Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ бо Беларус
8-уми октябри соли 2025 ҳайати гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммад Шоҳиён бо ҳайати Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус тариқи маҷозӣ мулоқот намуданд.
Шермуҳаммад Шоҳиён оид ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҳарду кишвар, бахусус, ҳамкориҳои байнипарламентӣ давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварҳоямон ибрози андеша намуда, зикр кард, ки бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишварҳоямон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳарду давлат рушду густариш ёфта, асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Беларус давоми зиёда аз 30 соли охир хеле мустаҳкам гардидааст.
Ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Беларус дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, хоҷагии қишлоқ, рушди технологияи зеҳнӣ ва навовариҳои техникӣ, амният, маориф, фарҳангу гуманитарӣ назаррас арзёбӣ гардид.
Изҳори итминон шуд, ки муносибатҳои байнипарламентии ҳарду кишвари дӯсту бародар дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра минбаъд низ рушду таҳким хоҳад ёфт.
Табодули таҷриба ва сафарҳои расмии ҳайатҳо ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус муҳим арзёбӣ гардид.
Ф. Наҷмиддиниён,
мудири шуъбаи матбуоти
Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:





