тахассуси таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар менамояд;

- тахассус – намуд ва дараҷаи омодагии касбии хатмкунанда барои пешбурди фаъолияти касбӣ ё давом додани таҳсил, ки дар ҳуҷҷат оид ба таҳсилоти дахлдор дарҷ гардидаанд;

- таҳсилоти миёнаи касбӣ – зинаи таҳсилот, тарбия ва инкишофи шахсияти таълимгиранда, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда шуда, ба онҳо шаҳрвандон метавонанд баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ дохил шаванд; 

- устои таълими истеҳсолӣ – шахси дорои таҳсилоти касбии муҳандисию омӯзгорӣ, ки машғулиятҳои амалӣ ва таълимиву истеҳсолиро ба нақша мегирад ва онҳоро ба донишҷӯён меомӯзонад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- дастрас будани таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- баланд бардоштани мақоми низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ дар кишвар; 

- хусусияти башардӯстона ва дунявӣ доштани таълим ва тарбия;

- пайдарҳамӣ ва муттасилии раванди таълиму тарбия;

- ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ӯ;

- истифодаи имкониятҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ;

- расондани ёрии иҷтимоӣ ба донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ; 

- таъмини рушди мақсадноки низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ.

Моддаи 4. Вазифаҳои Қонуни мазкур

Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошанд:

- таъмини кафолати давлатии ҳуқуқи шахс ба таҳсил;

- муҳайё намудани шароити мусоид барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ;

- фароҳам овардани заминаи ахлоқӣ ва тарзи ҳаёти солим;

- тарбияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, пос доштани расму ойин ва анъанаҳои миллӣ;

- тарбияи шахсияти дорои эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ;

- дарки муносибати огоҳонаи шахс ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ.

Моддаи 5. Кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ

Давлат афзалияти дастрасии таҳсилоти миёнаи касбиро бо роҳҳои зерин ба шаҳрвандон кафолат медиҳад:

- дар доираи фармоишҳои давлатӣ дар асоси озмун як маротиба гирифтани таълими ройгон дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ; 

- таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён дар низоми давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- муҳайё кардани шароит барои таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- таъмини интихоби озоди шаклҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаи таълимӣ ва тахассус;

- ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии донишҷӯёни болаёқат;

- ҳуқуқи баробари хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли моликият, барои ба кор қабул гардидан ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот;

- таъминот, хароҷот ва таҳсили кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбон ва шахсони дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, барои интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил.

Моддаи 6. Забони таҳсил

Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.  

 БОБИ 2. НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

Моддаи 7. Низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ

Низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ аз инҳо иборат аст:

- стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ; 

- барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигари тобеи он (хоҷагиҳои таълимӣ-таҷрибавӣ);

- шакл ва меъёри гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ; 

- субъектҳои раванди таълиму тарбия.

Моддаи 8. Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва барномаҳои таълимӣ

1. Барои зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар карда мешавад, ки он аз нишондиҳандаҳои зерин иборат аст:

- ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ ва шарту шароити иҷрои он;

- ҳаҷми ҳадди ақал ва ниҳоии соатҳои таълимӣ;

- талаботи асосӣ ва дараҷаи тайёрии хатмкунандагон;

- муҳлати азхудкунии барномаҳои таълимӣ.

2. Стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ:

- муқаррар намудани маҷмуи таъминоти таълимию методӣ, тартиб додани нақша ва барномаҳои таълимӣ, адабиёти таълимӣ ва методӣ, муқаррарот оид ба назорати таҳсилоти миёнаи касбиро дар бар мегиранд;

- талаботи ягонаро барои тахассусҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар менамоянд;

- давра ба давра вобаста ба талаботи муосир таҷдид карда мешаванд.

3. Барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи шакл ба барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти умумӣ тақсим карда мешаванд, ки:

- барои ноил гаштан ба амалисозии стандартҳои давлатии таҳсилот, муттасил баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва таҳсилоти донишҷӯён, омодагии босифати онҳо чун кормандони соҳибтахассус равона карда шудаанд;

- мундариҷаи таҳсилоти миёнаи касбиро муайян менамоянд.

