https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ»

03 окт 2025, 09:23
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» аз 15 марти соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиқистон, с. 2023, №1-3, мод. 17) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддима калимаи «таъсис» ба калимаи «омода» иваз карда шавад.

2. Дар моддаи 1:

- дар банди 2) калимаи «табодули» ба калимаи «мубодилаи» иваз карда шавад;

- аз бандҳои 4) ва 5) калимаи «мутақобилаи» хориҷ карда шавад;

- аз банди 7) калимаҳои «(муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ)» хориҷ карда шаванд;

- дар банди 8) калимаи «муомилоти» ба калимаи «гардиши» иваз карда шавад;

- дар банди 13) калимаи «рақамӣ» ба калимаи «ҳифзшуда» иваз карда шавад;

- дар банди 14) калимаҳои «системаи сертификатонӣ ҷиҳати тасдиқи ба талаботи муқарраргардида мутобиқ будани воситаҳои имзои электронии рақамӣ» ба калимаҳои «низоми сертификатсиякунонӣ барои тасдиқи мувофиқати воситаҳои имзои электронии ҳифзшуда ба талаботи муқарраршуда» иваз карда шаванд;

- дар банди 16) калимаҳои «ҳифзшударо» ва «ҳифзшуда» мувофиқан ба калимаҳои «мукаммалро» ва «мукаммал» иваз карда шаванд;

- дар банди 17) калимаи «мусбии» ба калимаи «мусбати» иваз карда шавад;

- дар банди 21) калимаҳои «ҳуқуқи» ва «шаҳодатномаи бақайдгирӣ (дорандаи шаҳодатнома)» мувофиқан ба калимаҳои «ҳуқуқҳои дахлдор барои» ва «иҷозатномаи дахлдор» иваз карда шаванд;

- дар банди 23) калимаҳои «маҷмуи ҳуҷҷатҳои электронӣ» ба калимаҳои «ҳуҷҷатҳои электронии бойгонӣ» иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 6:

- ба банди 4) пас аз калимаи «тасдиқи» калимаҳои «Низомномаи маркази тасдиқкунандаи решавӣ ва» илова карда шаванд;

- дар банди 10) калимаи «иҷозатномадиҳӣ» ба калимаи «иҷозатдиҳӣ» иваз карда шавад.

4. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 9. Ҳуҷҷати электронии ҳифзшудаи аслӣ

Ҳуҷҷати электронии ҳифзшудаи аслӣ танҳо дар шакли электронӣ, ки бо имзои электронии ҳифзшуда имзо шудааст, эътироф карда мешавад.»

5. Ба қисми 1 моддаи 12 пас аз калимаи «ҷониби» калимаҳои «мақомоти давлатӣ ва» илова карда шаванд.

6. Ба банди 3) қисми 2 моддаи 24 пеш аз калимаи «насаб» калимаҳои  «рақами ягона ва дар сурати набудани он» илова карда шаванд.

7. Дар моддаи 30 қисми 3 хориҷ карда шуда, қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.

8. Аз қисми 1 моддаи 31 калимаи «ҳифзи» хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал карор дода шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2201

 Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ»

 Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қа­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­рор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №76

 Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул карда шавад.

 Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 30 июни соли 2025, № 154