https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ (ФЕРМЕРӢ)»

03 окт 2025, 08:59
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» аз 15 марти соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, № 3, мод. 142) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба сархати якуми моддаи 1 пас аз калимаҳои «дар он» калимаи «парвариш,» илова карда шавад.

2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.

3. Дар қисми 3 моддаи 5 ва тамоми матни Қонун калимаҳои «граждании» ва «гражданӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мадании» ва «маданӣ» иваз карда шаванд.

4. Дар сархати даҳуми қисми 1 моддаи 7 калимаи «шартнома» ба калимаҳои «шартномаи фаъолияти якҷоя» иваз карда шавад.

5. Ба матни моддаи 12 пас аз калимаи «деҳқонӣ» калимаи «парвариш,» илова карда шавад. 

6. Дар сархати якуми моддаи 21 калимаҳои «истифоданашаванда» ва «нобоб» мувофиқан ба калимаҳои «қаблан дар истеҳсолоти кишоварзӣ истифоданашуда» ва «номувофиқ» иваз карда шаванд. 

7. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 22 пас аз калимаи «гардидааст» калимаҳои «ва ба фонди махсуси заминҳои ноҳия (шаҳр) дохил карда шудаанд» илова карда шаванд. 

8. Ба қисми 2 моддаи 23 пас аз калимаи «масоҳат» калимаҳои «, самти фаъолият» илова карда шаванд.

9. Дар қисми 1 моддаи 24 калимаи «тадқиқотӣ» ба калимаҳои  «илмию таҳқиқотӣ» иваз карда шавад.

10. Сархати дуюми моддаи 26 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро бо ҳуқуқи бегона намудани он доранд;».

11. Дар моддаи 27:

- дар сархати даҳум калимаи «чорво» ба калимаҳои «ҳайвоноти кишоварзӣ» иваз карда шавад;

- ба сархати ёздаҳум пас аз калимаҳои «эҳтиёҷоти давлатӣ» калимаҳои «, парвариш ва» илова карда шаванд.

12. Дар моддаи 29:

- ба сархати чоруми қисми 1 пас аз калимаи «ҳангоми» калимаҳои «парвариш ва» илова карда шаванд;

- ба сархати дуюми қисми 2 пас аз калимаи «пардохтҳоро» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

13. Ба қисми 1 моддаи 30 пас аз калимаи «хоҷагидорӣ» калимаҳои «, бо назардошти самти фаъолият,» илова карда шаванд.

14. Ба қисми 3 моддаи 34 пас аз калимаҳои «фармоиши давлатии» калимаҳои «парвариш ва» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2191

 Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қа­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­рор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №63

 Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» қабул карда шавад. 

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 28 майи соли 2025, № 120