https://sadoimardum.tj

Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо Татяна Москалкова

№:122 (5018) 13 окт 2025, 15:58
0

9-уми октябри соли 2025 Раиси Маҷлиси ­намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия хонум ­Татяна Москалкова мулоқот намуд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Федератсияи Россияро, ки дар заминаи шарикии судманди дуҷониба ва муносибатҳои дӯстонаи таърихӣ ташаккул ёфтааст, муҳим арзёбӣ менамояд. Бо ташаккули пойгоҳи васеи ҳуқуқии байналмилалӣ, ки зиёда аз 300 санади байнидавлатиро миёни Тоҷикистону Россия дар бар мегирад, имкони ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар самти ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ба вуҷуд омадааст.

- Пояи ин муносибатҳо зиёда аз бист сол аст, ки тавассути иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаи сарони давлатҳоямон - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин гузошта шудааст, - иброз дошт Файзалӣ Идизода.

Зикр шуд, ки Маҷлиси намояндагон ба рушди муносибатҳои гуманитарӣ байни кишварҳоямон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, муколамаи доимӣ ва ҳамкории судманду созанда бо Думаи давлатии Федератсияи Россия ва гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷонибҳо, инчунин, оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: