ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №1852 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №1-3, мод. 2) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 7, ном ва қисмҳои 1 ва 2 моддаи 20 ва қисми 3 моддаи 109 калимаҳои «гражданӣ» ва «граждании» мувофиқан ба калимаҳои «маданӣ» ва «мадании» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 24:
- дар қисми 1 аломат ва калимаҳои «, наберагон ва аберагони» ба калимаҳои «ва наберагони» иваз карда шаванд;
- ба қисми 3 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Муҳлати даъво аз рӯйи чунин баҳсҳо як сол мебошад. Ҷараёни муҳлати даъво аз рӯйи баҳси мазкур аз рӯзи гум кардани соҳибӣ ё аз рӯзи анҷом додани ҳаракатҳое, ки ба маҳрум кардан аз соҳибӣ ва истифодабарӣ ё монеа ба истифодабарӣ равона шудаанд, оғоз мегардад.»;
- қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«4. Ҳангоми муайян намудани ҳолати истисноӣ мутобиқи қисми 2 моддаи мазкур суд ба масъалаҳои зерин баҳо медиҳад:
1) мавҷуд будани асосҳо барои аз ҷониби даъвогар ба даст овардан ва ё амалӣ намудани ҳуқуқи истифодабарии манзили истиқоматии дигар, аз ҷумла:
- дар моликият, соҳибӣ ё истифодаи даъвогар мавҷуд будани манзили истиқоматии дигар;
- мавҷуд будани ҳуқуқи маскун шудан ба манзили истиқоматии падару модар, ҳамсар ё аъзои дигари оила ва ҳолатҳои дигари ба ин монанд;
- мавҷуд будани аҳдномаи ақди никоҳи басташуда, ки уҳдадории бо манзили истиқоматӣ таъмин намуданро пешбинӣ менамояд;
- иштирок дар шартномаи сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ ё шартномаи дигари ҳуқуқи маданӣ, ки ба даст овардани манзили истиқоматиро пешбинӣ менамояд ва ғайра;
2) вазъи молумулкии даъвогар (имконияти ба даст овардани манзили истиқоматӣ ё бастани шартномаи иҷораи манзили истиқоматӣ ва ғайра) ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷуҳ (вазъи саломатӣ, ғайриқобили меҳнат будан бо сабаби пиронсолӣ, мавҷудияти шахсони ғайриқобили меҳнати таҳти таъмини даъвогар қарордошта, бе ҷойи кор мондан, таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ғайра), ки ба ӯ имкон намедиҳанд худро бо манзили истиқоматии дигар таъмин кунад.
5. Шахсони дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ҳуқуқи истифодабарии манзили истиқоматиро дар ҳолатҳои зерин аз даст медиҳанд:
1) ихтиёран аз манзили истиқоматӣ ба маҳалли истиқомати дигар рафтан ҳангоми мавҷуд набудани монеа дар истифодабарии манзили истиқоматии мазкур;
2) ба тариқи хаттӣ яктарафа даст кашидан аз ҳуқуқи истифодабарии манзили истиқоматии мазкур;
3) қатъ гардидани ҳуқуқи моликияти молик хилофи иродааш ба ҳамон манзили истиқоматӣ, агар дар шартномаи байни молик ва аъзои оилаи ӯ тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.».
3. Дар қисми 1 моддаи 64 аломат ва калимаҳои «, наберагон ва аберагони» ба калимаҳои «ва наберагони» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2187
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №59
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 22 майи соли 2025, № 117