ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»
Моддаи 1. Ба замимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 22 июни соли 2023, №1968 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №4-6, мод. 152; с. 2024, №5-6, мод. 257) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ҷадвали 1:
- сатри 57 хориҷ карда шавад;
- боби 201 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
« | 201. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ |
| ||||
| 611. Фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшуда, хизматрасониҳо вобаста ба истифодаи имзоҳои электронии ҳифзшуда ва тасдиқи аслияти имзоҳои электронии ҳифзшуда ба марказҳои тасдиқкунанда |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
». |
2. Ба ҷадвали 3 боби 171 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
« | 171. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ |
| ||||
| 491. Сертификати воситаҳои имзои электронии ҳифзшуда ба марказҳои тасдиқкунанда |
| 1 (як) |
|
| ». |
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2189
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №61
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 30 июни соли 2025, №156