https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ»

03 окт 2025, 09:06
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» аз 29 декабри соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 832) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддимаи Қонун калимаи «принсипҳои» ба калимаи «асосҳои» иваз карда шавад.

2. Сархатҳои дуюм ва сеюми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«- маърифати экологӣ – раванди доимии таълиму тарбия, ки барои аз худ кардан ва инкишофи донишу малакаҳои илмию амалӣ, таҳким ва рушди муносибати эҳтиёткоронаи инсон ба табиат ва равандҳои табиии муҳити зист равона карда шудааст;

фарҳанги экологӣ – низоми муносибатҳои иҷтимоӣ, меъёрҳои ҷамъиятию инфиродӣ, ки ба таъмини мавҷудияти мутавозини инсон ва муҳити зист равона шудаанд;».

3. Дар сархати ҳафтуми моддаи 2 ва матни моддаи 6 калимаи «ташкилотҳои» ба калимаи «иттиҳодияҳои» иваз карда шавад.

4. Аз матни моддаи 4 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.

5. Дар матни моддаи 5 калимаи «туризм» ба калимаи «сайёҳӣ» иваз карда шавад.

6. Дар матни моддаи 7 калимаҳои «системаи ягонаи таҳсилоти» ба калимаҳои «низоми маорифи» иваз карда шаванд.

7. Дар моддаи 8:

- ба сархати дуюми қисми 1 пас аз калимаи «умумӣ» калимаҳои «(ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ)» илова карда шаванд;

- дар қисми 2 калимаи «системаи» ба калимаи «низоми» иваз карда шавад.

8. Дар қисми 2 моддаи 9 калимаҳои «ташкилотҳои» ва «Салоҳияти ташкилотҳои» мувофиқан ба калимаҳои «иттиҳодияҳои» ва «Ҳуқуқ ва вазифаҳои иттиҳодияҳои» иваз карда шаванд.

9. Дар номи боби 3 калимаи «ИДОРАИ» ба калимаи «ИДОРАКУНИИ» иваз карда шавад.

10. Дар моддаи 11:

- дар сархати дуюм калимаҳои «таҳия ва амалӣ» ба калимаи «тасдиқ» иваз карда шаванд;

- дар сархати ҳафтум аломати нуқта ба нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.». 

11. Дар моддаи 12:

- дар ном ва муқаддимаи қисм калимаҳои «Салоҳияти» ва «салоҳияти» мувофиқан ба калимаҳои «Ваколатҳои» ва «ваколатҳои» иваз карда шаванд;

- дар сархати ҳаштум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;

- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.».

12. Дар ном, муқаддимаи қисми 1, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 13 калимаҳои «ташкилотҳои», «ташкилотҳои», «Ташкилотҳои» ва «Ташкилотҳо» мувофиқан ба калимаҳои «иттиҳодияҳои», «иттиҳодияҳои», «Иттиҳодияҳои» ва «Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2194

Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ»

 Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қа­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­рор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №66

 Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» қабул карда шавад.

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 28 майи соли 2025, № 124