Ҳамовозӣ ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Ислом либос наовардааст

№50 (4790) 22.04.2024

Таҳқиқот дар бахши либоси миллии қадимаи тоҷикон нишон медиҳад, ки сокинони кунунии Осиёи Марказӣ онро дар тан доранд. Як фарқияти либоси миллии тоҷикон аз халқҳои Аврупо доштани танбон — шалвор мебошад. Азбаски тоҷикон аввалин ромкунандаи асп дар ҳазораи чори пеш аз милод мебошанд, онҳо барои саворӣ танбонро ихтироъ карданд, ки панҷ ҳазор сол таърих дорад ва дигар халқҳо бо мурури замон онро аз мо қабул намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар мулоқот бо фаъо­лон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар бораи пӯшидани либоси миллӣ чунин таъкид карданд: «Ислом либос наовардааст ва ҳамаи миллатҳо ва қавму қабилаҳои ғайриарабӣ либоси миллии худ­ро ба шартҳои исломӣ мутобиқ карданду халос.

Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳанги худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои худро дорад, ки арзишҳои моддию маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шакли либоспӯшиаш шинохта мешавад. Модарону бонувони мо — тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебогӣ, рангорангӣ меъёрҳои ахлоқию эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос менамоянд».

 Дар ҳақиқат, либос инъикосгари таъриху фарҳанг ва хусусияти этникии миллат мебошад. Мардуми ориётабор аз қадим зебопараст буданд ва либоси ба тан шинам мепӯшиданд. Бонувон либосҳоро бо тиллобарг оро медоданд, бо риштаҳои абрешимии ранга гулдӯзӣ менамуданд. Ба ин гуфтаҳо либосҳои аз гӯристони Тиллотеппаи Бохтари замони Кӯшониён ёфта гувоҳӣ медиҳанд. Муҳаққиқони ҳафриёт В. Сарианидӣ ва А. Ятсенко менависанд, ки либоси занон аз шалвор, куртачаи домандор, куртаи остиндарози то пушти по ва болопӯш — кандиз иборат буд. Кандиз болопӯши пешкушодаест, ки дар китф гирифта мешуд. Куртаҳо бо ороиши парпарии амудӣ ва каме уфуқӣ омода мешуданд. Ороиши гулдӯзии гирди гардан ва сари остинҳо, ҳамчунин, пӯшидани мӯзаи нӯлаш тобхӯрдаи ба пушт моил ва бенӯл маъмул буд.1

Либоси маликаи кӯшонӣ, асри I п.м. аз гӯристони Тиллотеппа

Дар ноҳияи Фархор аз гӯристони деҳаи Иттифоқ бостоншинос Х. Муҳиддинов камзӯлчаи пахтагинеро кашф карда буд, ки дар пушти он бо торҳои симин (нуқра) дарахти ҳаёт ва дар шохи он паранда, ки паёмбари Худованд дониста мешуд, тасвир ёфтааст.2

Либоси мардонаи замони Кӯшониён аз гӯристони Тиллотеппа

Дар бораи либоси мардона аз тасвирҳои барҷастаи Холчиёни дар Чағониён ҳафриётнамудаи бостоншиносони ӯзбек бо сарварии Г.А. Пугаченкова ва Тиллотеппа маълумоти дақиқ пайдо менамоем. Тасвирҳои шоҳзодаҳои кӯшонии аз гӯрҳои Тиллотеппа пайдогашта дар тан куртаи гардантанг, аз болояш камзӯли кӯтоҳи дарозостини пешкушод, шалвори парпарӣ ва мӯзаи нӯлдори тобхӯрда доранд. Либосҳои рӯпӯш бо тиллобарг ороиш дода мешуданд ва хеле зебо буданд. Дар тасвирҳои барҷастаи аз ёдгории Холчиён ёфта шоҳзодагон ду намуд камзӯл ба бар доранд. Якум, камзӯли кӯтоҳи пешкушод, дуюм камзӯли як гиребондор, яъне гиребон тарафи дасти рост ба чап бо тугма пайвастшуда, ки синаро мепӯшонд. Пироҳани занон куртаҳои замони элленӣ мебошанд.

3Тасвири барҷастаи шоҳзодагони кӯшонӣ аз девори қасри Холчиён бо либоси миллӣ

Ҳамин тавр, бозёфтҳои археологӣ дар бораи сайри таърихии сарулибоси тоҷикон аз асри биринҷӣ то асрҳои миёна ва замони исломӣ тавассути миниатюраҳо то асри XVIII маълумот медиҳанд.

Имрӯз дар матбуот, радио ва телевизион дар бораи либоси миллӣ пӯшидани занҳо бештар ташвиқот мебаранд, аммо дар бораи либоси мардон сухане намегӯянд. Аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки куртаҳои имрӯзии занҳои аврупоӣ, аз ҷумла куртаҳои этнографии занҳои рус, аз қабили куртаи шабхоб, куртаҳои кӯтоҳдоман (юбка), дар миёни мардуми мо аз замонҳои қадим то омадани ислом дар истифода буданд. Либосҳо тарҳи бадани одамон, махсусан занҳоро инъикос менамуданд. Дар замони қадим на танҳо занҳои аврупоӣ, балки мардони онҳо низ шалвор надоштанд. Масалан, лашкари Искандар ва римиҳо бе танбон, яъне бе шалвор буданд ва шояд шалворро аз мо дар асри миёна қабул карда бошанд. Бинобар ин, пӯшидани либосҳои аврупоӣ аз ҷониби духтарони тоҷик ҷои тааҷҷуб ва маънии риоя накардани таомули миллиро надорад. Дар гузашта ниёгони мо ҳамин гуна мепӯшиданд ва куртаҳои кушоди қанормонанд маҳсули тахайюли таассубгароии исломӣ аст, на ислом. Имрӯз духтарони тоҷик бо ин куртаҳо мерақсанд, ки ҳеҷ зеб надоранд. Онҳо бо ҳукми таассубгароии исломӣ дӯхта шудаанд, ки тарҳи бадани занҳоро аз чашми мардони бегона пинҳон намоянд. Рақсидан бо чунин курта иштибоҳ аст. Рақс зебоӣ ва мавзуниро металабад.

Пӯшидани куртаҳо бо нақшҳои гулдӯзӣ ва чакан аз асри биринҷӣ то кунун идома дорад, зеро табиати мо рангоранг аст ва тарзи либоспӯшии одамон маҳсули табиат, муҳити ба воя расидаашон мебошад. Аз ин ҷост, ки мехоҳанд либосашон инъикоси табиати муҳиташон бошад. Аз ҳамин лиҳоз, мардуми мо матои сафедро бо риштаҳои рангоранг гулдӯзӣ менамоянд.

Имрӯз аксарияти мардон костюми дӯхти аврупоиро дар бар доранд, ки барои мо бегона нест. Костюми аврупоӣ ҳамон камзӯли тоҷикӣ мебошад, фақат аврупоиён гиребонҳои ба ду тараф чаппамешударо илова кардаанд. Палто ва плаш низ ҳамон камзӯли дароз ва яктаи болопӯши тоҷикӣ аст.

Дар гузашта дар оро додани мӯй низ бонувони тоҷик ҳамто надоштанд. Боз­ёфтҳои археологӣ нишон медиҳанд, ки танҳо дар Хутани замони Кӯшониён ва Ҳайтолиён 40 намуди ороиши мӯй вуҷуд дошт.4

Намудҳои тартиби мӯйи занон дар замони Кӯшониён

Ҳамин тавр, аз факту далелҳои таърихӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки миллати тоҷик фарҳанги либоспӯшӣ, аз ҷумла либоси миллии худ­ро дошт. Бо зуҳури ислом пайравони ин дин либосҳои миллии худро бо назардошти унсурҳои динию мазҳабӣ такмил дода мувофиқ гардониданд, вале тарҳҳои анъа­навии миллӣ дар либоспӯшӣ ҳифз гардид.

Сатру ҳиҷоб ва либосҳои имрӯзаи ба ном «мусалмонон» бошад, танҳо натиҷаи тахайюли мутаассибону ифротгароён аст, ки аз номи ислом эҷод кардаанд. Дар асл, дини ислом либоси хосаро тавсия надодааст. «Либоси хосаи исломӣ» танҳо офаридаи мутаассибону хурофотпарастон ва омили рушди тиҷорати соҳибкорону тоҷирони фаромиллӣ аст.

Бинобар ин, агар ҳар миллате, ки ба либоси миллиаш афзалият диҳад ва онро ба бар намояд, арзишҳои миллӣ, динӣ, эътиқодӣ ва мазҳабиаш низ ҳифз мешаванд ва дар баробари ин, ба чунин арзишҳои муқаддас эҳтироми махсус маҳсуб мегардад. Дар акси ҳол, мусоидат ба кори соҳибкорону тоҷирони муфтхӯр дониста мешавад.

Ю. ЯҚУБОВ,

доктори илми таърих, академик