Моддаи 9. Сохтор ва шаклҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шаклҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ фаъолият менамоянд.

2. Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) амалӣ карда мешавад.

3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ дар сохтори худ шуъба, филиал, намояндагиҳо, паркҳои технологӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва воҳидҳои дигари сохториро таъсис диҳанд.  

Моддаи 10. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, аттестатсияи давлатӣ ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ

1. Муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд.

2. Ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дода мешавад.

3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ба истифодаи имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо менамоянд.

4. Аттестатсияи давлатӣ ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешаванд.

Моддаи 11. Муассис (муассисон)-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ

1. Муассис (муассисон)-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мешаванд.

2. Муносибатҳои байни муассис (муассисон) ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Моддаи 12. Оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ

1. Оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби муассис (муассисон) тасдиқ карда мешавад.

2. Дар оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бояд ном, маҳалли ҷойгиршавӣ, мақоми муассисаи таълимӣ, вазъи ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, муассис (муассисон), шакли ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, шуъба, филиал, намояндагиҳо, паркҳои технологӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ ва воҳидҳои дигари сохторӣ, мақсадҳои раванди таълиму тарбия, шакл ва намудҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ, сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии муассисаи таълимӣ ва тартиби идораи муассисаи таълимӣ нишон дода шаванд. 

Моддаи 13. Тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ

Қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

 Моддаи 14. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ

1. Муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ то 3 сол, барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 2 сол ва барои шахсоне, ки муассисаҳои таълимии соҳаи тиб ва фарҳангро мувофиқи хусусияти ихтисосашон хатм менамоянд, барои зинаи таҳсилоти асосӣ 4 сол ва миёнаи умумӣ то 4 сол муқаррар карда мешавад.

2. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ, дуалӣ ва экстернат ташкил карда мешавад.

3. Шаклҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо назардошти талабот ва имкониятҳои донишҷӯён интихоб карда мешаванд.

4. Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи хатми зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ шарти асосии идомаи таҳсил дар зинаи минбаъдаи таҳсилоти касбӣ ба ҳисоб меравад. 

5. Донишҷӯёне, ки бо таҳсилоти умумии асосӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, дар баробари гирифтани тахассус таҳсилоти миёнаи умумӣ низ мегиранд.   

Моддаи 15. Ташкили раванди таълиму тарбия 

1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ раванди таълиму тарбияро тибқи стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф амалӣ менамоянд.

2. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ раванди таълиму тарбия дар асоси эҳтироми тарафайн миёни донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони дигар амалӣ карда мешавад. Дар муносибат бо донишҷӯён истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсири равонӣ манъ аст. 

3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо роҳи ташкил намудани санҷишҳои фосилавӣ, аттестатсияҳои ҷорӣ ва давлатии хатм сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимиро назорат ва муайян мекунанд.

4. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявии донишҷӯён таҷрибаомӯзии касбӣ ба роҳ монда мешавад. Муҳлати таҷрибаомӯзии касбӣ дар нақшаҳои таълимӣ нишон дода мешавад.

5. Барои ташкил ва гузарондани таҷрибаомӯзии касбӣ роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигаре, ки дар онҳо таҷрибаомӯзӣ гузаронда мешавад, масъул мебошанд.

6. Аз иҷрои вазифаи асосӣ дур намудани кормандони соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҷалби донишҷӯён ба корҳои кишоварзӣ ва корҳои дигари берун аз фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, манъ аст. 

7. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз тарафи донишҷӯён истифодаи телефони мобилӣ ва омадан ба муассисаи мазкур  тавассути нақлиёти шахсӣ манъ аст. 

8. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо мақсади ташкили раванди таълиму тарбия нуқтаҳои хизматрасонии равоншиносӣ ва тиббию омӯзгорӣ фаъолият карда метавонанд.

Моддаи 16. Ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилоти миёнаи касбӣ

1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ пас аз гирифтани иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва гузаштан аз аккредитатсияи давлатӣ ҳуқуқи додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбиро пайдо мекунанд.

2. Ба донишҷӯёне, ки таҳсилро аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ анҷом додаанд ва аз аттестатсияи хатм гузаштаанд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ дода мешавад. 

3. Ба донишҷӯёне, ки аз аттестатсияи хатм нагузаштаанд ё зинаи таҳсилотро пурра ба охир нарасондаанд, маълумотнома дода мешавад.

4. Шахсоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии аккредитатсияи давлатӣ надошта таҳсил намуда, онҳоро бомуваффақият хатм намудаанд, барои супоридани аттестатсияи хатм дар муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи касбии аккредитатсияи давлатӣ дошта ҳуқуқ доранд.

5. Ҳуҷҷате, ки ба итмом расидани таҳсилоти касбиро тасдиқ мекунад, диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад.

 БОБИ 3. НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

Моддаи 17. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил мешаванд:

- пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- тасдиқи низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- тасдиқи стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- тасдиқи таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муайян намудани меъёрҳои таъминоти моддию техникӣ ва молиявии таҳсилоти миёнаи касбӣ, инчунин кафолатҳои иҷтимоии кормандони соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- тасдиқ намудани шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 18. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил мешаванд: 

- таҳия ва тасдиқи стандарти тахассусии таҳсилоти миёни касбӣ;

- амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- роҳбарии умумӣ ба таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- тасдиқи нақша ва барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор;

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- танзими иҷрои вазифаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва роҳбарии илмию методии раванди таълиму тарбия; 

- бо тартиби муқарраргардида ташкил ва гузарондани аттестатсияи кормандони дахлдори муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ; 

- пешниҳод намудани таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ; 

- баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои таъмин ва ҷобаҷогузории мутахассисон, муайян кардани тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян кардани ихтисос ва равияҳо оид ба тайёр намудани мутахассисон вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ ва бозори меҳнат дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ бо назардошти имконияти воқеии муассисаҳои таълимӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти давлатие, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд 

Ба ваколатҳои мақомоти давлатие, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, дохил мешаванд: 

- ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муовинони онҳо;

- таъмин намудани раванди таълиму тарбия тибқи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии сохтори худ;

- таъмини раванди таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи талаботи низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ, нақша ва барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- баррасӣ ва пешниҳоди нақша ва барномаҳои таълимӣ, адабиёти таълимӣ (ғайр аз адабиёти илмию таълимии тахассусӣ ва соҳавӣ)-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии сохтори худ барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии сохтори худ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 20. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ

 Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил мешаванд:

- ба роҳ мондани маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо дар доираи меъёрҳои муқарраргардида;

- таъмини ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни  соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- дастгирии молиявии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар доираи имкониятҳои буҷети маҳаллӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 21. Назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ

1. Назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таъмини сифати омодасозии хатмкунандагон ва риояи стандартҳои давлатӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ нигаронда шудааст.

2. Назорати давлатии сифати таҳсилоти миёнаи касбиро мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм анҷом медиҳад. 

Моддаи 22. Идоракунии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ

1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ идора карда мешаванд.

2. Роҳбарии умумии муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби директор амалӣ карда мешавад. Директор барои идоракунии дастҷамъии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад шурои омӯзгорӣ таъсис диҳад.

3. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ раванди таълим, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва фаъолияти дигарро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома амалӣ менамояд.

4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ғайридавлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо идора карда мешаванд.

5. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ғайридавлатӣ бо муассисаҳои таълимии давлатӣ баробарҳуқуқ буда, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

 БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ 

Моддаи 23. Субъектҳои раванди таълиму тарбия

Ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дохил мешаванд:

- донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- кормандон, омӯзгорон ва устоҳои таълимиву истеҳсолии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и донишҷӯён;

- намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои касаба, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар, ки дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ иштирок мекунанд.

Моддаи 24. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия 

1. Донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд:

- дар ташаккули мазмуну мундариҷаи таҳсилоти худ бо риояи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок намоянд;

- дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шакли таълими пулакӣ ба шакли таълими ройгон гузаранд;

- аз китобхонаҳо, китобхонаҳои электронӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, интернет, фондҳои иттилоотии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, бахшҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва бахшҳои дигари муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таври ройгон истифода намоянд;

- дар корҳои илмию таҳқиқотӣ, конференсияву симпозиумҳо ва маҳфилу озмунҳо иштирок ва баромад намоянд;

- асарҳои худро барои чоп, аз ҷумла дар нашрияҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, пешниҳод кунанд;

- аз ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, истифода баранд.

2. Барои донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва шабона дар як соли таҳсил на камтар аз ду маротиба таътил муқаррар карда мешавад.

3. Донишҷӯи эҳтиёҷманди манзил дар хобгоҳ (ба шарте ки муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фонди дахлдори манзил дошта бошад) бо ҷойи хоб таъмин карда мешавад.

4. Донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ бо стипендия, ёрдампулӣ, инчунин дастгирии дигари моддие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таъмин карда мешаванд.

5. Донишҷӯён ҳангоми таҷрибаомӯзӣ бо тартиби муқарраргардида бо шароити корӣ таъмин карда мешаванд.

6. Донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ уҳдадоранд:

- интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро риоя намоянд;

- донишҳои назариявию амалӣ омӯзанд ва маҳорати касбиро аз рӯйи ихтисоси интихобнамуда ба даст оранд;

- дар муҳлати муқарраргардида нақша ва барномаҳои таълимиро аз худ намоянд;

- уҳдадориҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, иҷро намоянд.

7. Омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд:

- шараф ва эътибори касбияшонро ҳимоя намоянд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома дар идора кардани муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок намоянд;

- ба мақомоти идоракунии ҷамъиятӣ намояндагони худро интихоб кунанд ва худ интихоб шаванд, дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои алоқаманд ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ба воситаи мақомоти идоракунии ҷамъиятӣ, иштирок намоянд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фармоиши роҳбарияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ шикоят кунанд;

- аз хизматрасонии воҳидҳои сохторӣ, аз ҷумла  китобхона, хадамоти шуъбаҳои иҷтимоию маишӣ, муолиҷавӣ ва ҷузъҳои дигари муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, инчунин захираҳои иттилоотиро мувофиқи оинномаи онҳо ва (ё) шартномаи коллективӣ ба таври ройгон истифода баранд;

- аз ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, истифода баранд.

8. Омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ уҳдадоранд: 

- самаранокии раванди таълиму тарбияро таъмин кунанд;

- савияи донишу ихтисоси худро пайваста баланд бардоранд;

- вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташударо босифат иҷро намоянд;

- аз рафтор ва суханҳое, ки боиси мураккаб гардидани фазои ахлоқию маънавии муассисаҳои таълимӣ мегарданд, худдорӣ намоянд;

- уҳдадориҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, иҷро намоянд.

9. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и донишҷӯён ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои касаба, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар, ки дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ иштирок мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 25. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ 

1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:

- мустақилият дар амалӣ намудани раванди таълиму тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти илмӣ ва молиявию хоҷагидорӣ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ;

- ба муассис (муассисон) барои тасдиқ пешниҳод намудани тағйиру иловаҳои ба оинномаи муассисаи таълимӣ воридшаванда; 

- таҳия ва тасдиқи қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи худ ва назорат намудани иҷрои онҳо;

- таҳия ва тасдиқи нақшаи кории раванди таълим, ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳо;

- ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълимӣ ба раванди таълиму тарбия;

- назорати сатҳи сифати таълим ба воситаи гузарондани имтиҳонҳои ҷорӣ ва аттестатсияи давлатии хатми донишҷӯён;

- ҷорӣ намудани шаклҳои нави таълим;

