Дидгоҳ

Интернет на танҳо ривоҷбахшандаи ақлу заковат аст, балки…

№110 (3590) 23.08.2016

ИнтернетЧанд сол аст, ки аҳолии Тоҷикистон дар қатори аҳолии дигар давлатҳои ҷаҳон ба интернет дастрасӣ доранд. Бояд гуфт, ки интернет аз лиҳози фарогирии ахбору маълумоти гуногунғоя ҳамто надорад. Ин аст, ки интернетро баробари шабакаи ҷаҳонӣ унвон кардан, инчунин ба ҳайси тори анкабути умумиҷаҳонӣ ном мебаранд ва ҳамзамон, таъсири онро дар ташаккули ҳамаҷонибаи инсон басо бузург маънидод мекунанд. Интернет на танҳо ривоҷбахшандаи ақлу заковати башарист, балки дар самти падидории намунаи қолабҳои муайяни зоҳирсозии рафтори иҷтимоӣ ва муносибатҳои байниҳамӣ саҳмгузор аст.

Бо истифодаи оқилона аз он кас метавонад фаҳмиши хешро перомуни талаботи қонунгузориҳо сайқал ва вусъати тоза бахшад. Ҳамчунин, ин шабака дар доираи афзалиятҳои беназири худ ба истифодабаранда имкон медиҳад, ки на танҳо аз захираи мавҷудаи донишҳои рўзмарра ва илмӣ тавассути он баҳравар шаванд, балки ба воситаи ворид шудан ба фазои муоширати интернетӣ тариқи чат ва ҳамоишҳо, форум ба дилхоҳ суолҳои хеш, алалхусус мутааллиқ ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ посухҳои фаврӣ гиранд. Ба ибораи дигар, интернет ба ғояти имкони муоширатро фароҳам оварданаш муҳити иҷтимоиест, ки насли наврас аз он меъёру намунаҳои амалро аз худ карда, туфайлаш дар ин ё он вазъият шахсияти худро муайян месозанд. Бартарии аввалиндараҷа ва аз ҳама асосии интернет воситаи комплексии иттилоот ба шумор рафтан аст.

Тибқи маълумоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 дар мамлакат шумораи умумии истифодабарандагони интернет назар ба чанд соли пеш коҳиш ёфтааст ва айни ҳол 2,8 млн. нафарро ташкил мекунад. Аз ин шумора фоизи нисбатан камро наврасон ташкил мекунанд. Интизор меравад, ки солҳои наздик баробари иҷрошавии талаботи барнома оид ба пайвасткунии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабакаи интернет теъдоди истифодабарандагони ин шабака аз миёни наврасони кишвар ду — се баробар зиёд хоҳад гашт. Айни замон танҳо қисми ками наврасон, дастрасӣ ба интернетро аз тариқи компютерҳои хонагии хеш доранд. Қисми зиёди онҳо бо ташриф овардан ба интернет-кафеҳо ва ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ ба он дастрасӣ пайдо мекунанд. Албатта, ин хуб аст, ки бачаҳои замони мо бештар рў ба воситаҳои навтарини иттилоотрасон меоранду кўшиши гирифтани дониш мекунанд, аммо ин ҷо савол ба миён меояд, ки асосан ба кадом ваҷҳу ҳадаф  онҳо вориди фазои интернетӣ мешаванд? Дар иртибот ба ин суол таҳлилҳо ва суҳбатҳои мо бо чанде аз наврасони хурдсол аён сохт, ки омили асосии ҷалбкунандаи аксари наврасон ба фазои интернетӣ, ин машғул шудан ба бозиҳои компютерӣ ва ба гунаи хоси худ ҳаловат бурдан аз онҳо мебошад. Вале дар асл ин бозиҳо барои рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии толибилмон заррае суд надорад, баръакс соатҳои тўлонӣ машғули бозиҳои компютерӣ шудани бачаҳо аз як тараф, боиси тадриҷан аз онҳо вобастагии рўҳӣ пайдо карданашон шавад, аз сўи дигар, сабаби қафомонии камолоти наврасон мегардад. Ҳамзамон бо ин, бозиҳои электронӣ бинобар саҳнаҳои ҳарбу зарб ва қатлу кушторро фарогир будан аз эҳтимол дур нест, ки ба ҷараёни тарбияи ахлоқӣ — ҳуқуқии насли наврас низ халали ҷиддиву ислоҳнопазир ворид созанд. Қисмати дигари ҷавонону наврасон бештари вақти худро дар ин шабакаи ҷаҳонӣ баҳри анҷом додани муошират бо ёру дўстон ё ирсоли нома ба суроғаи электронии ҳамдигар ва ё баъзан ҷиҳати дарёфти ошноҳои нав мегузаронанд. Аз ин бармеояд, теъдоди хеле ками мактабиён пайи дарёфти иттилоот, ки он ҳам вобаста аз хусусиятҳои зоҳиршавии шавқу ҳавас дар ин синну сол на ҳамеша солиму муфид аст, вориди интернет мегарданд. Ҳол он ки шабакаи мазкур чун маҳсули дунёи воқеӣ, дунёест дуқутба, яъне дар радифи бисёр ҷиҳатҳои мусбат доштан, инчунин дар он инъикоси тарафҳои манфии ҳаёти иҷтимоӣ низ кам нестанд. Аз ин рў, бо дарназардошти он ки табиатан ҳар чизи хубро боз ҷиҳатҳои бад дар бар аст, субъектҳои тарбияро мебояд, ки дар баробари донистани аҳамияти интернет дар тарбияи насли наврас, инчунин аз ноҷуриҳо дар ин самт воқиф бошанд.

