ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҶАМЪОВАРӢ, НИГОҲДОРӢ ВА ИСТИФОДАБАРИИ ОҚИЛОНАИ ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ КОРАМ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» аз 1 августи соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 8, мод. 829) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- набототи корам – намуд, шакл ва навъи растанӣ, ки инсон барои истеҳсоли озуқаворӣ, ашёи хоми саноатӣ, хӯроки чорво, инчунин бо мақсадҳои ороишӣ парвариш менамояд;»;
- сархати бисту панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- корҳои ҷустуҷӯии биологӣ – маҷмуи чораҳо оид ба омӯзиш ва таҳлили шароиту хусусиятҳои захираҳои генетикӣ дар маҳалли сабзиши табиии онҳо бо мақсадҳои ҷамъоварӣ ва мукаммалгардонии коллексияҳои онҳо, нигоҳдории минбаъда дар шароити назоратшаванда ва истифодабарӣ дар корҳои илмию тадқиқотӣ, селексионӣ, таълимӣ ва фаъолияти дигари илмӣ.».
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Ба сархати дуюми моддаи 4 пас аз калимаи «таъмини» калимаҳои «ҷамъоварӣ ва» илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 8:
- дар сархати дуюм калимаи «нобудшавандаи» ба калимаҳои «зери хатари нестшавӣ қарордоштаи» иваз карда шавад;
- дар сархати ҳаштум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
5. Ба сархати якуми қисми 2 моддаи 9 пас аз калимаи «гиранд» калимаҳои «, дар мониторинги давлатии ҳолати гуногунии агробиологии маҳал ва баҳисобгирии ҷузъҳои онҳо иштирок намоянд» илова карда шаванд.
6. Дар қисми 2 моддаи 16 калимаҳои «фоидаи баробар дидан аз тиҷорати» ба калимаҳои «тақсимоти фоида аз фурӯши» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 1 моддаи 17 калимаи «ё» ба калимаҳои «гардидан ё ба амал омадани хатари» иваз карда шавад.
8. Дар ном ва матни моддаи 18 калимаи «нобудшавандаи» ба калимаҳои «зери хатари нестшавӣ қарордоштаи» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2195
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №67
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 25 июни соли 2025, № 149