https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ САВДОИ ХОРИҶӢ»

03 окт 2025, 09:21
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» аз 3 июли соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 7, мод. 696; с. 2015, № 7-9, мод. 703;  с. 2022, № 1, 2-3, мод. 21) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддима, қисми 1 моддаи 7 ва қисми 2 моддаи 50 калимаи «ӯҳдадориҳои» ба калимаи «уҳдадориҳои» иваз карда шавад. 

2. Дар моддаи 2: 

- дар сархати ҳафтум ва минбаъд дар матни қонун калимаҳои «қаламрави», «қаламравҳо» ва «қаламрав» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди», «ҳудудҳо» ва «ҳудуд» иваз карда шаванд; 

- аз сархати ҳаштум калимаи «(ғайриавтоматӣ)» хориҷ карда шавад;

- сархати нуҳум хориҷ карда шавад;

- дар сархати ёздаҳум калимаи «мамнӯот» ба калимаи «мамнуият» иваз карда шавад.

3. Аз ном ва муқаддимаи қисми 1 моддаи 5 калимаи «асосии» хориҷ карда шавад. 

4. Дар моддаи 9:

- сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- иштирок дар амалисозии сиёсати ягона дар соҳаи фаъолияти савдои хориҷӣ;»;

- дар сархати ҳафтум калимаи «анҷоми» ба калимаҳои «амалӣ намудани» иваз карда шавад.

5. Дар қисми 2 моддаи 15 калимаи «хизматҳои» ба калимаи «хизматрасониҳои» иваз карда шавад.

6. Дар қисми 1 моддаи 17 пас аз калимаи «агар» калимаи «тибқи» илова ва калимаи «бошад» ба калимаи «шавад» иваз карда шаванд.

7. Дар матни моддаи 18 ва минбаъд дар матни қонун калимаҳои «мӯҳлати», «Мӯҳлати» ва «мӯҳлат» мувофиқан ба калимаҳои «муҳлати», «Муҳлати» ва «муҳлат» иваз карда шаванд. 

8. Ба матни моддаи 22 пас аз калимаи «мазкур» калимаҳои «ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд. 

9. Дар қисми 3 моддаи 25:

- ба муқаддима пас аз калимаи «мол» калимаи «метавонад» илова карда шавад; 

- дар сархати якум ва минбаъд дар матни қонун калимаи «мавҷудоти» ба калимаи «организмҳои» иваз карда шавад.   

10. Моддаи 29 хориҷ карда шавад. 

11. Дар қисми 1 моддаи 31 калимаҳои «мавҷудоти зараровар» ба калимаҳои «организмҳои зараррасон» иваз карда шаванд.  

12. Дар қисми 2 моддаи 32 калимаҳои «масолеҳи борбандӣ» ба калимаи «борпеч» иваз карда шаванд. 

13. Дар қисми 2 моддаи 33 калимаҳои «хизмат расонида метавонад» ба калимаҳои «метавонад хизматрасониро пешниҳод намояд» иваз карда шаванд. 

14. Дар қисми 2 моддаи 35 калимаи «мӯътадили» ба калимаи «муътадили» иваз карда шавад. 

15. Ба қисми 1 моддаи 54 пас аз калимаи «арбитражи» калимаҳои «байналмилалии тиҷоратии» илова карда шаванд.  

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2200

 Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ»

 Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қа­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­рор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №74

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ»

 Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» қабул карда шавад.

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 30 июни соли 2025, № 158