Кадбонуҳои Душанбе — ғолиби озмуни «Кадбонуи беҳтарин»

№50 (4790) 22.04.2024

IMG_20240419_WA000518-уми апрели соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, доир шуд. Дар озмун меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ иштирок намуданд.

Ҳадаф аз ин чорабинӣ эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, ҳифзи суннатҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороии занон мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода ба ғолибони озмуни «Кадбонуи беҳтарин» сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Ҳамин тариқ, кадбонуҳои шаҳри Душанбе сазовори ҷои аввали озмун гардиданд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»