https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ»

03 окт 2025, 09:14
0

Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» аз 16 апрели соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 276; с. 2021, №1-2, мод. 16; с. 2022, №6, мод. 352) тағйироти зерин ворид карда шаванд: 

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 

«3. Муассисаҳои таълимӣ ба хатмкунандагони курсҳои бозомӯзӣ диплом ва ба хатмкунандагони дигар шаҳодатнома медиҳанд.»;

- дар қисми 4 калимаҳои «Шаҳодатнома (сертификат)-ҳо» ба калимаҳои «Диплом ва шаҳодатномаҳо» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2198

 Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»

 Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қа­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­рор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» ҷонибдорӣ карда шавад

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №71

 Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» қабул карда шавад.

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 11 июни соли 2025, № 134