https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»

03 окт 2025, 09:11
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 218; с. 2018, №1, мод. 21; с. 2020, №12, мод. 914; с. 2024, №1-2, мод. 19; с. 2025, №1, мод. 14) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 5 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: 

«- тасдиқи қоидаҳои ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зарар­овар;».

2. Моддаи 291 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 291. Ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зараровар

1. Ҳифзи кӯдак аз иттилооте, ки ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зарар мерасонанд, аз ҷумла маълумоти зараровари дар маҳсулоти иттилоотӣ мавҷудбуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Ба иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи кӯдак зараровар маҳсулоти ­иттилоотие дохил мешаванд, ки паҳн кардани онҳо дар байни кӯдакони синну соли муайян бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ мебошад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2196

 Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»

 Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қа­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­рор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №69

 Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул карда шавад.

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 7 майи соли 2025, №102