- ташкил намудани такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

- андешидани тадбирҳо барои ҷалби сарчашмаҳои иловагии молиявӣ бо мақсади амалигардонии фаъолияти оинномавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муқаррар намудани имтиёзҳои иловагӣ ба донишҷӯёни эҳтиёҷманд тибқи талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маводи зарурӣ таъмин кардани онҳо;

- тасдиқ кардани сохтор, воҳидҳои корӣ, музди меҳнат ва тақсими уҳдадориҳои вазифавии омӯзгорон ва кормандони муассиса;

- муқаррар намудани иловапулӣ ба маоши вазифавии омӯзгорон ва кормандони муассиса мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

- таҳкими заминаи моддию техникии муассиса ва мутобиқи талаботи меъёрӣ таъмин намудани он бо таҷҳизот ва ашёи таълимӣ;

- таҳия ва тасдиқи санадҳои дигари танзимкунандаи раванди таълиму тарбия дар доираи ваколатҳои худ;

- амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигаре, ки оинномаи муассисаи таълимӣ пешбинӣ кардааст.

2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои иҷрои амалҳои зерин уҳдадоранд:

- дар ҳаҷми пурра татбиқ гардондани барномаҳои таълимӣ тибқи нақшаи таълимӣ ва ҷадвали раванди таълим, тақвияти касбияти донишҷӯ;

- ҳифзи ҳаёт ва саломатии омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар раванди таълиму тарбия;

- риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ;

- тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни донишҷӯён, риоя намудани меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ; 

- мусоидат ба фаъолияти самараноки омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ; 

- масъул будан барои бақайдгирӣ, ҳифз ва нигоҳдории молу мулк, ашё ва таҷҳизоти таълимӣ;

- иҷрои уҳдадориҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

 БОБИ 5. ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

Моддаи 26. Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ

Манбаи маблағгузории фаъолияти таълимию истеҳсолӣ, илмӣ ва хоҷагидории муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташкил медиҳанд.

Моддаи 27. Хизматрасонии муздноки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ

1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар баробари дар доираи фармоиши давлатӣ қабул намудани донишҷӯён, инчунин, метавонанд дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёнро бо таҳсил фаро гирифта, хизматрасониҳои иловагии музднокро дар самти омодакунӣ ва бозомӯзии мутахассисон ба роҳ монанд.

2. Бастани шартнома ва қатъ намудани амали он бо шахсони то 18-сола бо розигии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) амалӣ мешаванд. 

 БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ 

Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ

1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ мегардад.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мақоми мутамаркази тамоми сохторҳои соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар бахши ҳамкории байналмилалӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳои хориҷӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқии хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд тибқи тартиби муқарраршуда дар мувофиқа бо муассис (муассисон) ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо муассисаю ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ робита барқарор намоянд.

4. Таҳсил, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳсил, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳое, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба имзо мерасанд, дар мувофиқа бо муассис (муассисон) амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 29. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дорои ҳуқуқ ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бошанд, аз номи худ бо тарафи хориҷӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ созишномаҳо банданд ва санадҳои дигарро ба имзо расонанд.

2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбие, ки ба фаъо­лияти иқтисодии хориҷӣ машғуланд, метавонанд дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллӣ ва хориҷӣ суратҳисобҳо кушоянд.

3. Маблағе, ки аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ворид мешавад, дар ҳуқуқи идоракунии оперативии онҳо қарор мегирад. Маблағи мазкур ба мақсади рушди муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳкими заминаи моддию техникии он, ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ равона карда мешавад.

 БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» аз   8 августи соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №7-9, мод. 713; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 284, №7-9, мод. 583; с. 2018, №5, мод. 279; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 708) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2185

 Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»

 Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №68

 Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»

 Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» қабул карда шавад.

2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми майи соли 2015, №87 «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» аз 8 августи соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №7-9, мод. 713; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 284, №7-9, мод. 583; с. 2018, №5, мод. 279; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 708) аз эътибор соқит дониста шавад. 

Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ф. Идизода

ш. Душанбе, 25 июни соли 2025, № 143