Истифодаи сомонаҳои шиносоӣ бо ашхоси бегона низ барои наврасони ноогоҳ аз хатар орӣ нестанд. Маҳз ҳамин гуна сомонаҳоанд, ки наврасон бо ворид шудан ба онҳо ва ё дар доираи чатҳо метавонанд бо гурўҳҳо ва ё афроди ифротгаро ё намояндагони дигар гурўҳу равияи зиддииҷтимоидошта шиносоӣ пайдо карда, оқибат ба доми фиреби онҳо гирифтор мешаванд. Илова бар ин, ба сифати таъсироти манфии интернет боз дар чаҳорчўби он вуҷуд доранд сомонаҳое, ки ғайр аз табоҳкунандаи солимии равониву ҷисмонии кас будан, инчунин вайронкунандаи ахлоқи ҷомеа ва барангезандаи ҷиноят мебошанд.

Ташвишовар он аст, ки дар интернет сомонаҳои тарғибгари аъмоли номатлуб, аз қабили қаллобӣ, дуздӣ, фосиқӣ, экстремизму худкушӣ, майнўшиву нашъакашӣ, тарзи тайёр кардани маводи тарканда дар шароити хона ва дигар иттилооти дурўғу ғайришаръӣ мавҷуданд, ки дар ҳолати беназорат гузоштани нав­расон дар фазои шабака метавонанд ба зеҳни ҳанўз дар «ҳукми гул» қарор доштаашон таъсири басо харобиовару ҷуброннопазир расонанд.

Бинобар ин, хуб мебуд агар интернетпровайдерҳои кишвар дар пайравӣ ба ширкатҳои Федератсияи Россия пешниҳоди хизматрасониро дар шакли «Интернети бачагона», ки ҳама иттилоот пешакӣ санҷидашудаву лоиқи истифодаи кўдакон аст, ба роҳ мемонданд. Аммо то замони пайдоиши чунин шакли хизматрасониҳо падару модаронро зарур аст, ки ба фарзандон тарзи дурусти истифодаву безарар бардошт карданро аз захираҳои шабакаи ҷаҳонӣ омўзонанд. Ҳамзамон, волидон бояд аз он иттилоъ, ки фарзандон ба воситаи интернет ба даст меоранд, ҳамвора воқиф бошанд. Бисёр хуб мешуд, ки дар ҳоли пайваста ривоҷёбии дастовардҳои техникии иттилоърасон падару модарон дар доираи имкон барои маҳдуд сохтани баъзе сомонаҳои ғайриахлоқии интернетӣ ва ҳамзамон, шабакаҳои телевизионӣ бештар аз усулҳои филтрӣ истифода намоянд.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»