https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ»

03 окт 2025, 08:56
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» аз 1 августи соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 465) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:  

1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «иондоркунанда», «иондоркунандаро», «иондоркунандае», «Ӯҳдадории», «ӯҳдадор», «ӯҳдадориҳо», «Ӯҳдадориҳои», «ӮҲДАДОРИҲОИ» ва «ӯҳдадоранд» мувофиқан ба калимаҳои «ионофар», «ионофарро», «ионофаре», «Уҳдадории», «уҳдадор», «уҳдадориҳо», «Уҳдадориҳои», «УҲДАДОРИҲОИ» ва «уҳдадоранд» иваз карда шаванд.  

2. Матни моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии таъмини бехатарии радиатсиониро муқаррар намуда, ба таъмини ҳифзи саломатӣ ва молу мулки аҳолӣ, ҳамчунин муҳити зист аз таъсири зараровари афканишоти ионофар равона шудааст.».

3. Дар сархати ҳабдаҳуми моддаи 2 ва матни моддаи 15 калимаи «нигаҳдошт» ба калимаи «нигоҳдорӣ» иваз карда шавад.

4. Аз матни моддаи 4 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.

5. Дар моддаи 7: 

- дар ном ва матн калимаҳои «ҳокимияти маҳаллӣ» ва «мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;

- дар сархатҳои якум ва панҷум калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.

6. Дар қисми дуюми моддаи 8 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад. 

7. Дар қисми якуми моддаи 13, қисми панҷуми моддаи 19 ва сархати чоруми моддаи 23 калимаҳои «мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо)» ва «мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо)» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд. 

8. Дар моддаи 20:

- дар номи модда калимаи «Нигаҳдошт» ба калимаи «Нигоҳдорӣ» иваз карда шавад;

- ба қисми якум пас аз калимаи «барои» калимаҳои «нигоҳдорӣ ё» илова карда шаванд.

9. Дар сархати дуюми моддаи 24 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳоро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро» иваз карда шаванд.

10. Дар қисмҳои якуми моддаҳои 26 ва 31 калимаи «бетабаа» ба калимаи «бешаҳрванд» иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2190

 Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қа­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­рор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №62

 Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» қабул карда шавад. 

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ф. Идизода

ш. Душанбе, 22 майи соли 2025, № 115