https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ПОЙМОЛ НАМУДАНИ КИШТЗОР, ЗАРАР РАСОНИДАН БА ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ, ТУТЗОР ВА ДИГАР ДАРАХТУ БУТТАЗОР»

03 окт 2025, 09:05
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор» аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 173) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Ба муқаддимаи Қонун пас аз калимаи «кишоварзӣ» аломати вергул илова ва калимаи «буттазори» ба калимаҳои «буттазор дар ҳудуди» иваз карда шавад.

2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.

3. Дар моддаи 3:

- дар номи модда калимаҳои «Товони зараре, ки» ба калимаҳои «Ҷуброни зиён» иваз ва калимаҳои «рӯёнида мешавад» хориҷ карда шаванд;

- матни модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Зиёне, ки дар натиҷаи поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор, дигар дарахту буттазор ва ҳосили ғундоштаи дарсаҳромонда аз тарафи шахсони воқеӣ бевосита ё тавассути воситаҳои техникӣ ва чорво ба ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ба шахсони дигар расонида шудааст, аз ҳисоби шахсони гунаҳкор ҷуброн карда мешавад.».

4. Дар матни моддаи 4 калимаҳои «риояи меъёрҳои» ва «шаҳрвандон то ёфтани соҳибонашон» мувофиқан ба калимаҳои «тартиби муқаррарнамудаи» ва «шахсони воқеӣ то муайян кардани моликони он» иваз карда шаванд.

5. Дар моддаи 5:

- дар номи модда калимаҳои «Маблағи товони зарар» ба калимаҳои «Тартиби пардохти ҷуброни зиён» иваз карда шаванд;

- дар қисми якум калимаҳои «Маблағи товони зарар», «ҳисоби» ва «шаҳрвандон аз ҷониби зараррасон гузаронда» мувофиқан ба калимаҳои «Маблағи ҷуброни зиён», «суратҳисоби» ва «шахсони воқеӣ аз ҷониби шахсони гунаҳкор тариқи ғайринақдӣ пардохт карда» иваз карда шаванд;

- дар қисми дуюм калимаи «супорида» ба калимаи «гузаронда» иваз карда шавад.

6. Дар моддаи 6: 

- дар номи модда калимаҳои «Рӯёнидани товони зараре» ба калимаҳои «Андозаи ҷуброни зиён» иваз карда шаванд; 

- дар матни модда калимаҳои «товони зарар» ва «бо нархҳои харид ва шартномавӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҷуброни зиён» ва «бо назардошти нархҳои бозорӣ» иваз карда шаванд. 

7. Моддаи 7:

- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 7. Ҷуброни зиёни расонидашуда ҳангоми риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»; 

- дар матни модда калимаҳои «вазифадоранд товони зарареро,» ва «супоранд» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадоранд зиёнеро,» ва «ҷуброн намоянд» иваз карда шаванд. 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2193

 ҚарориМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор» 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қа­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­рор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор» ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №65

 Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор»

 Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор» қабул карда шавад.

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ф. Идизода

ш. Душанбе, 28 майи соли 2025, № 122