Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Луғатномаи боарзишу бесобиқаи мусиқӣ

№51 (4791) 24.04.2024

Профессор Ҷӯрахон Обид­пурро ҳамчун мутахассиси варзидаи созҳои мусиқии халқии тоҷик мешиносем. Ӯ дар ин ҷода яке аз устодони барҷастаю варзида мебошад. Мавсуф соҳибмактаб буда, аввалин дастури таълимии «Дарси рубоб»-ро бо забони тоҷикӣ дар заминаи матолиби тоҷикӣ навишт. Китоби мазкур соли 1969 бо теъдоди 3000 нусха чоп шуд ва тӯли 13 сол дастури ягонаи таълимӣ барои кулли созҳои миллӣ буд. Дастури мазкур соли 2023 бори чорум бознашр гардид ва имрӯз низ китоби рӯимизии омӯзгорон ва хонандагони макотиби мусиқӣ мебошад.

Қаҳрамони матлаб дар инкишофи ­санъати навозандагӣ ва тарбияи мутахассисони созҳои миллӣ яке аз омӯзгорони барҷаста маҳсуб меёбад. Нахустин профессори соҳа аст, ки 32 шогирд тайёр намудааст. Аз ҷумла, 11 шогирди ӯ дар озмунҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявии навозандагони созҳои халқӣ иштирок карда, лауреату дип­ломант гаштаанд. Инҳо Ф. Файзуллоев, Х. Улмасов, А. Матхолов, А. Нурмуҳаммадов, Ҷ. Каримов, Г. Санакбарова, Ш. Мирзоева ва дигарон мебошанд.

Ҳамчунин, профессор Ҷ. Обидпур муаллифи зиёда аз 30 китоби дарсӣ, дастуру барномаҳои таълимӣ, маҷмӯаҳо ва хрес­томатия буда, 4 китоби дарсӣ, 4 монография аз ҷумлаи онҳоянд. Дастурҳои таълимии дигари ӯ, аз қабили «Чаманоро», «Савтҳои борбадӣ», «Этюдҳои хушоҳанг», «Гулбонги рубоб», «Хрестоматия» репертуари созҳои халқиро ғанӣ гардонда, дастраси толибилмон гаштаанд.

Зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва энсиклопедии Ҷ. Обидпур, ки дар онҳо ин ё он масъалаи мубрами соҳа баррасӣ шудаанд, хеле ҷолибу хонданбобанд.

Яке аз паҳлуҳои дигари фаъолияти эҷодии Обидпур оҳангсозӣ аст. Мавсуф дар ин самт ба жанри суруд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Ӯ зиёда аз сад суруд бо ҷӯршавии ансамбли созҳои миллӣ, эстрадӣ, ду сюитаи овозию рақсӣ ду фантазия барои рубоб бо ҷӯршавии фортепиано (бо ҳамкории К. Тушинок), се пйеса барои ансамбли рубобнавозон ва зиёда аз сад суруду хорҳои бачагона эҷод намудааст. Сурудҳои барои кӯдакони синни томактабии Ҷ. Обидпур дар маҷмӯаҳои «Боғчаи мо», «Шоди дил» ва маҷмӯи суруду хорҳо барои мактаббачагон таҳти унвони «Ману тарона» чоп шудаанд.

Сурудҳои эҷодкардаи композитор Ҷ. Обидпур аз ҷониби сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ Нигина Рауфова, Нуқра Раҳматова, Мастона Эргашова, Сурайё Қосимова, Давлатманд Холов, Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Маърифат Ҳамроқулова, Бурҳон Маҳмадқулов, Хурмо Ширинова, Акбар Мирраҷабов, Дона Баҳромов ва чанд тани дигар иҷро гардидаанд ва бештар аз 50 суруди ӯ дар фонди тиллоии Радиои Тоҷикистон маҳфузанд.

Ҳунари дирижёрии Ҷӯрахон Обидпур дар китоби Н. Ҳалимов «Соҳибҳунар» тавсиф шудааст. Мавсуф беш аз сад асари композиторони гуногунро барои оркестри созҳои халқии тоҷикӣ таҳия ва табдил дода, партитура намудааст. 26 суруду пйесаҳои гуногунҳаҷмро бо оркестри давлатии созҳои халқӣ дирижёрӣ ва сабт кардааст.

«Луғатномаи тафсирии истилоҳоти мусиқӣ»-и Ҷ. Обид­пур кори пурарзишу бесобиқа аст. То нашри луғатномаи мазкур омӯзгорону шогирдон аз луғатҳои русӣ истифода мебурданд ва гоҳе онҳоро нодуруст тарҷума мекарданд, чунки луғатномаи мукаммалу фарогири мусиқии касбию мардумӣ ба забони давлатӣ ба табъ нарасида буд.

Дар луғатномаи Ҷӯрахон Обидпур се вижагӣ мушоҳида мегардад:

1. Номҳои аслии жанрҳои мусиқӣ нигоҳ дошта шуда, тафсири дуруст ёфтаанд. Чунончӣ: опера, балет, симфония, консерт, увертюра, фантазия, прелюдия, оратория, кантата ва ғайра;

2. Аксари истилоҳоти мусиқӣ бо номҳои аслиашон зикр ёфта, маънии онҳо эзоҳ дода шудаанд. Чунончи: лад, аз олмонӣ – пардаи созу мақом, таналност, аз олмонӣ – сози пардаи мусиқӣ, ритм, аз юнонӣ – мутаносибӣ, мавзунӣ, алтератсия, аз лотинӣ – табдил додан ва ғайра.

3. Як қисми истилоҳот ва ибораҳои мусиқӣ дар луғатнома аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Чунончи: «обращение аккорда» — гардиши аккорд, «трезвучия» — сеовозагӣ, «музыковед» — мусиқишинос, «обращение интервала» — гардиши фосила, «подголосок» — овози ҷӯршаванда, «побочная партия» — партияи ғайриасосӣ ва амсоли инҳо.

Омӯзгорони мусиқии бисёр­овозаи касбӣ, ки бештар аз истилоҳоти мусиқии классикии Ғарб истифода мебаранд ва ҳар кас ба фаҳмиши худаш он истилоҳотро ба тоҷикӣ тарҷума мекарду аксаран ба хато роҳ медоданд. Масалан, ибораи русии «скрипичный ­ключ»-ро, ки тарҷумаи дурусташ «калиди скрипкавӣ» будааст, мо «калиди скрипка» мегуфтем. Тарзи дурусти тарҷумаи калидҳо, ки дар услуби нотанависӣ истифода мешавад, дар луғатнома нишон дода шудаанд: калиди скрипкавӣ, калиди басӣ, калиди алтӣ, калиди тенорӣ ва ғайра. Ё худ «диапазон» ва «интервал»-ро мо бо як маънӣ истифода мебурдем, ҳол он ки диапазон маънии дигар доштааст. Диапазон калимаи юнонӣ буда, фосилаи овози аз ҳама паст ва аз ҳама болои ҳофиз ё сози мусиқиро мегуфтаанд.

Мисоли дигар: ибораҳои русии «трёхголосный хор» ва «мажорное трезвучие»-ро як чиз – сеовоза мегуфтем, ҳол он ки ибораи аввал «хори сеовоза» ва «мажорное трезвучие» бошад, сеовозагии мажорӣ будааст. Ин гуна мисолҳо кам нестанд.

Ба андешаи банда, «Луғатномаи тафсирии истилоҳоти мусиқӣ» (нашри дуюм бо иловаҳои муаллиф, 2021) кори хайру пурарзиши муҳаққиқи шинохта, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад профессор Ҷӯрахон Обидпур барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ арзанда аст.

Наққош Олимов,

директори «Мактаби бачагонаи мусиқии №5 ба номи А. Шукӯҳӣ»-и раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе