Баррасии гузариш ба иқтисоди давравӣ аз ҷониби вакилони парлумонҳои Осиёи Марказӣ
13-уми октябри соли 2025 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Амирзода, Фирдавс Саидзода ва Насрулло Ҳасанзода дар муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ оид ба иқтисодиёти давравӣ ва истеъмолу истеҳсоли устувор, ки аз ҷониби барномаи SWITCH-Asia Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии муҳити зисти Осиёи Марказӣ (CAREC) дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Ҳадафи муколама таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва иштироки парламентӣ дар пешбурди принсипҳои иқтисодиёти давраӣ ҳамчун воситаи калидии рушди устувор буд.
Зимни суханронӣ Ориф Амирзода иброз дошт, ки гузариш ба иқтисодиёти давраӣ на танҳо ташаббуси экологӣ, балки самти нави иқтисодӣ буда, имкониятҳоро барои навоварӣ, шуғли аҳолӣ ва рушди устувор фароҳам меорад. «Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар «Стратегияи миллии идоракунии партовҳо барои то соли 2035» ва барномаи рушди миёнамуҳлат барои солҳои 2026 - 2030 таҳия шуда истодааст, ки унсурҳои иқтисодиёти давраӣ - истеҳсолу истеъмоли устувор, бозистифодабарии захираҳо ва рушди технологияҳои «сабз»-ро дар бар мегиранд»,- гуфт вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рафти мулоқот вакилони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ пешрафтҳои миллӣ дар самти иқтисодиёти давравиро баррасӣ намуда, мубодилаи таҷрибаи қонунгузориро зарур шумуриданд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:





