https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ»

03 окт 2025, 09:20
0

Моддаи 1. Қисмҳои 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12 ва 13 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 2, мод. 51; с. 2005, № 12, мод. 630; с. 2006, № 12, мод. 541; с. 2008, № 6, мод. 460, № 12, қ. 2, мод. 1000; с. 2009, № 3, мод. 88; с. 2010, № 1, мод. 8, мод. 10, № 12, қ. 1, мод. 823; с. 2012, № 12, қ. 1, мод. 999; с. 2013, № 3, мод. 190; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 408; с. 2015, № 11, мод. 968, мод. 969, мод. 970; с. 2016, № 5, мод. 368; с. 2019, № 4-5, мод. 231; с. 2020, № 1, мод. 26, № 7-9, мод. 615; с. 2023, № 1-3, мод. 15, мод. 16, № 11, мод. 478) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд: 

«6. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо - ба андозаи 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ - ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои додани шаҳодатнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ­ҷамъиятӣ (азнавбақайдгирӣ) новобаста ба мақоми онҳо ва мақоми филиалу намоян­дагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ - ба андозаи 50 % боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирӣ ситонида мешавад;

6) барои бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ - ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

7) барои додани нусхаи тасдиқкардашуда (дубликат)-и шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ - ба андозаи 50 % боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст;

8) барои додани иқтибос аз Феҳрист дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва қатъи фаъолияти филиалу намояндагиҳои онҳо - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

9) барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии созишномаҳои консессионӣ - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

10) барои бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

11) барои бақайдгирии давлатии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

12) барои бақайдгирии бюрои адвокатӣ - ба андозаи 16 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

13) барои азнавбақайдгирии бюрои адвокатӣ - ба андозаи 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

14) барои барҳамдиҳии бюрои адвокатӣ - ба андозаи 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

15) барои бақайдгирии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

16) барои азнавбақайдгирии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

17) барои барҳамдиҳии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

18) барои бақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

19) барои азнавбақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

20) барои барҳамдиҳии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

21) барои бақайдгирии кабинети адвокатӣ - ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

22) барои азнавбақайдгирии кабинети адвокатӣ - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

23) барои барҳамдиҳии кабинети адвокатӣ - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо; 

24) барои ворид намудан ба Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ - ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо; 

25) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи адвокатӣ - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

26) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатӣ - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

27) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

28) барои додани нусхаи тасдиқкардашуда (дубликат)-и шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилотҳои адвокатӣ - ба андозаи 50% боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ  карда шудааст.

7. Барои анҷом додани амалиётҳои нотариалӣ боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардан (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра)-и молу мулки ғайриманқул ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулки ғайриманқул (ҳавлиҳои истиқоматӣ, хонаҳо, бӯстонсаройҳо, иншоот ва молу мулки дигари ғайриманқул ё қисми онҳо), ба истиснои ниҳолҳои бисёрсола ва молу мулки ғайриманқули дигаре, ки тасдиқи он тибқи банди 7) қисми мазкур ба амал бароварда мешавад, барои як метри мураббаи масоҳати умумӣ ба андозаи:

а) барои фарзандон, аз ҷумла фарзандхондшудагон, ҳамсар, падару модар дар:

- шаҳри Душанбе - 20 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳри Хуҷанд - 14% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ - 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳрҳо ва шаҳракҳои дигар - 4 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- деҳот - 2 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

б) барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ дар:

- шаҳри Душанбе - 40 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳри Хуҷанд - 30 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ - 20 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳрҳо ва шаҳракҳои дигар - 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- деҳот - 4 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

в) барои шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар:

- шаҳри Душанбе - 80 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳри Хуҷанд - 60 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ - 40 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳрҳо ва шаҳракҳои дигар - 20 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- деҳот - 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои тасдиқи шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардан (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра)-и воситаҳои нақлиёт ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои тасдиқи шартномаҳои гарав - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои тасдиқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои тасдиқи шартномаҳои иҷора ва қарз ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

6) барои тасдиқи шартномаҳои замонат - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

7) барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки мавзуи онҳо нархгузорӣ карда намешавад - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки мавзуи онҳо нархгузорӣ карда мешавад, ба истиснои банди 4) ҳамин қисм - ба андозаи 2 % аз маблағи шартнома, вале на кам аз 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

8) барои тасдиқи васиятномаҳо - 40% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

9) барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият - ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

10) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос, ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки дар банди 1) қисми мазкур пешбинӣ шудаанд:

 ба меросхӯрони навбати аввал - 1% аз маблағи арзиши молу мулки меросӣ;

 ба меросхӯрони навбати дуюм - 2% аз маблағи арзиши молу мулки меросӣ;

 ба меросхӯрони навбати сеюм - 3% аз маблағи арзиши молу мулки меросӣ;

 ба меросхӯрони дигар - 4 % аз маблағи арзиши молу мулки меросӣ;

11) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос нисбати молу мулки дар хориҷабуда, ҳангоми муайян намудани арзиши ниҳоии молу мулки мерос, ки пардохти он бояд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад:

 барои меросхӯрони навбати аввал - 2% аз маблағи арзиши молу мулки меросӣ;

 барои меросхӯрони навбати дуюм - 3% аз маблағи арзиши молу мулки меросӣ;

 барои меросхӯрони навбати сеюм - 4%  аз маблағи арзиши молу мулки меросӣ;

 барои меросхӯрони дигар - 6% аз маблағи арзиши молу мулки меросӣ;

12) барои чорабиниҳо оид ба ҳифзи молу мулки меросӣ - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

13) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории молу мулк (ба истиснои банди 14) ҳамин қисм):

барои фарзандон, аз ҷумла барои фарзандхондшудагон, ҳамсар, падару модар - 50% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

барои шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

14) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ:

 барои фарзандон, аз ҷумла барои фарзандхондшудагон, ҳамсар, падару модар - 50% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

 барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

 барои шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои ҳуқуқи ихтиёрдории онҳо - ба андозаи сикаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

15) барои тасдиқи уҳдадориҳо, розигиҳо ва ваколатномаҳои дигар - 40% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

16) барои тасдиқи саҳеҳии тарҷумаи ҳуҷҷат аз як забон ба забони дигар - 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як саҳифаи ҳуҷҷати тарҷумашуда;

17) барои баёни эътироз оид ба пардохт нашудани вексел, ғайриаксепт будани он, набудани санаи аксепт ва барои тасдиқи напардохтани чек - 2% аз маблағи пардохтнагардида;

18) барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо - 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

19) барои дурустии тасдиқи нусхаи ҳуҷҷатҳо, ки дар парвандаҳои идораҳои нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳамчунин иқтибоси ҳуҷҷатҳо - 4% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои нусхабардории ҳар як саҳифаи ҳуҷҷат ё иқтибос аз он;

20) барои тасдиқи дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои дигар ва барои тасдиқи иқтибоси ҳуҷҷатҳо (ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 19) ҳамин қисм пешбинишуда) - 4% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як саҳифа;

21) барои тасдиқи аслияти имзо:

дар ариза ва ҳуҷҷатҳои дигар (ба истиснои варақаҳои бонкӣ) - 6% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

дар варақаҳои бонкӣ (барои ҳар як имзо ба ҳар як варақа) - 6% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

22) барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи молу мулк, ки дар моликияти умумии зану шавҳар қарор дошта, дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, аз ҷумла барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дар ҳолати вафот кардани яке аз ҳамсарон - 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

23) барои додани нусхаи тасдиқкардашуда (дубликат)-и такрории ҳуҷҷатҳое, ки дар идораи нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешавад - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

24) барои тасдиқ кардани шартномаи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқул ва молу мулки дигари бақайдгирифташаванда, ки ба воситаи музояда (тендер) фурӯхта мешавад - ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

25) барои ба ҷо овардани навиштаҷоти иҷроия - 6% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

26) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҳаёт будани шахс (шаҳрванд) - 40% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

27) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҷойи муайян будани шахс (шаҳрванд) - 40% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

28) барои додани шаҳодатнома дар бораи айнияти воқеии шахс (шаҳрванд) бо шахс (шаҳрванд)-и дар сурат аксёфта - 40% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо; 

29) барои тасдиқи вақти додани ҳуҷҷатҳо - 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

30) барои бурда дастрас кардани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ - 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

31) барои қабули маблағ ва коғази қиматнок ба амонат (депозит) - 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

32) барои таъмини далелҳо – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

33) барои тасдиқи дигар амалиёт - ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

8. Барои амалиёти нотариалие, ки берун аз бинои идораи нотариалӣ ба ҷо оварда мешавад, боҷи давлатӣ ба андозаи чоркаратаи меъёри муқарраргардида ситонида шуда, инчунин хароҷоти воқеан анҷомдода, ки ба сафар ба маҳалли ба ҷо овардани ин амалиётҳо вобаста аст, пардохта мешавад.

9. Аз рӯйи шартномаҳои ивази молу мулки ғайриманқуле, ки дар банди 1) қисми 7 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, андозаи боҷи давлатӣ аз масоҳати ҳамон молу мулки ғайриманқуле муайян карда мешавад, ки масоҳати умумии он зиёд мебошад. Ҳамзамон, барои ситонидани боҷи давлатӣ меъёрҳое татбиқ карда мешаванд, ки барои маҳалли тасдиқгардидаи шартномаи иваз муқаррар шудаанд.

10. Барои ҳисоб намудани андозаи боҷи давлатӣ ҷиҳати додани шаҳодатномаи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ба истиснои молу мулки дар банди 1) қисми 7 ҳамин модда пешбинишуда, арзиши ҳамин молу мулкро нархгузор муайян мекунад.

11. Барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ки мавзуи онҳо нархгузорӣ карда намешавад - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

12. Ҳангоми тасдиқи аҳдҳо, ки бо асъори хориҷӣ ҳисобу китоб карда мешаванд, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки асъори хориҷӣ мавзуи мерос мебошад, андозаи боҷи давлатӣ бо асъори миллӣ бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи пардохти боҷи давлатӣ амал мекунад, ҳисоб карда мешавад.

13. Барои анҷом додани амалиёт оид ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва амалиёти дигар вобаста ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии бастани ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ:

- дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- дар асоси ҳалномаи суд - ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои ворид намудани ислоҳот, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи таваллуд, ақди никоҳ, бекор кардани никоҳ ва вафот - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои додани шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ - ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар - ба андозаи 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур 1 моҳ пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2199

 Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

 Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қа­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­рор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №73

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» 

 Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» қабул карда шавад. 

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 25 июни соли 2025, № 147