ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ (ФЕРМЕРӢ)»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» аз 15 марти соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, № 3, мод. 142) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати шашуми қисми 1 моддаи 9 пас аз калимаҳои «ва ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин» калимаҳои «бо ҳуқуқи бегона намудан» илова карда шаванд.
2. Аз ҷумлаи дуюми қисми 2 моддаи 16 калимаи «мазкури» хориҷ карда шавад.
3. Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 22 калимаи «замине» ба калимаҳои «замини таъиноти кишоварзӣ» иваз карда шавад.
4. Дар ҷумлаҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 25 калимаҳои «ҳолатҳои дигари» ва «нав ва аз узвият баромадаи» мувофиқан ба калимаҳои «ҳангоми» ва «нави» иваз карда шавад.
5. Ба сархати чоруми моддаи 27 пас аз калимаҳои «даст кашад ва» калимаи «ё» илова карда шавад.
6. Ба моддаи 28 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- саҳми замини худро бо розигии маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба аъзои қобили меҳнати оила диҳанд;».
7. Қисмҳои 2 ва 3 моддаи 30 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«2. Сохтмони бошишгоҳи саҳроӣ дар сурати зиёда аз 3 гектар будани қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ дар ҳудуди то 0,01 гектар қитъаи замин амалӣ карда мешавад.
3. Бошишгоҳи саҳроӣ дар қитъаи замин бо риояи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои зиддисӯхторӣ, талаботи санитарӣ ва экологӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷойгир карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2192
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №64
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 11 июни соли 2025, № 136