Муҷибахон Ҷавҳарӣ муовини раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб шуд
Тавре хабар дода будем, зимни ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки аз 8 то 10-уми октябри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҷибахон Ҷавҳарӣ муовини раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб шуд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок ва суханронӣ намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ, тавсеаи заминаҳои қонунгузорӣ ва таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷаласа оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ мубодилаи афкор низ сурат гирифт.
Ҳамчунин дигар маводҳо:





