Иштироки Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи маҷозии роҳбарони парламентҳои кишварҳо - аъзои гурӯҳи дӯстони бетараф
8-уми октябри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи маҷозии (онлайнӣ) роҳбарони парламентҳои кишварҳо - аъзои Гурӯҳи дӯстони бетараф барои сулҳ, амният ва рушди устувор иштирок ва суханронӣ намуд.
Файзалӣ Идизода зимни суханронӣ зикр намуд, ки шомил шудани кишвари мо (моҳи сентябри соли 2025) дар қатори 26 давлати дигар ба ин гурӯҳ рӯйдоди муҳим буда, дар равобити бисёрҷонибаи кишварҳоямон нақши мусбат хоҳад дошт.
- Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, дар асоси меъёрҳо ва принсипҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ сиёсати «дарҳои кушод»-ро, ки аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, пайгирӣ ва кӯшиш менамояд, ки бо ҳамаи кишварҳо сиёсати сулҳҷӯёна ва беғаразонаро пеш барад, - иброз дошт Раиси Маҷлиси намояндагон.
Иброз гардид, ки тибқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо ҳамеша омода аст, ки муносибатҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои мутақобилан муфид, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо тамоми давлатҳои дуру наздик ба роҳ монад ва тақвият бахшад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, афзуд, ки ҷомеаи байналмилалӣ дар асоси банди 4 моддаи 2 Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар он истифода ё таҳдиди истифодаи неруи зӯроварӣ бар зидди якпорчагии ҳудудӣ ё истиқлолияти сиёсӣ манъ шудааст, бетарафиро ҳамчун пояи таъмини сулҳ, амният ва эҳтиром ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона эътироф кардааст. «Аз ҳамин ҷост, ки мо - иштирокчиёни гурӯҳ ҳамчун намояндагони халқҳои худ, вазифадорем сиёсати сулҳомез, дипломатияи парламентиро чунон пешниҳод намоем, ки ба коҳиши танишҳо, рушди ҷомеаҳои фарогир ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намояд. Дар ин замина, Гурӯҳи дӯстони бетараф метавонад дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ, муҳите, ки дар он дипломатия, махсусан, дипломатияи парламентӣ, эҳтиром ба соҳибихтиёрии давлатӣ ва тафоҳуми мутақобила ба унвони механизмҳои таъсири воқеӣ баромад мекунанд, нақши калидӣ бозад», - гуфт Файзалӣ Идизода.
Ҳамзамон, таъсиси барномаҳои муштараки таълимӣ, баргузор намудани мулоқотҳои сатҳи баланд, ки ба таҳкими фарҳанги сулҳ дар миёни ҷавонон равона шудаанд, муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин дигар маводҳо:





